logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. АВЛАВИЯТ БА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ

 
Фаъолияти Муассисаи давлатии «Хона - интернати беморони рӯҳии ноҳияи Восеъ» бобати дар сатҳи зарурӣ расондани хизматҳои иҷтимоию тиббӣ таҳти назорати доимии кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дорад. 
Роҳбарияти агентӣ фаъолияти кории муассисаро мавриди муҳокима қарор дода, риояи меъёри хӯрок, техникаи бехатарӣ, таъминоти сарулибос, одоби муошират, вазъи таъминот бо доруворӣ, нигоҳдорӣ ва назорати муҳлати истифодабарии онҳо, истифодаи оқилонаи заминҳои хоҷагии ёрирасон, ҷамъоварӣ, захира ва истифодаи гиёҳҳои шифобахш, фаъолияти мунтазами кори «Фито - бар», вазъи риояи меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонро таҳти назоратӣ доимӣ қарор додааст.  
Бино ба гуфтаи директори муассиса Баҳриддин Шерматов, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба ифтихори сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмири роҳҳои дохилии муассиса ва гулкорию кабудизоркунӣ босуръат идома дорад. Дар ин кор тоҷирону соҳибкорони маҳаллӣ, фаъолону аҳли зиёи ноҳия ва ходимони дин фаъолона ширкат варзида истодаанд. 
Бо сабаби корношоям ва фарсуда гардидани қисме аз биноҳои шуъбаю анборҳо дару тирезаҳо рангубор гардида, аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Тамоми ҳуҷраҳо таъмир ва эҳтиёҷмандон бо воситаҳои техникӣ (аробаи маъюбӣ, асобағал, асоча, айнак) таъмин гардиданд.
Муассиса ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Аз рӯзи аввали пандемия даромадани шахсони бегона ба муассиса қатъиян манъ шудааст.  
Мавриди зикр аст, ки Хона - интернати беморони рӯҳии ноҳияи Восеъ соли 1956 мавриди амал қарор гирифта, барои 180 нафар пешбинӣ шудааст. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017 муассиса ба номгӯи муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дохил гардид. Айни замон дар муассиса 220 нафар будубош дорад.
Аз аввали сол бо роҳхати Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба муассиса 6 нафар барои будубоши доимӣ қабул шуд. Дар ҳамин давра 7 бошанда бо дархости волидонашон барои нигоҳубин дар хона ҷавоб шуд.
 Дар «Фито-Бар»-и муассиса 23 намуд гиёҳи шифобахши ватанӣ, ба монанди махмалак, тахач, барги лаблабу, садбарги сафед, садбарги сурх, шулха, пудина, барги зуф, арпомодиён, укроп, хуч, қоқу ва ғайраҳо ҷамъ оварда шудааст. Захираи гиёҳҳои шифобахш айни ҳол 256 килограммро ташкил медиҳад. 
Кумаки шахсони саховатпеша низ ба назар мерасад. Давоми ним соли ҷорӣ ба муассиса ба маблағи беш аз 250 ҳазор сомонӣ кумак расидааст. Ҳамаи кумакҳо миёни бошандагон тақсим гардиданд. 
Заминҳои хоҷагии ёрирасони муассиса, ки 16,7 гектарро ташкил медиҳад (2,7 гектар боғ ва 14 гектар замини корам) самаранок истифода мешаванд. Хоҷагии ёрирасони муассиса фермаи молпарварӣ низ дорад.
Ба хизматрасонии бошандагон 123 корманд машғул аст. Ба баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандон аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, ҷиҳати  бозомӯзии онҳо дар  курсҳои  такмили ихтисос чораҳо андешида мешаванд. 
 
Шаҳбоз АБРОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2021    №: 136    Мутолиа карданд: 754
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед