logo

Хабарҳо

ИСФАРА. МАНЗИЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ НИЗОИ САРҲАДӢ БАРҚАРОР ШУД

 
Бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи манзили сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, ки бар асари низои марзӣ хароб шуда буданд, дар муҳлати муайяншуда барқарор ва бошандагон ба зиндагии маъмулӣ баргаштанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни ба истифода додани манзилҳои барқароршуда ба сокинон аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаободию осудагии рӯзгор таманно дошта, барояшон асбобу анҷоми рӯзгор тақдим кард. 
 
Тибқи иттилои раиси ситоди вилоятии барқарорсозии оқибатҳои зарари низои марзӣ Маъруф Муҳаммадзода, дар маҷмӯъ, 29 оила зарар дида, манзили ҳамаи онҳо аз тарафи 16 ташкилоту идораҳои вилоятӣ пурра ва бо сифати баланд барқарор карда шуданд.
Асрор Шокиров, раиси деҳаи Хоҷаи Аъло, ки манзили ӯ низ пурра ба коми оташ рафта буд, барои чунин таваҷҷуҳ ба Сарвари давлат, мақомоти маҳаллӣ ва ҳамаи онҳое, ки зарардидагонро дар рӯзҳои мушкил танҳо нагузошта, бо ғамхорӣ фаро гирифтанд, аз номи сокинони маҳалла арзи сипос кард.
- Самараи меҳрубониҳои Ҳукумати кишвар аст, ки боз дар манзили ободу зебо рӯзгорамонро пеш мебарем. Ҳамаи манзилҳо дар баробари барқарорсозӣ пурра бо таҷҳизоти рӯзгор, аз ҷумла яхдону мошини ҷомашӯйӣ, мебел ва палосу қолин таъмин гаштанд, - гуфт Асрор Шокиров. 
Сокинони деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара барои кумаку ғамхорӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки баҳри ободиву сарсабзии диёр ҳиссагузор хоҳанд буд.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 829
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед