logo

Хабарҳо

Гуфтушуниди Ҳукумати Афғонистон бо «Толибон»

Газета. ру. Дар Теҳрон гуфтушунид миёни намояндагони Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати иртиҷоии «Толибон» оғоз ёфт. Дар ин бора агентии ISNA хабар медиҳад. Қаблан маълум гардид, ки роҳбарони ҳаракати иртиҷоии «Толибон» сарфи назар аз он ки қасди забт намудани ҳудудҳои низомиёни хориҷӣ тарккардаро доранд, мехоҳанд дар муддати як моҳ бо Ҳукумати расмии Афғонистон созишномаи сулҳ банданд.
Соли 2020 бори нахуст пас аз 18 соли ҷанг ИМА бо ҳаракати иртиҷоии «Толибон» созишномаи сулҳ бастанд. Мувофиқи аҳднома низомиёни амрикоӣ то 11 сентябр бояд хоки Афғонистонро тарк намоянд. Маъмурияти Президенти нави ИМА Ҷо Байден нияти аз нав дида баромадани созишнома бо «Толибон» - ро баён кард.
 
 
ХФБ фаъолияти чор гурӯҳи террористиро барҳам дод
Лента. ру. Кормандони Хадамоти федералии бехатарӣ фаъолияти чор  гурӯҳи созмони террористии «Ҳизб ут-таҳрир» мамнӯъ дар Россияро барҳам доданд. 
Дар ин хусус ТАСС бо истинод аз идораи маркази иртиботи ҷамъиятӣ иттилоъ медиҳад. 15 ифротӣ дар Пенза, Уфа ва Челябинск дастгир шуд. Миёни боздоштшудагон 4 раҳбари гурӯҳ ва 11 иштирокчии фаъоли он - шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Россия мебошанд. Хадамоти махсус аз онҳо адабиёт, ҳуҷҷатҳои таблиғгари идеяи «Ҳизб ут- таҳрир» ва телефонҳоро мусодира кард. ХФБ зикр мекунад, ки иштирокдорони гурӯҳ фармонҳои намояндагони махсуси созмони террористии байналмилалии дар хориҷа ҷойдоштаро иҷро мекарданд. 
 
 
СҶТ: «Шумораи беморони COVID-19 дар ҷаҳон афзуда, ҳолати марг коҳиш ёфтааст».
ТАСС. Мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳафтаи гузашта беш аз 2, 68 миллион ҳолати сироятёбӣ ба пандемияи коронавирус ва наздики 54 ҳазор ҳолати фавтро дар ҷаҳон ба қайд гирифтанд. Дар муқоиса бо ҳафтаи пешӣ беморӣ 3 дарсад афзуда, ҳолати фавт бошад 7 дарсад коҳиш ёфтааст, ки ин нишондоди пасттарин аз моҳи октябри соли гузашта маҳсуб мешавад, - хабар медиҳад штаб - квартираи СҶТ дар Женева. 
То 4 июл дар ҷаҳон 183 198 019 ҳолати сироятёбӣ ва 3 971 687 ҳолати марг ба ҳисоб гирифта шудааст. Дар бораи шумораи зиёди сироятшудагон ҳафтаи гузашта ба СҶТ Бразилия (364 709), Ҳиндустон (312 250), Колумбия (204 556), Индонезия (168 780)  ва  Британияи Кабир (161 805) иттилоъ додаанд. 
 
 
Изҳороти СММ оид ба куштори Президенти Гаити
Известия. Намояндаи расмии Котиби генералии СММ Стефан Дюжаррик  дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки тафтиши суиқасд ба ҷони Президенти Гаити ва завҷаи ӯ бар зиммаи Ҳукумати мамлакат аст, вале СММ барои ҳама гуна ёрмандӣ омодааст.
Қаблан иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Гаити Клод Жозеф аз СММ даъват кард, ки ҷаласаи Шӯрои амният баргузор намуда, қазияи куштори Президенти кишвар Жовенел Моизро тафтиш намоянд. 
Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш дар навбати худ аз аҳолии Гаити даъват ба амал овард, ки тартиботи ҷамъиятиро риоя намоянд ва аз зӯроварӣ худдорӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, гунаҳкорони ин ҷиноят бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 909
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед