logo

Хабарҳо

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ПАРВАНДАИ ҚАТЛИ НОБОЛИҒИ 8 - СОЛАРО ЗЕРИ НАЗОРАТ ГИРИФТ

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, муроҷиати дастаҷамъонаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро таҳти унвони «Мо ҷонибдори амнияти фарзандонамон», ки ба унвони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дорад.
Гуфта мешавад, ки ҳодисаи куштори ноболиғ Руфайда Иноятова, ки 4 июли соли 2021 дар ноҳияи Рӯдакӣ содир гардид, боиси нигаронии амиқи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ гардида, ҷараёни тафтиши ин ҷинояти мудҳиш зери назорати қатъӣ қарор дорад.
Рустами Эмомалӣ кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, инчунин, Прокуратураи генералиро муваззаф намудааст, ки ҷиҳати анҷом додани чорабиниҳои таъхирнопазири тафтишотӣ ва муайянсозии сабабу омилҳои ба содиршавии ин ҷинояти мудҳиш мусоидаткунанда тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ андешида, ҳарчи зудтар тибқи талаботи қонун шахсони ҷинояткор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.
 
 
БАРРАСИИ ВАЗЪИ АФҒОНИСТОН ДАР  МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ
Бо ибтикори Вазорати  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ мулоқоти маҷозии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон баргузор гардид. Дар мулоқот вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд. 
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ иштирокдорон атрофи мавзӯъҳои раванди сулҳи Афғонистон, ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар самти мубориза бо чолишҳои амниятӣ, аҳамияти таъмини дастҷамъонаи рушди устувори минтақа ва рафъи пайомадҳои бемории COVID - 19 табодули афкор намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин нақши Тоҷикистонро дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика ва амният миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бориз таъкид кард.
 
 
ОМОДАГИИ ДАФТАРИ МИНТАҚАВИИ СММ  БАРОИ КУМАК БА САРҲАДБОНОНИ ТОҶИК
Зимни мулоқот бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода намояндаи минтақавии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) барои Осиёи Марказӣ  Ашита Миттал аз вазъияти баамаломада дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, омодагии худро барои расондани кумакҳои техникӣ ба сарҳадбонони тоҷик баён кард. 
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дода, менависад, ки ҷонибҳо, инчунин, аз раванди рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва UNODC қаноатмандӣ карда, тақвияти иқдомҳоро дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мудирияти сарҳад ва такмили иқтидори миллӣ баррасӣ намуданд.
 
 
МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ.  ДАВРИ АСОСИИ ИМТИҲОНҲОИ ДОХИЛШАВӢ ҶАМЪБАСТ ШУД
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври асосии имтиҳонҳои марказондаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбиро ҷамъбаст намуд, ки дар он 103 ҳазору 429 нафар номнавис гардида буд. Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо 20 июл дар нақша аст. 
Ба иттилои маркази матбуоти ММТ, дар 47 муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ фаъолият намуданд. Барои гузарондани раванди имтиҳонҳо 1937 корманди муваққатӣ тибқи шартнома фаъолият доштанд. Инчунин, барои назорат ва ёрии амалӣ дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот 112 корманди асосӣ ва муваққатии марказ ҳамчун намояндаи ваколатдор иштирок доштанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 904
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед