logo

сиёсат

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КАМОЛУ ҶАМОЛИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ

Халқе, ки ба гузаштааш арҷ мегузорад, халқе, ки ҳофизаи қавии таърихӣ дорад, ҳатман осорхона бунёд менамояд. Сатҳи фарҳангу маънавиёти ин ё он миллат аз ғановати осорхонааш ҳувайдост. Дар таърихи навтарини Тоҷикистони азизамон бунёд намудан ва 20 марти соли 2013 ба фаъолият оғоз кардани Осорхонаи миллии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ ба шумор меравад.  Ифтитоҳи Осорхонаи миллӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими фарҳангии даврони истиқлолияти кишвари мост.
Дар ҳақиқат Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз рӯзи ифтитоҳаш тавонист ба маркази муҳими илмию фарҳангии сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёбад ва ин сабабҳои объективии худро дорад. Яке аз сабабҳои асосиаш ҳамин аст, ки маҳз бо супориш ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат нақшаи генералии бунёди Осорхонаи нави миллӣ тарҳрезӣ шуд, ки он бо иштироки фаъоли олимон ва мутахассисони ватанию хориҷӣ баррасӣ мешуд. Дар натиҷаи баррасиҳо, камбудиҳои лоиҳавӣ бартараф шуданд. Дар умум, тамоми ҷузъиёти рафти бунёди Осорхонаи миллӣ зери назорат ва ғамхориҳои доимии Пешвои миллат қарор дошт.
Сабаби дигараш ин, ки дар осорхона технологияи муосир аз қабили лифтҳо, эсколаторҳо ва дигар воситаҳои техникаи муосир насб гардида, барои истифодаи дурусти онҳо кадрҳои ҷавони миллӣ ҷалб шудаанд ва онҳо минбаъд кори дурусти ин воситаҳои муҳими техникиро таъмин намуданд.
Яке аз сабабҳои хеле муҳими нуфуз пайдо кардани Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамин аст, ки кормандони осорхона тавонистанд кори хеле мушкил ва пурмасъулият- интиқоли безарари фонди осорхонаи ба номи Беҳзодро ба бинои Осорхонаи нави миллӣ бо сарбаландӣ анҷом диҳанд. Инчунин, барои такмили фонди он аз фонди осорхонаҳои дигари ҷумҳурӣ истифода гардид. Ёдгориҳои таърихии ҷамъоваришуда, ки дар осорхона экспонат ва ашёи осорхонавӣ номида мешаванд, аз рӯи моҳияти осорхонавӣ ва мазмуну давраи таърихиашон гурӯҳбандӣ шуданд. Осорхонаи миллии Тоҷикистон тавонист, ки сатҳи баланди фарҳангу маънавиёти миллати тоҷик, ки Пешвои миллат аз он доимо бо ифтихор ёдрас мешаванд, ба таври касбӣ ва бо сифати баланд инъикос намояд. Дар баробари сохтани бинои зебо ва муҳташам барои бунёди экспозитсияҳои Осорхонаи миллӣ дар асоси илми осорхонашиносӣ нақшаи мавзӯӣ - экспозитсионӣ ва тарҳҳои бадеӣ таҳия шуд. Нақшаи таҳияшудаи мавзӯӣ - экспозитсионии осорхона, ки тахминан аз 1500 саҳифа иборат аст, аз ҷониби олимон ва рассомони машҳури ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, баъди такмил ва тасдиқ барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Вобаста ба ин мавзӯъ ҳам шоистаи ёдоварист, ки Пешвои миллат дар баррасии нақшаҳои мазкур ва чигунагии толорҳои экспозитсионии осорхона фаъолона иштирок намуданд. Чунончи, 12 октябри соли 2012  Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бинои навбунёди осорхона ташриф оварда, ба рафти корҳо аз наздик шинос шуданд, барои беҳтар гаштани экспозитсияҳои он  тавсияҳои хеле муҳим ҳам доданд. Бо дастурҳои Пешвои миллат дар ошёнаи дуюми осорхона амсилаи мақбараи Сомониён гузошта шуда, толори алоҳидаи нумизматӣ ва созҳои миллии мусиқӣ пешбинӣ ва то ифтитоҳи осорхона омода шуданд. Агар барои Осорхонаи нави миллӣ нақшаи мавзӯӣ-экспозитсионӣ таҳия намегашт, он гоҳ экспозитсияҳои он ба талаботи замон ҷавобгӯ буда наметавонист.
Сабаби дигари дастовардҳои шоистаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар инъикос ва муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллатамон фаъолияти босамари кормандони пуртаҷриба ва дар асоси озмун ба кор ҷалб намудани ҷавонони забондону хушсалиқа мебошад, ки онҳо минбаъд дар пешрафти кори осорхона нақши мусбат гузоштанд. 
Албатта, асоси фаъолияти ҳар осорхонаро фонди он, ки аз ашёи аслӣ ва коллексияи осорхонавӣ иборат аст, ташкил медиҳад. Бе доштани фонди илман асоснок  инъикоси дуруст ва комили таъриху фарҳанги давраҳои гуногун муяссар намешавад. Вобаста ба мавзӯи мазкур  таъкид менамоям, ки дар такмили фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳам саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад. Яке аз ифтихороти машҳури миллати тоҷик ин Хазинаи  Амударё мебошад, ки Пешвои миллат дар бораи он чунин қайд кардаанд: “Хазинаи Амударё - ёдгории беқаринаи сараҷдоди тоҷикон, тоҷи сари шоҳкориҳои санъати нафисаи Бохтари қадим, дурдонаи беназири осори тамаддуну давлатдории ниёгони мо аз даст ба даст гузаштаву ҳазорҳо фарсах роҳро ақиб гузошта, ниҳоят дар паноҳи деворҳои музеи Британия меосояд. Инак, бештар аз сад сол аст, ки ганҷинаи беназири тамаддуни бохтариҳо андаруни витринаҳо  чун гавҳараки чашм ҳифз мегардад ва аз пушти шишаҳои пайконногузар ба тамошо гузошта мешавад. Ва мегӯянд, ки яке аз амалҳои писандидаи чандин хонадони бонуфуз ва ашрофзодаҳои англис тамошои осорхонаҳои Британия, алалхусус Хазинаи Амударё мебошад. Ҳар чи ҳам набошад, осори Хазинаи Амударё дар тӯли сад сол аз хоки Англия танҳо як бор берун рафтааст, он ҳам дар ҷавоби намоиши осори Тиллои Сибир дар Лондон ба хориҷа баромада, соли 1979 онро дар Эрмитажи давлатии Ленинград, осорхонаҳои Маскаву Киев ба намоиш гузоштаанду бас”. 
Маҳз бо саъю талоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нусхаи баландсифати 8 бозёфти Хазинаи Амударё ба Тоҷикистон оварда шуда, дар Осорхонаи миллӣ  пешкаши ҳамагон гардид. Аксҳои баландсифати ашёи ин хазина ҳам танҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ дастраси тоҷикистониён шуданд. Аз ин аксҳои баландсифати ашёи Хазинаи Амударё дар экспозитсияи осорхонаҳои ҷумҳурӣ ва нашри китобу мақолаҳо истифода бурда мешавад. 
Шоистаи ёдоварист, ки иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба такмили фонди осорхонаҳои ҷумҳурӣ нимаи дуюми солҳои 90-и асри ХХ оғоз шуд. Чунончи то бунёд ва ифтитоҳи Осорхонаи миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як миқдор ашёи муҳими аҳамияти осорхонавидоштаро ба собиқ Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод туҳфа намуданд. Бо истифода аз ин ашёи муҳим дар ошёнаи сеюми осорхонаи зикршуда “Толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил шуд. Фонди осорхонаҳои ҷумҳурӣ ба таври мунтазам аз туҳфаҳои Президенти ҷумҳурӣ пурғановат мешуд. Бо назардошти ин, дар бинои Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон ҳам барои пешкаши ҳамагон намудани ин туҳфаҳо  толори алоҳида пешбинӣ шуд.  Соли 2013 то ифтитоҳи  осорхона ҳодисае ба вуқӯъ омад, ки ин амалро боз ҳам тақвият бахшид. Маълум шуд, ки аз Тоҷикистон як ганҷинаи ашёи қадимаи тиллоӣ ёфт шудааст.  Аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳқиқ намудани ин ганҷинаи қадима муаррих ва осорхонашиноси шинохта А. Шарифзода вазифадор мешавад. Тибқи хулосаи А. Шарифзода ашёи ганҷинаи мазкур ҳамааш аз тилло буда, мансуби давраи Кӯшониён мебошанд ва баъди Хазинаи Амударё, ки соли 1878 аз Қабодиёни Хатлон ёфт шуд, ин дувумин ганҷинаи муҳими ашёи тиллоӣ аз хоки Тоҷикистон мебошад. Инчунин, мавсуф ашёи ганҷинаи мазкурро бо ашёи аз Тиллотеппаи Афғонистон ёфтаи олими шинохта Сарианиди монанд ҳисобида, онҳоро маҳсули ҳунари заргарони бохтарӣ донистааст. 
Аз ҳама муҳимаш,  ин ганҷинаи бисёр пурарзиш аз ҷониби  Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон туҳфа шуд. Ганҷинаи мазкур аз  пораҳои тоҷи заррин, коса, пораҳои миёнбанд, ҷузъиёти нафис бо тасвири аждаҳо ва хурӯс, дигар ашё бо тасвири шер, сари асп ё аждаҳо ва гуроз, гӯшвораи мунаққаш ва ороишоти шакли секунҷадошта иборат мебошад.  Бояд ёдовар шавам, ки тибқи ҳуҷҷатҳои воридотӣ вазн ва иёри ҳар як ашёи ганҷинаи мазкур то таҳқиқи илмии онҳо пешакӣ муайян шуд. Илова бар ганҷинаи мазкур, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон боз як коллексияи муҳими сиккаҳои қадима ва  асримиёнагиро туҳфа намуданд. Коллексияи мазкур аз 917 сикка  иборат аст.  Бояд зикр кард, ки як миқдори сиккаҳои ин коллексия аз ҷониби мутахассисони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш реставратсия ва консерватсия шуданд. Аммо, минбаъд қисми зиёди сиккаҳои мисии коллексияи мазкур (сиккаҳои дафинаи Ноҷӣ) аз ҷониби мутахассисони Осорхонаи миллӣ - Ф. Назаров, П. Абдуллоева ва Қ. Нисо тармиму таҳким шуданд. Доир ба таҳқиқи ин коллексия ҳаминро гуфтан лозим медонам, ки   натиҷаи таҳқиқи 27 сиккаи тиллоии он таҳти унвони “Туҳфаҳои нодир” соли 2014 ба чоп расид. Соли 2020 таҳқиқи ҳамаи сиккаҳои коллексияи мазкур ба анҷом расонда шуд.  Ин иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон иқдоми беназир ва қаҳрамонии фарҳангӣ номид.
 
Шоира ҲИСОЧАЕВА,
сармутахассиси шуъбаи илмӣ-методии 
Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.07.2021    №: 137    Мутолиа карданд: 1184
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед