logo

иҷтимоиёт

ИШКОШИМ. БА ПЕТРОГЛИФҲОИ МАВЗЕИ ЛАНГАР ХАТАРИ НЕСТШАВӢ ТАҲДИД МЕКУНАД!

Ё чаро ҳудуди 6000 адад қадимтарин сангнигора дар ҳоли азбайнравӣ қарор дорад?
Сайёҳони дохилӣ ва хориҷии муштоқи дидани қадимтарин петроглифҳои ҷаҳон, ки   дар деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошим  воқеъ мебошанд, бо тай намудани  ҳазорҳо километр роҳ ва сарфи маблағҳои зиёд имрӯз ҳангоми  ташриф ба ин макон дар рӯи тахтасангҳо ана ҳамин номҳои моро мехонанд.  Аз куҳантарин сангнигораҳои Тоҷикистон, ки ҳазорҳо сол қабл аз ҷониби аҷдодони мо нигошта шудаанд,  дар ин маҳал қариб нишоне намондааст. 
Тавассути бархӯрди ваҳшиёнаи афроди алоҳида, ки хостаанд бо ҳаккокии номашон дар рӯи сангнигораҳо исми худро ҷовидонӣ созанд, даҳҳо ва ҳатто садҳо акси шикорчиён, бузҳои куҳӣ, паланг,  қутос, асп, рӯбоҳ, нақши роҳҳо ва пайроҳаҳо, Офтоб, панҷаи даст, нақшҳои маъбадҳои буддоӣ ва исломӣ шакли худро комилан аз даст додаанд. Ҳамин тавр куҳантарину пурмазмунтарин петроглифҳои ҷаҳон зери навиштаҷоти “Борка, Бика, Миш, Саш, Усния, Савригул, Оким, Шакар, Гулғунча, Наврӯзбек, Мақсудшо, Нусратҷон, Азизмамад” шакл ва маънои худро гум намудаанд. 
Ин дар ҳолест, ки “диёри сангнигораҳои Лангар” - бузургтарин ёдгории таърихиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳимтарин мероси “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим” ва калонтарин майдони петроглифҳо шинохта шудааст. Теъдоди зиёди муҳаққиқони петроглифҳои Лангарро мавриди омӯзиш қарор дода, чунин хулоса намудаанд, ки ин нигораҳои рӯисангӣ аз нигоҳи теъдод, мазмун, макони воқеъшавӣ  дар  ҷаҳон тақрибан назир надоранд.  Муаррихони Тоҷикистон дар замони шӯравӣ дар ин макон ҳудуди 5878 петроглифро кашф, нусхабардорӣ ва ҳисоб кардаанд.  Бино ба гуфтаи олимон аксари нигораҳои сангӣ марбути асри санганд. Вале тасвири онҳо дар асрҳои VII, VIII, XVII ва XIX мелодӣ низ идома ёфтааст.
Петроглифҳои Лангар дар майдони беш аз панҷ гектар, дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр ва дар қаторкӯҳҳои Шоҳдара, дар пояи қуллаҳои баландтарини Помир - Маркс ва Энгелс, воқеанд. 
Тибқи  омори ПЭКТА (Созмони рушд ва тавсеаи соҳаи туризми экологиву фарҳангӣ) дар Бадахшон сангнигораҳои Лангар яке аз ҷаззобтарин ва ҷолибтарин маконҳои диданӣ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ аст. Акнун тасаввур кунед: сайёҳеро, ки бо чандин орзуву ормон ҳазорҳо фарсахро тай карда барои тамошо ба ин ҷо меояд, чиро мебинад? Ҳамон Борка, Бика, Миш, Саш... 
Вазъи хеле риққатовари петроглифҳои нотакрори Лангарро дида воқеае ба ёдам омад. Тақрибан панҷ сол қабл дар як ҳамоиши байналмилалие дар назди Исиқкӯл қарор доштам. Бегоҳи як рӯз  ташкилкунандагони ҳамоиш ба ширкаткунандагон эълон доштанд: “Пагоҳ мо шуморо ба дараи петроглифҳо мебарем!” Барои ман, ки дидани чунин мавзеъ ҷолиб буд, ҳар ду дастгоҳи суратгириамро ба қавле дар “чорҷ” мондам. Рӯзи дигар моро ба ҷои ваъдагӣ бурданд. Хаёл карда будам, ки дара бе канор буда, шумори петроглифҳо ҳадду каноре надорад. Медонед чиро дидам? Танҳо се харсанг ва дар рӯи инҳо шояд зиёди зиёд 12 сангнигораро. Нақшҳои ҳаккокишуда ҳам он қадар ба офаридаҳои асрҳои мозӣ  шабоҳат  надоштанд. Вале гиродгирди харсангҳо симтӯр кашида шуда, дар чанд ҷой навиштаҷоте бо забонҳои гуногун аз қадимӣ будани ин петроглифҳо ва муҳимияти  ин мероси таърихӣ ҳикоят мекарданд. Аз мо на танҳо ронандагони микроавтобусҳову роҳбалад (гид) пул гирифтанд, балки барои аксгирии  петроглифҳо низ маблағи муайян  супурдем. Ба замми ин, дар дараи ваъдагӣ одамони  зиёде ҷамъ омада буданд, ки армуғонҳои гуногуни марбут ба петроглифҳоро  мефурӯхтанд. 
Акнун  худатон муқоиса кунед... Мо чӣ кор карда истодаем?
Петроглифҳо (аз вожаҳои юнонии petros – санг ва glyphe– кандан, кандакорӣ) таърихи хеле куҳан дошта то солшумории мо пайдо шудаанд. Нигораҳои рӯисангиро олимони ҷаҳон нахустин эҷоди инсон, рӯшангари ҳаёти ӯ бо табиат, аввалин ёдгории археологӣ хондаанд. Сангнигораҳо нахустин офаридаҳои ҳунарию бадеии инсон ҳастанд, ки дар болои тахтасанг бо санги дигари нӯгтез иншо шудаанд. Санг аввалин ашёе буд, ки ба аҷдодони мо имкон дод нахустин образу рамзҳоро биёфаранд, ба онҳо ҷон бубахшанд, тавассути онҳо бо неруҳои хориқулирода иртибот пайдо созанд. Сокинони ибтидоии Помир дар рӯи сангҳо тимсолҳоро ҳаккокӣ карда, дар шакли онҳо бузургтарин неруро медиданд ва бо эҷод ва инъикоси онҳо дар ҷойҳои ба назари худашон муҳимтарин аз табиати атроф ва Офаридгор барояшон оромиш, осоиш, сериву пуриро мехостанд. 
Муҳимтар аз ҳама, дар ҳар ҷое, ки петроглиф ҳаст, ин нишонаи хеле қадимӣ будани он аст. Бинобар ин, мо - тоҷикон ба унвони як халқи қадимаи ориёӣ ва соҳибтамаддун бояд фахр созем, ки имрӯз чунин боигарӣ дорем. Онҳое, ки ба ҳайси меҳмон ба диёри мо меоянд ба мо маҳз аз рӯи чунин меросҳои таърихиву фарҳангиамон баҳо медиҳанд. 
Сангнигораҳои Лангар ба ҳифзи таъҷилӣ ниёз доранд. Ҳар чи зудтар бояд бо ширкати мутахассисони Вазорати фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Ишкошим, созмони ПЭКТА, Кумитаи сайёҳӣ, котиботи ЮНЕСКО дар Тоҷикистон комиссияи махсуси изтирорӣ барои омӯхтани вазъи феълии петроглифҳо, баҳисобгирии онҳо, пешгирии рафтори ношоиста нисбат ба онҳо гурӯҳи корӣ таъсис шавад. Ҳамчунин, диёри петроглифҳои Лангар ба мавзеи махсус муҳофизатшавандаи таърихӣ ва фарҳангӣ табдил ёбад ва барои ҳифзи он воҳидҳои корӣ ҷудо шаванд. Дар ин мавзеъ ҳар чи зудтар бояд навиштаҷот доир ба  ҳифзи петроглифҳо ва аҳамияти онҳо насб шаванд. То макони петроглифҳо бояд пайроҳаи алоҳида бароварда шавад. Мавзеи  петроглифҳо бояд ҳар чи зудтар  симтӯр ё панҷарабандӣ гардад.
 
Қурбон АЛАМШОЕВ, муҳаққиқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.07.2021    №: 137    Мутолиа карданд: 877
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед