иқтисод
ТИРГОН ҶАШНИ БАРЗГАРОН
Мардуми ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон, аз қадим дар соҳаи кишоварзӣ пешрафта буданд. Барои намоиш додани самари кори худ ҷашну маросими соҳавиро таҷлил менамуданд. Аммо бо гузашти замон ҷашнҳои миллии мо ба кунҷи фаромӯшӣ рафта, ба таври зарурӣ таҷлил намегардиданд. Дар замони Истиқлолият маҳз бо иқдом ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои ниёгонамон аз нав эҳё гардиданд.
Ҷашни Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, дар фасли тобистон, айёми расиши гандум ва ҷамъоварии он баргузор мегардад. Оид ба пайдоиш ва моҳияти он дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ривоятҳои мухталиф оварда шудаанд. Дар аксари сарчашмаҳо омадааст, ки ҷашни мазкур дар рӯзи сенздаҳуми моҳи Тир баробар ба ҳафтаи аввали моҳи июл, ки он рӯзро низ Тир меномиданд, баргузор мегашт. Ҳанӯз шоир Шамсии Фахрӣ навишта буд:
Ба рӯзи тиру моҳи тир азми шодӣ кун,
Ки аз сипеҳр туро фатҳу нусрат омад тир.
Баъд аз ҷамъоварии гандум барои кишоварзон ҷиҳати гузарондани кишти навбатии зироатҳо ҳатман об лозим буд. Аз ин лиҳоз, мардум бо шодию нишот ҷашни Тиргонро баргузор намуда, аз эзиди борон хоҳиш менамуданд, ки борон орад ва аз хушксолӣ нигаҳ дорад. Агар ҷашни Сада ба оташ, Наврӯз ба замин, Меҳргон ба рӯшноию ҳосили зироатҳо вобаста бошад, Тиргон бевосита ба об иртибот дошта, онро ҷашни об гуфтан мумкин аст.
Дар байни мардуми минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва маҳалҳои тоҷикнишини ҷумҳуриҳои ҳамсоя то солҳои наздик маросими даъвати борон ба монанди ашаглон, обрезгон, сусхотун ва ғайра гузаронда мешуданд. Ин аз он далолат медиҳад, ки мардуми тоҷик обро чун неъмати муқаддас ва сарвати бебаҳо дониста, омили асосии ҳаёт мешумориданд. Бинобар ин, дар байни мардум то ҳол ақидаи “Обу ҳаёт” мавҷуд аст. Пешниҳодҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини аҳолии дунё бо об, истифодаи самараноку оқилонаи он, аз ҷумла, қабули Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028, ба тамаддуни қадимаи миллии мо иртибот мегирад.
Айёми ҷашнгирии Тиргон мардум хонаҳоро об пошида, покиза менамоянд, либоси тозаи сафед мепӯшанд, дар оби чашмаю дарё ғусл мекунанд, ба якдигар об пошида, умри беғубори мисли об таманно менамоянд. Ҳамчунин, зарфҳои куҳнаро шикаста, гандуми ҳосили навро орд намуда, нону таъомҳо мепухтанд ва хони ҷашнӣ ороста, онро бо маҳсулоти нонию меваҷот оро медоданд. Инчунин, заминро ҷуфт намуда, кишти ангории (такрорӣ) зироатҳои кишоварзиро мегузаронданд.
Бо гузашти замон ин расму оинҳо тағйир ёфтанд. Дар шароити рушди илму техника ва технология замони муосир ба кишоварзони мо лозим аст, ки дар арафаи ҷашни Тиргон чорабиниҳо, аз зумраи таъмири иншооти об, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, омода намудани замин ба кишти такрорӣ, захира намудани тухмиҳои хушсифати зироатҳои тезрас ва кишти саривақтии онҳоро ба сомон расонанд. Ҳамзамон, чорабиниҳои агротехникии парвариши зироатҳо, омодагӣ барои сари вақт ҷамъоварии ҳосилу коркарди он ва ғайра мувофиқ ба ин санаи муҳим аст. Риояи талаботи мазкур, имконият медиҳад, ки кишоварзон заминро самаранок истифода бурда, ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.
Ҷашни Тиргон иди барзгарон буда, олимони соҳа низ онро қайд карда, ташвиқу тарғиб менамоянд. Яке аз оинҳои ҷашни мазкур ҷамъбаст ва натиҷагирии кори барзгарон дар соли гузашта мебошад.
Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани иди Тиргон, баҳри таъмини илмии равандҳои истеҳсолот пурсамар фаъолият намуда, соли сипаригашта ба дастовардҳои муайян соҳиб гардидаанд. Аз ҷумла, онҳо соҳиби 2 хабарнома оид ба натиҷаи мусбати экспертизаи расмии ташкилоти Патентии АвруОсиёӣ, 9 нахустпатент, 10 шаҳодатномаи ихтироъкорӣ гардиданд. Ҳамзамон, аз ҷониби олимони академия ба Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ тайи ду соли охир 40 навъи зироати кишоварзӣ супурда шуда, 18 навъи он ноҳиябандӣ гардида, дар майдонҳои васеи ҷумҳурӣ кишт мешаванд.
Раванди татбиқи дастовардҳои илмии олимони академия дар истеҳсолот беҳтар гардида, ҳоло кишти навъҳои зироатҳои кишоварзии ватанӣ аз 45 то 90 дарсади майдони киштро дар ҷумҳурӣ ташкил менамояд. Истеҳсоли тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ дар зерташкилотҳои академия ҳамасола зиёд гардида, ҳоло 2,5-3 ҳазор тоннаро ташкил менамояд.
Аз ҷониби Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 15 пешниҳод ба Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба масъалаҳои рӯзмарраи рушди илму истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ ирсол шуда, қисми зиёди онҳо амалӣ гардид.
Бо ташаббуси муассисаҳои илмии академия бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионӣ оид ба масоили рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 40 конфронсу семинарҳои илмию амалии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, рӯзҳои саҳро ва мизҳои мудаввар гузаронда шуданд.
Дар арафаи ҷашни Тиргон олимони академия чорабиниҳоро ҷиҳати тарғиби анъанаҳои мазкур, расондани ёрии машваратию амалӣ ба хоҷагидорон доир ба омода намудани мошинолоту замин ба кишти такрорӣ, ташхису мубориза бо касалиҳои зараррасони зироатҳо ва риояи талаботи агротехникаи парвариши онҳо амалӣ намуда истодаанд.
Бовар дорем, ки кишоварзони ҷумҳурӣ расму оинҳои ҷашни Тиргонро риоя намуда, ҳосили фаровони зироатҳоро ба даст меоранд ва Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз мегиранд.
Ҳамаи кишоварзони ҷумҳуриро ба фарорасии ҷашни Тиргон табрик намуда, барояшон сиҳатмандию барори кор ва файзу баракат орзумандем.
Нуралӣ АСОЗОДА,
президенти АИКТ, академик,
Давлатҷон КОМИЛЗОДА, академик
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.07.2021 №: 137 Мутолиа карданд: 1412