иқтисод
ЛАХШ. ИСТЕҲСОЛИ ИНТЕНСИВИИ КАРТОШКА РОҲАНДОЗӢ МЕШАВАД
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ноҳияи Лахш ҷиҳати ба роҳ мондани парвариши интенсивии картошка ва ривоҷ бахшидани кишту нигоҳубини зироатҳои дигар тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифта шуд, ки қишрҳои гуногуни ҷомеа ба омӯзиши таҷрибаи истеҳсоли интенсивии кишоварзӣ фаро гирифта шаванд.
Бо ин мақсад гурӯҳи махсус, ки аз ҳисоби занони хонашин вобаста ба соҳаи картошкапарварии навъи олӣ дар назди Ассотсиатсия хоҷагиҳои деҳқонии "Самар" таъсис ёфта буд, моҳи майи соли ҷорӣ бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷиҳати офаридану парвариши навъҳои сермаҳсули тухми картошка ба омӯзиш шурӯъ намуд.
Гурӯҳи мазкур ҳоло аз 18 нафар иборат буда, дар деҳоти Алға ва Лахш фаъолият мебарад. Ба ҳар узви гурӯҳ аз тарафи ассотсиатсия таҷҳизоту масолеҳ барои сохтмони гармхонаҳо дар ҷойи зисташон дастрас шуда, пас аз бунёди парваришгоҳ моҳи июн тухмиҳои навъи олии биологӣ супурда шуданд. Тариқи семинар - машварат гурӯҳ тарзи инихоби лӯнда, аз пробирка шустани майсаҳою гирифтани он, шинондан дар финҷонҳо, тайёр кардани маҳлули торфу пору, усули обмонӣ, нигоҳубин, санҷиши пайвастаи ҳарорат, масоҳати кишти лунда, сатҳи ҷуқурӣ, истифодаи доруҳои минералию органикиро омӯхт ва таҷриба намуд.
Дар ин кор аъзои гурӯҳ навъҳои ватании картошка, аз қабили “Ғончӣ”, “Баҳром”, “Аладин”, “Пикасо”, “Рашт”, “Тоҷикистон”, “Файзобод”, “Академияи илмҳо”, “Самар”, “Самар -1” ва “Самар -2” – ро ба таври таҷрибавӣ парварида, ҳосили баланд гирифтанд.
Дар ҷараёни корҳои омӯзишию таҷрибавӣ намояндагони бахши кишоварзии ноҳия, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуданд. Аз масъулони давраи омӯзишӣ даъват шуд, ки ҳамкориҳои амалӣ байни АМИТ ва кишоварзони ноҳия оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, истеҳсоли тухмиҳои генетикии намудҳои гуногуни маҳсулоти хӯрокворӣ густариш дода шавад.
Дар доираи ҳамкориҳо дар ноҳия баробари омӯзиши таҷрибаи истеҳсоли интенсивӣ, ҳамзамон, ташхиси биогумуси табии торфу хок гузаронда шуда, навъҳои хуби ҳосилдиҳандаи картошка, ки ба иқлими минтақа тобовару зудпазанд, барои кишт пешниҳод гардиданд. Зеро имрӯзҳо норасоии тухми аълосифати супер-элитаи картошка яке аз мушкилиҳои асосии соҳаи кишоварзии кишвар мебошад. Кишоварзон барои гирифтани ҳосили баланд тухмиро бо нархи хеле гарон аз хориҷ дастрас менамоянд, ки ба иқлими минтақа мутобиқ нест ва тухмии мавҷуда аз сабаби пай дар пай шинондан ҳосили хуб намедиҳад. Аз ин рӯ, ба роҳ мондани парвариши тухми ботаникии картошка, ки нархаш аз бозори беруна нисбатан арзон аст, метавонад хоҷагиҳоро бо тухми аълосифат таъмин намояд.
Ба андешаи Қурбоналӣ Партоев ва Қурбоналӣ Алиев, олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании АМИТ, барои парвариш ва гирифтани тухми ботаникии аълосифат, қитъаи замин бояд дар баландии 1500 - 1800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир бошад. Барои истеҳсоли ҳарсола ва афзоиш додани тухми ботаникии картошка (супер, суперэлитаи навъи истеҳсоли якум) зарур аст, ки он дар масоҳати 1,5 - 2 ҳазор гектар замини манотиқи кӯҳистон кишт шавад. Ин таҷрибаи парвариши тухми ботаникии картошка дар ноҳияи Лахш дар масоҳати 10 сотих дар доираи лоиҳаи "Парвариши тухми картошка аз тухмии ботаникӣ" аз тарафи ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии “Самар” натиҷаи баланд дод.
Гурӯҳи занони тухмипарвар намунаи ботаникии картошкаро дар гармхона аввалан дар зарфҳо шинонда парвариш медиҳанд. Баъд аз қад кашидани кӯчатҳо он дар замин кишт мегардад. Ба ҳисоби миёна, дар 10 грамм тухми ботаникии картошка аз 1000 то 1500 дона тухм парварида мешавад. Аз ин ҳадди ақал 1200 дона кӯчат гирифтан мумкин аст. Ҳоло дар ҳар як гармхона 200 -250 лунда шинонда, пас аз парвариш теъдоди онҳо ба 1200 - 1250 дона мерасад. Дар назар аст, ки соли дуюм шумораи гармхонаҳо ба зиёда аз 100 адад расонда шавад. Дар ин ҳолат аз ҳар гармхона 1600 - 1700 лундаи 100 – 120 - граммӣ ё 192 – 200 килограмм картошкаи супер - элита истеҳсол хоҳад шуд, дар маҷмӯъ, аз ҳамаи гармхонаҳо соле 20736 килограмм картошкаи супер ё супер - элитаи маҳаллӣ ба даст меояд. Дар сурати хуб ҷараён гирифтани ин тарзи тухмипарварӣ, дар 5 соли оянда зиёда аз 2000 тонна тухми ватании супер – элитаи сермаҳсул дастраси деҳқонон мегардад. Тухмии навъи супер ва супер - элита ба деҳқонон имкон медиҳад, ки онҳо аз 1 гектар 700 – 950 сентнер ҳосил гиранд.
Ба ин хотир, ҳама ҷаҳду талоши гурӯҳи корӣ, нахуст таъмини оилаи худ бо маҳсулоти тоза ва дар умум, афзоиш бахшидани истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад. Аз ин қитъаҳои намунавии парвариши тухми картошка ба аҳолии се деҳа низ фаҳмонда шуд, ки чи гуна аз таҷрибаи гурӯҳи занҳои картошкапарвар минбаъд истифода баранд. Ҳамчунин, сари чанд вақт намоишҳои махсус ташкил ёфта, аъзои гурӯҳ нафарони ҳавасмандро бо таҷрибаи андӯхтаашон шинос менамоянд. Меъёри оптималии ин гармхона аз тарафи мутахассисон ба ҳисоб гирифта шуда, бисёртар нуриҳои органикӣ ва торф истифода мешаванд. Мувофиқи нишондодҳо, аз ин ба ҳисоби миёна 700 - 950 килограмм тухмии аълосифат ба даст меояд.
Ҳамчунин, дар доираи иқдомоти пешгирифтаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз тарафи ассотсиатсия соли равон ба 12 ҷавон техникаҳои хурди кишт, 7 намуди олот ва барои 18 нафар дорупошаку либосҳои махсус дода шуда, 350 - 400 гектар замини деҳаҳои Муқур ва Ҷайлған обёрӣ шуд. Бо истифода аз техникаҳои хурди кишоварзӣ (мотоблок) ҳар оилаи фарогирифташуда бештар аз 21 ҳазор сомонӣ даромад ба даст оварда, боиси вусъат ёфтани кишти зироатҳо ва аз байн рафтани истифодаи қувваи ҷисмонию чорво дар ин кор гардид.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.07.2021 №: 137 Мутолиа карданд: 1599