logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

 
Ҳаёт ва фаъолияти номзади илми педагогика дотсент Абдуҳаким Шарифов шоистаи ситоиш ва ибратпазир мебошад. Зеро зиндагии пурбаракати ӯ аз ҳар ҷиҳат сабақомӯз буда, роҳнамое барои насли ҷавони имрӯз аст. Саҳифаҳои рангини рӯзгори пурфайзи ӯ дар омӯзишу таҷрибаандӯзӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ҷустуҷӯву пажӯҳиш, рушди корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, самараи масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазирӣ, фидокорӣ нисбат ба вазифаҳои иҷрокардааш варақгардон мешаванд.
Роҷеъ ба фаъолияти Абдуҳаким Шарифов дар маҷмӯаи илмии «Раҳнаварди ҷодаи саодат» маълумоту андешаҳои саҳеҳу дақиқ ва ҷолиб гирд омадаанд.
Номбурда аз хушбахт касонест, ки ҳаёташро ба манфиати халқу миллат тавъам намуд ва дар байни ҷамъият соҳиби эҳтирому эътибор гашт. Маҳз меҳнати ҳалол, масъулиятшиносӣ дар назди халқ, ғамқарину шодишарики дигарон будан, эҳтироми халқро барояш чун ҷоиза эҳдо кард. Ин байти шоир Тошхӯҷаи Асирӣ шиори зиндагии Абдуҳаким будааст:
Одамият чист? Худро дур аз шар(р) доштан, 
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан. 
Ба ҷуз аз он ки дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ фаъол буду солҳо дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кор кард, ҳаргиз дилаш, вуҷудаш аз тарбияи шогирдон, кори омӯзгорӣ канда набуд. Меҳри омӯзгорӣ дар ниҳоди ӯ азалӣ будааст. Абдуҳаким Шарифов ҳама тавфиқу комёбӣ ва ҷодаҳои сарбаландона паймудаашро аз баракату иқболи ин касб медонад. Ба андешаи ӯ, маҳз омӯзгори хубу қавиирода метавонад дар бунёди ҷомеаи солим, рушди соҳаҳои гуногун, ободии диёри аҷдодӣ саҳм гирад. Пайваста таъкид мекунад, ки саодату шарофатҳои касби омӯзгорӣ зиёданд, зеро тапиданҳои муназзами набзи ҷомеа аз фаъолияти устоду мураббӣ вобастагии зиёд дорад.
Чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд ба хотири фаъолияти меҳнатиаш маҳфили ҳампешагону шогирдонаш баргузор шуд. Ҳама аз сифатҳои ҳамидаи  Абдуҳаким Шарифов гуфтанд. Худи ӯ бо хоксорӣ изҳор дошт, ки дар ҳар ҷода, агар ба муваффақияте даст ёфтааст, аз хушбинии ҷомеа, аз меҳру муҳаббати мардум аст.
Ӯ дорандаи Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, имрӯзҳо низ роҳбари садҳо шогирдон, пешбарандаи корҳои илмиву тадқиқотӣ ва яке аз фаъолони бунёди ҷомеаи демократист.
 
Парвина АМОНОВА, ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.07.2021    №: 137    Мутолиа карданд: 699
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед