logo

Хабарҳо

Толибон нақшаҳои худро ошкор намуданд

Лента. ру. Ҳаракати «Толибон» дар ҷамъбасти гуфтушунид дар Москва нақшаҳояшонро перомуни Афғонистон ва дигар кишварҳо ошкор карданд. Дар ин хусус АИР «Новости» бо истинод ба изҳороти идораи сиёсии ҳаракати мазкур иттилоъ медиҳад.
Ҳайати «Толибон» бо сарварии яке аз роҳбарони ҳаракати мазкур дар Қатар Шаҳобуддин Диловар 8 июл ҷиҳати гуфтушунид вориди Россия шуданд ва сафари онҳо ду рӯз идома меёбад. Онҳо бо намояндаи махсуси Президенти Россия оид ба Афғонистон  Замир Кобулов дидор анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ Кобулов аз вазъи изтиробовари шимоли Афғонистон изҳори ташвиш намуда, аз Толибон даъват кард, то нагузоранд муноқиша аз ҳудуди Афғонистон берун шавад. Дар ҷавоб ба ин гуфтаҳо ҳайати Толибон иттилоъ доданд, ки нияти истифода бурдани ҳудуди Афғонистонро барои ҳамла ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Россия, надоранд. Аъзои ҳайат амнияти марзҳои кишварҳои Омиёи Марказӣ ва намояндагони хориҷиро дар кишвар кафолат доданд.
 
 
Конфронси байналмилалӣ дар Тошканд
CentralAsia (UZ) . 15 - 16 июл бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Тошканд Конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ: ҳамбастагии минтақавӣ. Талабот ва имконот» баргузор мегардад.
Мақсади асосии форум таҳкими иртиботи таърихӣ ва дӯстона, боварӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба манфиати ҳамаи халқҳо ва кишварҳои ҳар ду минтақа мебошад.
Дар конфронс иштироки президентҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Покистон, вазирони корҳои хориҷӣ, намояндагони баландмақоми кишварҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ ва дигар давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои муътабари байналмилаливу минтақавӣ, донишгоҳу ширкатҳои иқтисодии  глобалӣ, марказҳои пешоҳанги илмӣ – таҳқиқотӣ ва таҳлилӣ ба нақша гирифта шудааст. 
Иштирокдорони форум имкониятҳои таҳрик додани ташаббусҳои   рушди ҳамкории тиҷоратӣ - иқтисодӣ, нақлиётӣ - коммуникатсионӣ ва маданӣ - гуманитариро баррасӣ менамоянд.
 
 
Ҳамкории Россия ва Туркия оид ба муқовимат бо терроризм
Лента. ру. Прокуратураи генералии Россия ва Вазорати адлияи Туркия  барномаи ҳамкориҳоро барои солҳои 2021 - 2022 ба имзо расонданд. Ҳуҷҷат дар рафти вохӯрии прокурори генералии Россия Игор Краснов ва муовини вазири адлияи Туркия Яъқуб Могул тасдиқ гардид.  
Барномаи мазкур қарори Москва ва Анқараро оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба терроризм ва киберҷинояткорӣ инъикос менамояд.
«Амалигардонии чорабиниҳои мазкур донишҳои ҳуқуқии моро ғанӣ гардонда, барои қадами устувор гузоштан дар самти ҳамкориҳои самарабахш ҷиҳати амнияти халқҳо ва кишварҳоямон шароит фароҳам меорад», - таъкид кард Краснов.
Прокурори генералии Россия ба рушди ҳамкориҳои оянда бо идораҳои соҳаи амнияти Туркия изҳори умед кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 846
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед