logo

Хабарҳо

Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои cарҳадӣ

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соати 14:55-и рӯзи 8 июли соли 2021 -ум 4 сарҳадбони қирғиз марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ғайриқонунӣ убур намуд.
Низомиёни  қирғиз  дар  тан  либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ дошта, бо силоҳи оташфишони "АК" мусаллаҳ буданд. Онҳо мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд.
Сарҳадбонони қирғиз ба амри марзбонони Тоҷикистон оид ба вайрон кардани хати сарҳади давлатӣ итоат накарда, ба сӯи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳ оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардид.
Мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, қазияро таҳқиқ менамоянд.
 
 
Эътимодномаи намояндаи доимии Тоҷикистон ба Дабири кулли СММ
Намояндаи доимии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ба Дабири кулли созмон Антониу Гутерриш эътимоднома супурд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» ва эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба масъалаҳои амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.
 
 
Ҷаласаи кории СҲШ дар самти ҷавонон
Таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми гурӯҳи корӣ вобаста ба пайгирии лоиҳаи Созишнома байни мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамкорӣ дар самти кор бо ҷавонон тариқи онлайнӣ баргузор гардид. 
Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Ризо Назарзода зимни иштирок ва суханронӣ гуфт, ки лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар самти кор бо ҷавонон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида, он барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонон дар доираи СҲШ равона шудааст.
Лоиҳаи созишнома дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарварони давлатҳои СҲШ, ки 16-17 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад, барои имзо пешниҳод мешавад.
 
 
ДУШАНБЕ 
4 мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис доир мешавад
Аз 12 июл то 7 августи соли равон дар кортҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ҶДММ «Тоҷварз» 4  мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис доир мегардад. Мусобиқоти мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон доир шуда, дар он иштироки беш аз 100 варзишгар дар назар аст.
Ба иттилои кумита, инчунин, бори аввал аз 30 июл то 7 август мусобиқа оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон бо унвони «President Cup - 2021» ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 2 мусобиқа миёни наврасони то 14 - сола ва 2 мусобиқа миёни ҷавонони то 18 - сола.
 
 
COVID - 19
Беш аз 98 дарсади сироятшудагон шифо ёфтанд
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон  29 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавирус сабт гардид. Ҳамчунин,  24 нафар пас аз муолиҷа солим гардонда шуд, - хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар маҷмӯъ, аз аввали пандемия то рӯзи 8 июл дар кишвар 13719 нафар гирифторони COVID-19 сабт шуда, аз ин то санаи зикргардида 13461 нафар (98,2%) шифо ёфтаанд. 
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз сокинон даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 909
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед