фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
МУАММОИ РАҚАМӢ
АЗ ЧАП БА РОСТ:
1.Соли пайдоиши кӯли Сарез. 3.Санаи оғози сохтмони канали Вахш. 5.Соли таъсиси мактабҳои нав дар Бухоро бо ташаббуси Мунзим ва Садриддин Айнӣ. 6. Санаи шӯриши Рофеъ ибни Лайс ба муқобили арабҳо. 7. Миқдори абёти «Силсилат – уз- заҳаб»-и Абдураҳмони Ҷомӣ. 8. Соли ба узвияти СММ шомил гаштани Тоҷикистон. 9. Соли худро пайғамбар эълон кардани Монӣ. 10. Санаи қабули барномаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт». 12. Кадом сол дар Тоҷикистон зиёда аз як миллион тонна пахта ҷамъоварӣ шуд? 13. Санаи оғози сохтмони роҳи оҳани Осиёи Миёна дар асри XIX.
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1. Соли кушодашавии Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов. 2. Санаи шӯриши Восеъ. 3. Соли ба давлати Темуриёни Ҳинд асос гузоштани Бобур. 4. Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО чандсолагии Дақиқӣ қайд шуд? 6. Санаи ба тахт нишастани Исмоили Сомонӣ. 7. Соли вафоти паёмбари ислом Муҳаммад (с). 8. Санаи оғози Ҷанги якуми ҷаҳон. 9. Соли ба Ҷоизаи байналмилалии сулҳ мушарраф гаштани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. 10. Соли ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор шудани Мирзо Турсунзода. 11. Таърихи қадимаи Саразми бостонӣ.
Алиҷон САФАРӢ, шаҳри Кӯлоб
Ҷавоб ба «Се саволи ҷолиб» аз 2 июли соли 2021:
1. Ҳамагӣ 36 кабӯтар. 2. 7 - то пули 1 сомонӣ, 1 - 3 сомонӣ, 1 - 5 сомонӣ ва 1 - 10 сомонӣ. 3. Модаркалон, модар ва духтар.
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
ҲУКМИ "ПИСАРБАЧАИ ДУЗД"
Писарбачаи 15 - сола ҳангоми дуздӣ дар мағоза ба даст афтод. Ӯ дар ҳоли фирор рафро чаппа кард.
Парванда баррасӣ мешавад ва судя аз ӯ мепурсад:
- Оё шумо дар ҳақиқат чизе дуздидаед?
- Нон ва панирро дуздида, рафро дар мағоза чаппа кардам, - посух дод ӯ.
- Чаро дуздӣ кардед?
- Ба ман лозим буд.
- Ба ҷойи дуздӣ харидан беҳтар набуд?
- Ман пул надоштам ва касе ҳам надорам, ки пулам бидиҳад. Модари беморам танҳост. Аслан, барои ӯ нон ва панир дуздидам. Пештар мошин мешус-там. Иҷозат гирифтам, то модарамро саробонӣ кунам. Боз чун сари кор омадам, дигар қабулам накарданд.
Баъд аз анҷоми пурсиш судя чунин ҳукм баровард:
“Дукондор барои ба суд додани кӯдаки гурусна ҷарима баста шавад. Ҳар касе, ки ин ҷо барои “тамошо” омадааст, 150 - долларӣ ҷарима пардозанд. Маблағи ситондашуда ба табобати модари наврас сарф шавад”.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ШАҲР БО 30 СОКИН
Шаҳри Хум ба «Китоби рекордҳои Гиннес» чун хурдтарин шаҳри ҷаҳон шомил шудааст. Он дар Ҷумҳурии Хорватия ҷойгир мебошад.
Тибқи омор, дар шаҳр то соли 2011 сӣ кас зиндагӣ дошт. Ин шумора соли 2020 ба 28 кас мерасид. Баъзе манбаъҳои дигар менависанд, ки аҳолии Хум соли 2020 то 72 кас зиёд шудааст. Новобаста аз шумораи аҳолиаш, шаҳр ҳамасола дар рейтинги хурдтарин шаҳрҳои ҷаҳон мақоми аввалро касб мекунад ва яке аз маконҳои сайёҳӣ ба шумор меравад.
Таҳияи Кароматулло АТО
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Пӯсташ ба қабурғаҳояш таранг часпидааст. Тахтапушташро то хунолудӣ харошидаанд. Бар асари беҳолу мадор будан, вазнин, канда-канда нафас мекашид. Хонае, ки он ҷо ҳамроҳи мураббиаш Бика мезистанд, пурра ба хокистар табдил меёбад. Аз ҳамон аём инҷониб Бика ӯро шаҳр ба шаҳру деҳа ба деҳа гирифта мегашт.
* * *
Ошиқон рӯи туро нури мусаввар хонанд,
Парда бардор, ки равшантар аз ин бархонанд.
Ашкрезони шабистони фироқ аз сари сӯз
Зулфу рухсори туро шамъи муанбар хонанд.
Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», аз 2 июли соли 2021:
Сорбон, Шаҳрия
.
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Дар замони салтанати Екатеринаи II обрӯи Россия дар хориҷа чунон боло рафт, ки тамоми кишварҳои Аврупо ангушти ҳайрат мегазиданд. Бахусус дипломатҳояш доим дар андеша буданд, ки ҳукумати ин кишвар то чӣ ҳад бузург аст ва чанд нафар хизматчӣ ба Малика машварат медода бошад. Ҳоли ногувори дарбориёнро дида, шоҳзода де Лин, ки сиёсати дохилии Россияро хуб медонист, вазъи воқеиро ба онҳо чунин мефаҳмонад:
- Ҷанобон, мақомоти Петербург чандон бузург нест, ки дар тасаввури шумо ҷилва мезанад. Бузург ақлу заковат ва тафаккури Екатеринаи II аст, ки сиёсати хориҷии як империяро дар худ ғунҷондааст.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ТАБИБИ «ШИКАМПАРАСТ»
Ҷон Гардези 43 - сола аз шаҳри Фейетвиллаи Амрико бо сактаи мағзи сар ба беморхона оварда шуд. Табибон ба хулосае омаданд, ки ӯро таъҷилан ҷарроҳӣ намоянд. Ҷарроҳ Реймонд теғ гирифту ба амалиёт пардохт. Ҳанӯз ҷарроҳӣ ба охир нарасида буд, ки табиб гуруснагии таҳлукаовареро эҳсос намуд, дигар тоқати дар даст нигоҳ доштани теғро надошт. Билохира, теғро як сӯ гузошту тарафи ошхона давид. Мариз бо косахонаи сари дукафон рӯи мизи ҷарроҳӣ мехобид. Баъди 25 дақиқа духтур баргашт ва гӯё воқеае нашуда бошад, ҷарроҳиро идома бахшид. Бемор шифо ёфт, вале табиби «шикампараст» - ро аз ҳуқуқи ҷарроҳӣ маҳрум карданд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
ЯК УМР ДИДУ ДУ БОР ГӮРОНДА ШУД
Соли 1705 бонуи ирландӣ Марҷори Макколл бар асари табларза аз олам даргузашт. Ӯро ба зудӣ гӯронданд, то паҳншавии беморӣ пешгирӣ шавад. Занро ба тобут бо ангуштарии гаронбаҳо гузоштанд, зеро шавҳараш онро ба иллати варами дасти маит гирифта натавониста буд.
Худи ҳамон шаб, замин, ки ҳоло нарм буд, дуздон гӯрро кофта, ангушти «гаронарзишро» буриданд. Бовар нокарданист, вале Марҷори аз буриши ангушт ба худ омада, фарёд кашид. Баъдан маълум шуд, ки ӯ на мурда, балки дар ҳолати кома гӯронда шудааст. Тақдири ғоратгарон бошад, аниқ аст, касе зинда намондааст.
Ҷон Маккол, шавҳари «худораҳматӣ», ҳамсарашро печида дар кафан ва бо дасти хуншор диду аз ҳуш рафт. Ӯро дар тобути занаш ба роҳи охират гуселонданд.
Марҷори умри дароз дид, ҳатто дубора издивоҷ карда фарзанддор шуд. Ниҳоят аз дунё чашм пӯшиду дар ҳамон қабристони Шанкилл дафн шуд. Санги мазораш бо катибаи «Як умр диду ду бор гӯронда шуд» то ҳозир боқист.
Аз русӣ тарҷумаи Наргис АТОЕВА
ДУХТАРЧАИ 9 - СОЛА БАРМАҲАЛ ПИР ШУД
Ира Химичс, духтараки 9 - сола дар Украина бар асари пирӣ даргузашт. Дар ин бора модари духтарак дар Instagram хабар додааст. "Ира даргузашт. Дирӯз дилаш аз кор монд. Офтобакам, маро бубахш, ки ин дафъа туро наҷот дода натавонистам", - навиштааст зан.
Дар панҷсолагӣ духтурон муайян карда буданд, ки духтарак ба бемории нодир - прогерия гирифтор аст. Ба гуфти табибон, ин бемории генетикист, ки дар натиҷа организм бармаҳал пир мешавад. Дар бештари ҳолатҳо прогерия дар 2 – 3 – солагӣ зуҳур карда, он асосан дар пӯст ва узвҳои дохилӣ падид меояд. Дар як сол бемор метавонад ба муддати 10 сол пир шавад. Гирифторони ин беморӣ то 13 - солагӣ мефавтанд.
Дар тамоми ҷаҳон 350 ҳолати прогерия ба қайд гирифта шудааст. Бори нахуст ин бемориро олими бритониёӣ Ҷонатон Хатчинсон соли 1886 муайян карда буд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
БАЛАНДТАРИН ШАРШАРАҲОИ ОЛАМ
АНХЕЛ
Анхел бо баландии 979 метр баландтарин шаршараи сайёраи мост. Он дар ҷангалҳои тропикии Венесуэла дар ҳудуди боғи миллии Канайма ҷой дорад. Об бо чунон суръати баланд меафтад, ки масофаи 300 метрро зарачаҳои хурди он пахш мекунанд ва гуё об ба замин нарасида, «туман» мешавад.
Бори аввал Анхелро соли 1912 сайёҳи венесуэлагӣ Эрнесто Санчес кашф кард, аммо ин кашфро дар ҷое сабт накард. Баъди 21 сол халабони амрикоӣ Ҷеймс Анхел ҳангоми парвоз дар ҳавопаймои хурди худ тасодуфан шаршараро пайдо карда, онро ба номи худ гузошт.
Таҳияи Комрон САФАР
КАШФИ НОДИР
Доштани маънии зиндагӣ яке аз роҳҳои дарозумрист. Ин таърифро кормандони коллеҷи Донишгоҳи Лондон ва донишгоҳҳои Амрико дар Принстон ва иёлати Ню - Йорк дар Стони Брук чоп карданд.
Дар таҳқиқот 9 ҳазор бритониёни аз 65 - сола боло ширкат варзиданд. Таҳқиқшавандагонро аз рӯи сатҳи беҳзистиашон ба ду гурӯҳ ҷудо намуданд. Ба гурӯҳи аввал одамони дорои некуаҳволии паст ва ба гурӯҳи дуюм нафарони сатҳи зиндагии баланддошта дохил шуданд.
Маълум гардид, ки одамони калонсоли сарватманди дорои ҳадафу арзишҳои баланд, ки ҳаёти худро қадр мекунанд, ба ҳисоби миёна назар ба гурӯҳи дигари одамон 30 дарсад бештар умр мебинанд. Назорат 8 сол идома ёфт.
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
БУНЁДИ БИНОИ 10 - ОШЁНА ДАР 29 СОАТ
Ширкати чинии «Broad Grup» бинои инноватсионии 10 - ошёнаи худро, ки дар шаҳри Чашна муддати 28 соату 45 дақиқа сохтааст, ба маъраз гузошт.
Тамоми ҷузъҳои биноро дар коргоҳ пешакӣ омода намуда, ба майдони сохт-мон интиқол доданд. Масъулони ширкат онро ба насб кардану ҷамъ овардан оғоз карданд.
Модулҳои тайёрро бо мурватҳо ба ҳам мечаспонданду ҳамвора шабакаҳои барқ ва обу корезро мегузаронданд. Онҳоро аз як минтақа ба минтақаи дигар ба осонӣ метавон интиқол дод. Ҳатто хонаҳои 200 - ошёнаро низ мумкин аст, ки бо чунин усул бунёд кард.
Ин гуна хонаҳо чӣ қадар хидмат менамоянд, ҳоло маълум нест, аммо пӯлоди онҳо метавонад то ҳазор сол устувор бимонад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ХОТИРАИ ҒАЙРИОДӢ
Ҷил Прайс бо хотираи ғайриодиаш маълуму машҳур гардидааст. Ӯ воқеаҳои на танҳо як солу ду сол, балки даҳсолаҳо пеш рухдодаро чунон дақиқ дар хотир дорад, ки вақте дар бораашон гап мезанад, гумон мебаред, ки воқеа дирӯз рух додааст. Ба иқрори худаш чунин қобилият дар ӯ аз 12 - солагӣ пайдо шудааст.
– Аз 12 - солагӣ ин сӯ ҳар дақиқаи зиндагиямро дақиқ дар хотир дорам. Метавонам дилхоҳ санаро интихоб намудаву дар бораи чӣ гуна сипарӣ шудани он муфассал маълумот диҳам, - мегӯяд ӯ.
Хотираи Ҷилро ба хотираи компютер, ки маълумотро ҷамъ намудаву ҳифз менамояд, монанд мекунанд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ТӮЙ
Дар Юнон арӯс даруни дастпӯшаш қанд мегузорад. Ин бо ниятест, ки навхонадорон зиндагии ширин ва гуворо дошта бошанд.
* * *
Беҳтарин рӯз барои издивоҷ дар Британияи Кабир рӯзи чоршанбе аст. «Агар рӯзи душанбе издивоҷ кунед, шуморо сарват ва агар тӯятон ба рӯзи сешанбе рост ояд, саломатӣ интизор аст». Чунин меҳисобанд бритониҳо.
* * *
Дар Ҳиндустон боридани борон дар рӯзи хонадоршавӣ гӯё хушбахтӣ меорад.
* * *
Аввалин торти тӯёна дар Рими қадим пайдо шудааст.
Таҳиягар Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
БА ДИГАРОН КОР НАДОШТА БОШ!
Духтараки 4 - солае дар таксӣ, назди марде нишаста буду болаззат қанд мехӯрд.
Мард гуфт: «Магар намедонӣ, ки қанд ба саломатӣ зарар дорад»? Духтарак ба ӯ нигоҳе карду гуфт:
Падарбузургам, Худо раҳматаш кунад, 115 сол умр дид. Мард ба тааҷҷуб пурсид:
- Ба сабаби қанд хӯрдан?
Гуфт: «Не! Чун ҳамеша ба кори худаш банд буду ба дигарон коре надошт». Мардро ҷавоби духтарча то ҳадде мафтун кард, ки 3 рӯз бо касе ҳарф назада ба умқи ин суханҳо фурӯ рафт...
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
ПОСУХИ СТАЛИН БА НОМАИ ОМӮЗГОРИ ПИСАРАШ
«Ба омӯзгор, рафиқ Мартишин
Номаи Шуморо дар бораи кирдорҳои ношоистаи писарам Василий гирифтам. Ба Шумо ташаккури зиёд гуфта, ҳамзамон, узр мепурсам, ки ба номаатон аз сабаби серкорӣ дертар ҷавоб менависам.
Дар ҳақиқат, Василий ҷоҳил, бесавод, хунсард аст. Фараҳмандам, ки дар симои Шумо ҳадди ақал як каси худашро эҳтиромдошта пайдо шуд, ки бо вай мисли ҳама муносибат менамояд, аз Василийи дағалу мағрур риояи қоидаҳои дабистониро талаб мекунад. Василий директору муаллимони лагандбардору тарсончакро, ки барои ин гуна одамон дар мактаб набояд ҷой бошад, масхара мекардааст. Агар Василийи беақл бо ин рафторҳояш ҳанӯз маҳв нашудааст, пас ин ба туфайли чун Шумо омӯзгорон аст.
Маслиҳати ман ба Шумо: нисбат ба Василий сахтгир бошед ва аз таҳдидҳои дурӯғини ӯ натарсед. Дар ин бора метавонед ба ёрии ман умед бандед. Мутаассифона, ман худам имкони ҳар рӯз бо Василий сарукор гирифтанро надорам. Аммо ваъда медиҳам, ки дар сари чанд вақт аз гулуяш медорам.
Иосиф Сталин, 8 июни соли 1938».
Аз русӣ тарҷумаи Бузургмеҳри БАҲОДУР
Екатеринаи II, ки ҷасорати мардона дошт, дар бораи худ гуфтааст:
- Агар мард мебудам, то рутбаи капитанӣ норасида, кушта мешудам.
ҲОЗИРҶАВОБИИ ПУШКИН
Дар яке аз базмҳои шоҳона Пушкин княгиня Горчаковаро, ки табиатан болоназар буд, ба валс даъват мекунад. Ғайри интизори Пушкини машҳур, Горчакова пас аз як лаҳзаи рақс боз меистаду ба қомати нисбатан пасти шоир ишора карда мегӯяд:
- Бубахшед, бо кӯдак рақсидан ба кас ҳаловат намебахшад.
Шоири ҳозирҷавоб бадоҳатан лутф мекунад:
- Не, хонум, шумо маро бубахшед, агар медонистам, ки дар батнатон кӯдак доред, зинҳор ташвиш намедодам.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ҲИКМАТИ 15 ДАҚИҚА
Брайан Трейс, адиби канадагӣ, хосияти наҷиби китобхониро чунин тафсир кардааст: «Агар ҳар шаб ба ҷои тамошои телевизор 15 дақиқа китоб хонед, соле тақрибан понздаҳ китоб мутолиа мекунед. Агар рӯзе понздаҳ дақиқа адабиёти классикӣ омӯзед, дар муддати ҳафт сол сад китоби бузурги адабиёти классикро хондаед. Бад-ин тартиб, ба яке аз босаводтарин афроди насли худ табдил меёбед. Ҳамаи ин бо сарфи ҳамагӣ понздаҳ дақиқа ҳосил мешаванд».
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ХИЁБОНИ ДАРЗМОЛШАКЛ
Соли 1883 дар шаҳри Уики Шотландия меҳмонхонае қомат афрохт, ки то ба ҳол назирашро ҷаҳониён ёд надоранд. Бино шакли дарзмолро дошта, паҳноияш ҳамагӣ 2 метр аст. Дар бунёди он аз санъати волои меъморӣ кор гирифтаанд. Дар дохили бино гашта, кас эҳсос менамояд, ки аз ду кӯчаи барҳаво дидан менамояд. Ҳукуматдорони Шотландия ба ин бино номи махсус - «Эбенезер плейс» - ро муносиб донистанд. Он бо дарозии 206 метр ягона ва тангтарин хиёбон - меҳмонхонаи ҷаҳон эътироф гардидааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ОДАМИ СЕАСРА
Ҷон Сми - куҳансолтарин ҳиндуро муяссар шуд, то дар се аср зиндагӣ намояд. Дар асри XVIII таваллуд шуд, асри XIX – ро сипарӣ кард ва дар асри XX фавтид.
Ҷон Смит мансуби қабилаи Чиппева буда, таърихи таваллудаш соли 1784 ва соли 1922 дунёро падруд гуфтааст.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.07.2021 №: 137 Мутолиа карданд: 2053