logo

иқтисод

БАДАХШОН. ЗАМИНҲОРО ВАЛДЕРҒОН ЗЕР МЕКУНАД. ЧӢ БОЯД КАРД?

Солҳои пеш дар совхозҳо дарави валдерғон (крух, боршевик, панҷаи хирс) як маъракаи маъмул маҳсуб мешуд. Ин маърака дар деҳот аз алафдаравӣ барвақттар оғоз мегардид. Валдерғонро хоҷагиҳо, асосан, барои тайёр кардани хӯроки омехта, силос барои чорво ҷамъоварӣ мекарданд. Азбаски он дар алафзорон бештар лаб-лаби ҷӯйборҳо мерӯид, кишоварзон кӯшиш мекарданд, ки он ҳарчи зудтар дарав карда шавад, то дигар алафҳоро зер накунад. Зеро валдерғон тез (дар як шабонарӯз то 10 - 12 см) қад мекашад (то 1 - 1,5, баъзан то 6 метр) ва баргҳояш низ калон - калон (то 80 см) буда, намегузорад, ки дигар алафҳои атроф аз нурҳои офтоб баҳра баранд.
Тавре мутахассисони соҳа иброз медоранд, валдерғон, асосан, дар нимаи дуюми асри гузашта дар тамоми манотиқи Иттиҳоди Шӯравӣ паҳн гардид. Кишти он чун хӯроки серғизо дар хоҷагиҳои чорводорӣ равнақ ёфт. Баъдтар крух тамоми киштзорҳоро зер кард. Солҳои охир олимон маълум карданд, ки аз байни 70 намуди валдерғон навъҳои бештари он ҳам барои чорво ва ҳам барои инсон зараровар, ҳатто фалокатбор мебошанд. Ҳодисаҳои фавти одамон дар пайи сӯхтани бадан аз таъсири валдерғон ба мушоҳида расидаанд. Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Россия бар он боваранд, ки на танҳо расиши танаву барги он ба ҷисми одам, балки шираи он, ки дар вақти буриданаш ҷорӣ мешавад ва ҳатто бӯйе, ки он аз худ ҷудо мекунад, ба одам зарари калон расонда метавонад. Аз таъсири он бештар кӯдакон, калонсолон ва шахсоне, ки масунияташон паст аст, зарар мебинанд. Сӯхтагие, ки аз таъсири валдерғон ба бадани инсон мерасад, одамро ба ҳалокат расонда метавонад. Бинобар ин, кишти валдерғон дар хоҷагиҳои чорводорӣ дигар тавсия дода намешавад. Минбаъд ба кишташ эҳтиёҷ нест. Вале он чунон доман паҳн кардааст, ки мубориза ҳам натиҷаи дилхоҳ намедиҳад.  Валдерғон  ба ҳар гуна доруҳои химиявӣ ҳам худро мутобиқ мекунад, тухми он бо воситаи шамол ва об зуд паҳн мегардад. 
Агентии иттилоотии русиягии “Новости” хабар медиҳад, ки имрӯз бисёр минтақаҳои ҳосилхези Россияро крух (боршевик) зер намуда, бо вуҷуди дастгириҳои сохторҳои марбута, деҳқонон дар мубориза бо он оҷизӣ мекашанд. Он хатари аз истифода баромадани бисёр заминҳои киштро бармало таҳдид мекунад. Истифода аз ҳар гуна химикатҳо то як андоза пеши роҳи паҳншавии валдерғонро гирифта метавонад. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки барои тамоман аз байн бурдани валдерғон қитъаи заруриро дар давоми 2 ҳафта 2 бор бо гербитсит коркард кардан зарур мебошад. Кислотаи аккамуляторро ҳам ба ин мақсад истифода бурдан мумкин аст. Вале, деҳқонони минтақаҳои зарардида муборизаи боэътимодтар бо крухро дар решакан кардани он мебинанд, агарчи ин кор хеле заҳматталаб мебошад. Агар дар заминҳои ҳамвор ба ин тариқи механизмҳои шудгоркунанда даст ёфтан мумкин бошад, вале дар дигар мавзеъҳо корро дастӣ анҷом додан, яъне ҳар як бехи крухро дар алоҳидагӣ решакан кардан лозим меояд. Мушкил он ҳам аст, ки крух бештар лаб-лаби ҷӯйу ҷӯйборҳо мерӯяд  ва  ин имкон медиҳад, ки тухми он тариқи оби ҷӯйҳо тез паҳн шуда, дар заминҳои кишт доман паҳн кунад. 
Тавре Суҳроб Мӯсоев, сардори стансияи таҷрибавии кишоварзии Помир, зикр кард, крухро хеле барвақт, ҳанӯз тухмаш норасида дарав, беҳтараш решакан кардан зарур аст. Зеро, вақте ки он аз давраи гулбандӣ гузашта ба воя расад, дигар тухми онро шамол ҳама ҷо паҳн мекунад ё он ба замин рехта, аз он ниҳоли нави крух мерӯяд. 
Кишвар Мамадризохонов, сардори филиали Муассисаи давлатии муҳофизати рустаниҳо ва химиякунонии кишоварзӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, зикр кард, ки коркарди рустаниҳо тавассути гербитсидҳо метавонад, валдерғонро нест кунад. Ин корро метавон дар заминҳои киштшаванда анҷом дод. Вале, мушкил он аст, ки дар алафу ришқазорон истифодаи гербитсидҳо тамоми рустаниҳоро сӯхта нобуд месозад. Бинобар ин, решакан кардани валдерғон ба мақсад мувофиқтар аст. Дар соири кишварҳо, мисли Олмон, Чехия, Эстония, Белоруссия ва мамолики скандинавӣ ҷиҳати мубориза бо боршевик кайҳо барномаҳои махсуси давлативу ҷамъиятӣ қабул шуда, амал мекунанд.
Валдерғон дар баъзе деҳоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам бисёр мерӯяд. Мутаассифона, солҳои охир, ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ  маъракаи крухдаравӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст, он хеле доман густурда, ба ҳосилнокии заминҳо халал ворид месозад. Фаъолияти Ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, дигар сохторҳои марбута дар ин самт ба чашм намерасад. Аз ин рӯ, агар хоҷагиҳои алоҳида ба таври мустақилона аз рӯи имконияташон бо ҳар роҳу восита пеши роҳи  паҳншавии валдерғонро гирифта бошанд, аксарият ба ин масъала чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Валдерғон ҳангоми паҳншавӣ на танҳо ҳудуди қитъаҳои замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, балки марзи давлатро ҳам ба инобат намегирад. Бинобар ин, аз қитъаи замини коркарднашуда ба дигар қитъаи замин мегузарад.
Олимони соҳаи кишоварзӣ дар бобати мубориза бо валдерғон ба деҳқонон чӣ тавсия медиҳанд? Масъулони соҳа дар ин бора чӣ  андеша доранд? Оё бобати мубориза бо валдерғон дар хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ягон чорабинӣ дар назар аст, ё аз он ки дар пеши чашмамон заминҳои минтақаи бе ин ҳам камзаминамон аз истифодаи кишоварзӣ мебароянд, чашм мепӯшем? 
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2021    №: 138    Мутолиа карданд: 1185
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед