logo

фарҳанг

ДИДОРҲО БО ОҲАНГСОЗИ НОТАКРОР

Таътили тобистонаи соли 1957. Ҷойи дӯстдоштаи бачагони синни 14 - 15 - сола наҳри рӯбарӯи варзишгоҳи мактаб ба шумор мерафт. Ҳамин ки офтоб ба қуллаи баландтаринаш расида, атрофу акнофро гармӣ мебахшид, мо «қурбоққаҳои обӣ», ба қавли амаки Искандар, худро ба оби зулолу рӯҳбахш меандохтему пас аз чанде ғӯта задан болои қуми тафсон ғел мезадем.
Чун анъана як рӯзи гарми моҳи июл сарҷамъ ба машқгоҳи худ омада, дар ҳайрат мондем. Ду ҷавонмарди ношинос машғули хандаву шӯхӣ макони моро ғасб намуда, оббозӣ доштанд. Мисли мо аз баландии теппа ва якеи он, ки аз дигараш каме хурдҷусса буд, болои дарахти бед баромада, сарозер худро ба об мепартофт. Ба назар чунин мерасид, ки ҷойи оббозии моро кайҳо мулки меросии худ намудаанд. Ҳамоне, ки чусту чолок буда, қаҳ - қаҳазанон қулочак кашида, масофаи дилхоҳашро тай мекард, моро дида аз об баромад. Бо чеҳраи шукуфон ба мо наздик шуда, даст барои вохӯрӣ дароз карда гуфт:
- Ҳа, парончакҳо! Биёед, шинос шавем. Номи ман Абдуфаттоҳ. Оҳангсози  оянда. Мусиқишинос.
Нигоҳҳои ҳайратзадаи моро магар ҳис кард (мо бори нахуст чунин суханони сеҳрнокро мешунидем), ки илова намуд:
- Шумо даҳ - бист нафар ҳамсолони худро гирд биёред, ман дар бораи мусиқӣ ва тарзи офаридани оҳанг  маълумот медиҳам. Мо, чор нафар, чун тир ба чор сӯ паридем ва фурсате нагузашта ёру ҷӯраҳоямонро ҷамъ овардем.
Абдуфаттоҳ болои теппаи қуми гарм нишасту мо, парончакҳо, ӯро ҳалқавор печондем ва суханони ин ҷавонмарди хандонрӯйро, ки моро чун оҳанрабо ба худ мекашид, бо шавқ гӯш мекардем. Ҳамон рӯз мо аз таърихи пайдоиши асбобҳо ва санъати мусиқӣ огоҳ гардидем. Донистем, ки халқи тоҷик мисли Борбади Марвазӣ оҳангсози машҳур ва монанди Акашариф Ҷӯраев ва Карими Шиш сарояндагони номдор ва мутрибони мумтоз доштааст. Суҳбат хеле давом карда, муроҷиати ҳамсафараш онро хотима бахшид.
- Абдуфаттоҳ, дер шуд. Моро амаки Искандар интизор.
Мо акнун фаҳмидем, ки ин ҷавонмардон меҳмони амаки Искандар будаанд ва Абдуфаттоҳ Одинаев хеши наздики ӯ ба шумор мерафтааст.  
Аз байн сиву панҷ сол гузашту мо - парончакҳо ба воя расида, соҳиби касбу кори гуногун гашта, ба ҳар гӯшаи Ватан парида рафтем. Соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид ва зарури тасдиқи Суруди миллӣ ба миён омад. Доир ба ин рӯйдод Комиссияи давлатӣ таъсис шуд. Шиноси давраи бачагиамон Абдуфаттоҳ Одинаев, ки, аллакай, оҳангсози машҳур буд, узви ҳамин комиссия гардид. Ҷаласаҳои комиссия дар бинои Шӯрои Олӣ баргузор мегардиданд. 
Ман дар тааҷҷуб будам, ки бо гузашти ин қадар солҳо мани писарбачаи сарлучу пойбараҳнаро ин марди наҷиб фаромӯш накардааст ва то ба худ омада, ба саволаш ҷавоб доданӣ будам, ки ӯро ба толори маҷлисгоҳ  бурданд.
Пас аз шаш соли дигар, аниқтараш соли 1998, мо дар чорсӯи кӯчаҳои Фирдавсӣ ва Борбад боз тасодуфан вохӯрдем.
- Ба фикрам, ҳама вақт дар парвози эҷодӣ қарор дорӣ, ҳа парончак! - бо ҳамон табассуми дилкаш ва лаҳни ширин бо меҳр дастамро фишурд. - Шунидам, ки дар бораи Карими Шиш қиссае навиштаӣ.
- Бале, устод, - каме дар хиҷолат мондам. - Пораҳояш дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Адабиёт ва санъат» аз чоп баромаданд. Ҳоло бошад, бо ҳидояти устоди маънавиам, ҳунарманди беҳамто Убайдулло Раҷабов драмае омода намуда истодаем.
- Агар номи асарро «Карими Шиш» монӣ, ман ҳатман мусиқиашро эҷод мекунам. 
Ман шитобзада ӯро бовар кунондам, ки бо ҳамин ном асарамро меофарам. Вале, афсӯс, ки оҳангсози шуҳратмандро марг амон надоду орзуи худро амалӣ карда натавонист. 
Ҳар боре, ки оҳангҳои эҷодкардаи ин ҳунарманди нотакрорро мешунавам, дарҳол лаҳзаҳои дидор бо ин марди асил пеши назарам ҷилва мезананд. Воқеан, боиси ифтихор аст, ки  Абдуфаттоҳ Одинаев тавонист мисли дигар фарзонафарзандони миллат дар ҳаёти фарҳанги халқамон саҳми хешро гузошта, аз худ нақши дурахшон боқӣ монад.
 
Зариф ҒУЛОМ, адиб
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2021    №: 138    Мутолиа карданд: 2029
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед