logo

иҷтимоиёт

ОРМОНИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ДОШТАНИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ БУД

Ягона орзуи Шириншоҳ Шоҳтемур доштани давлати миллӣ буд. Ӯ бо вуҷуди ҷавониаш барои амалӣ намудани ин ормон дар баробари дигар фарзандони сарсупурдаи миллат, аз қабили Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Чинор Имомов ва дигарон дар солҳои 20-уми қарни гузашта тамоми неру ва донишу малакаи худро сарф кард. Дарвоқеъ, дар он солҳои тақдирсоз ва ҳассосе, ки  нисбат ба миллати тоҷик ноадолатиҳои зиёде раво медиданд, бунёди давлати миллӣ кори саҳлу сода набуд. Аз таърихи халқи тоҷик дар он замон бармеояд, ки ҳукумронҳои давр ва як зумра шахсони ғаразнок мехостанд миллати тоҷикро, ки дар Осиёи Миёна тамаддун ва фарҳанги аз ҳама бою ғанӣ дошт нодида гиранд. 
Тавре Шириншоҳ Шоҳтемур дар маҷлиси Бюрои ташкилӣ аз 2 октябри соли 1924 иброз доштааст: «Пантуркистҳо исбот карданӣ мешаванд, ки дар Осиёи Миёна ғайр аз Кӯҳистони Бадахшон тоҷикон вуҷуд надоранд. Пай бурдан мумкин, онҳо ҳиммат карда танҳо вилояти мухтор барпо карданианд. Фарзандони тоҷикро ба дигар миллатҳо мансуб медонанд. Дар шароите, ки пантуркизм ҳукмфармо аст, масъалаи миллиро ҳал кардан ниҳоят душвор, илова бар ин мутаассифона, қисми равшанфикрони тоҷик ба чанголи ин вабои мудҳиш афтидаанд, сару ҳисобашонро гум кардаанд. Тақдири тоҷиконро набояд як гурӯҳ одамони оҷиз ҳал кунанд, тоҷикон мардуми муқимии ин сарзаминанд. Онҳо ҳуқуқ доранд, ҷумҳурии мустақили худро дошта бошанд, вазъияти ҳозира инро талаб мекунад. Мо ба ин ноил мегардем». 
Ин воқеаҳои таърихиву замониро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии худ ёдовар шуда, иброз доштанд: «Дар чунин даврони пуртазод сиёсатмадори фидоӣ Шириншоҳ Шоҳтемур барои дифои манфиатҳои миллии мардум иқдоми ҷавонмардонаро анҷом додааст. Маҳз ӯ ва ҳамсафонаш бар зидди ин ақидаҳои иғвогарона баромада, ҳуқуқи таърихии тоҷиконро барои таъсиси давлати миллӣ далерона ҳимоя кардаанд».
 
МО ҶУМҲУРИИ МУСТАҚИЛ ШУДЕМ!
Ниҳоят, соли 1929 орзуи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавриди ташкили Ҷумҳурии мустақили Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшид. Ва ин фарзанди баруманд дар назди миллат рисолати таърихии хешро анҷом дод. Ш. Шоҳтемур қарори Бюрои Сиёсии КМ ВКП(б) ва Президиуми КИМ-и Иттиҳоди Шӯравиро ҷиҳати аз Ӯзбекистон ҷудо кардани Тоҷикистон ва бо ҳуқуқи ҷумҳурии комилҳуқуқи мустақили иттифоқӣ ба ҳайати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ дохил шудани онро бо рӯҳбаландии бузург истиқбол кард. Он рӯзҳо барои равшанфикрон ва мардуми одии тоҷик иду ормонӣ буд: иди пирӯзӣ, иди орзую омоли ҳазорсолаи миллат.
Дар ин рӯзҳои фараҳ Ш. Шоҳтемур ба Мастибек Раҷаббеков, ходими ҷамъиятию сиёсӣ ва ҳуқуқшиноси варзида, дар шаҳри Душанбе гуфтааст: «Соли 999 давлати мустақили тоҷикони Сомонӣ ба дасти бодиянишинон аз байн рафт. Ва имрӯз, пас аз 930 сол ба муқовимати душманонаи авлодони он бодиянишинон нигоҳ накарда, бо кумаки Кумитаи Марказии ВКП(б) адолати таърихӣ барқарор мешавад ва дар Ватани худ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро бино мекунем. Ин ормони ман, ормони Нусратулло, Чинор ва дигар бародаронам буд. Сад шукр, ки орзуи мо ҷомаи амал пӯшид ва аз бандагии бегонагон наҷот ёфтем».
Ба расидани қарори КМ ВКП(б) дар бораи Тоҷикистон ҷумҳурии мустақили Шӯравии Сотсиалистӣ ба Душанбе Шириншоҳ Шоҳтемур фавран ба котибони якуми кумитаҳои ҳизбии ҳамаи округҳо мактуб навишта, таваҷҷуҳи онҳоро ба умдатарин ва мубрамтарин масъалаҳо гузарондани ин маъракаи сиёсии барои тоҷикон аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, ҷалб менамояд. 
Шоҳтемур дар мактубҳояш таваҷҷуҳи робарони ҳизбиро ба ҳалли умдаи рушди такомули иқтисодиёт ва сиёсати ҳизб дар ҷиҳати деҳқонони миёнаҳол, мураттаб намудани муносибати муҳоҷироне, ки ба водии Вахш ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ омада буданд, ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи миллатҳои камшумори туркманҳо, арабҳо, яҳудиҳо, кирғизҳо ва ӯзбекҳои сокини Тоҷикистон ҷалб менамояд.
Аз ин мактубҳо бармеояд, ки Шириншоҳ Шоҳтемур новобаста аз ҷавон буданаш дараҷаи ниҳоят баланди сатҳи сиёсӣ, ташкилочигӣ идеявӣ ва инсондӯстона доштааст.
Беҳтарин фарзандони халқ соли 1929 ба Анҷумани фавқулодаи Шӯроҳои Ҷумҳурии автономии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҷамъ омаданд ва ин анҷуман ормон ва иродаи халқро ифода карда, барои бунёди Ҷумҳурии мустақили Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва мустақиман ба ҳайати ИҶШС шомил шудани он изҳори андеша намуд. 
Кумитаи Иҷроияи Марказии ИҶШС дар қарори худ аз 12 июли соли 1929 халқро ба орзуяш расонд. Округи Хуҷанд ба ҶШС Тоҷикистон ҳамроҳ шуд. Ба ҳайати Тоҷикистон ворид шудани вилояти бостонии Хуҷанд, ки дорои марказҳои саноатӣ буд, муждае барои халқи тоҷик ба шумор мерафт.
Маҳз ҳамин хидмати мондагори Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ ва дигар меҳанпарастони замон буд, ки баъд аз 70 сол, яъне соли 1991 бо фароҳам омадани шароити мусоиди таърихӣ миллати тоҷик ба истиқлоли комили сиёсӣ муваффақ шуд ва ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун субъекти сиёсии комилҳуқуқи байналмилалӣ таъсис ёфт.
 
АЗ 90 - СОЛАГӢ ТО 110-СОЛАГИИ ШИРИНШОҲ
Барои навиштани матлаб дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон – Шириншоҳ Шоҳтемур рӯ овардам ба матбуоти замони шӯравӣ. Аз рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (8 декабри соли 1989) мақолаеро пайдо кардам, ки ба ифтихори 90-солагии ходими барҷастаи сиёсӣ Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷониби Мискин Бозичаев, лектори кумитаи ҳизбии вилояти Кӯҳистони Бадахшон, зери унвони «Фарзанди сарсупурдаи халқ» навишта шуда буд. Матлаб доир ба ҳаёту фаъолият ва ҷонисориҳои ин абармарди таърихӣ қисса мекард. 
Хотимаи матлаб таваҷҷуҳамро бештар ҷалб намуд, зеро муаллиф аз сӯзи дил чунин нигошта буд: «Имсол халқи тоҷик 90-умин солгарди Шириншоҳ Шоҳтемурро таҷлил менамояд. Аммо садҳо афсус ва ҳазорҳо ҳасрат, ки имрӯз ҳатто дар пойтахти тоҷикон ба номи ин фарзанди содиқи миллат на кӯчаву на районе ҳаст. Ҳатто садрнишинон лоиқ надонистанд, ки зодрӯзи Шириншоҳ Шоҳтемур дар тамоми ҷумҳурӣ истиқбол гардад, ба поси хотири ӯ ҷаласаи бошукӯҳе дар пойтахтамон – шаҳри Душанбе доир гардад. Охир, номи Шириншоҳ Шоҳтемур рамзи ваҳдати миллати мост. Ӯ дар ҳамин роҳ қурбон шуд».
Баъд аз расидани насими истиқлолият ва сулҳу суботи комил дар кишвари ваҳдатшиори мо номи нафароне, ки дар таърихи миллати тоҷик барои бунёди давлати миллӣ ҷонисорӣ кардаанд дубора зинда гардид. Аз ҷумла, исми Шириншоҳ Шоҳтемур. Ҳамагӣ пас аз як соли ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1998 бо   Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти саҳми Шириншоҳ Шоҳтемур дар ташкил ва ташаккули давлатдории тоҷикон бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардид. 
Сипас, соли 2006 барои хизматҳои бузургаш дар поягузории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон бо унвони олӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.
Барои абадӣ гардондани номи неку кори шоистааш яке аз хиёбонҳои зебои шаҳри Душанбе ва Хоруғ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва мактаби зодгоҳаш номи Шириншоҳ Шоҳтемурро гирифтаанд.
Бахшида ба 110 - солагии ин фарзанди баруманди халқ бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе маҷлиси ботантане баргузор шуд.
Имрӯз Шириншоҳ Шоҳтемур дар яке аз муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – асъори миллӣ (се сомона) дарҷ гардидааст.
Яке аз тадбири муҳими дигар ҷой додани рӯзгору фаъолияти ибратомӯзи Ш. Шоҳтемур дар қатори дигар бузургони миллат дар китоби гаронарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» мебошад. 
Ба роҳ мондани озмуни ҷумҳуриявии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур низ худ як навъ қадр кардани хизматҳои ин абармади таърихӣ мебошад.
Муҷиби ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист, ки миллат соҳиби давлати озоду соҳибистиқлол аст ва имсол мардуми шарифаш 30-солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегиранд. Тавре Пешвои миллат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» навиштаанд: «Имрӯз дар Ватани азизамон орзуву ниятҳои неки Шириншоҳ Шоҳтемур ва даҳҳо родмардони миллатдӯсту меҳанпараст, аз қабили ормону ҳадафҳои наҷиби давлатдории миллӣ – соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ, арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва рамзҳои давлатӣ, бузургдошти фарҳанги миллӣ ва арзишҳои волои тамаддуни ҷаҳонӣ амалӣ шудаанд ва шуда истодаанд».
Воқеан, кору пайкори фарзандони фарзонаи миллат, аз ҷумла Шириншоҳ Шоҳтемур барои мардуми кишвар ва, хусусан, мо – насли ҷавон намунаи ибрат аст. Ҳарчанд, Шириншоҳ дар айёми 38-солагӣ қурбони дассисабозиҳои замонаш шуда бошад ҳам, аммо талошу ҷонфидоиҳояш номи ӯро абадан дар таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои зарҳалин сабт намуд. 
  
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2021    №: 138    Мутолиа карданд: 715
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед