logo

иҷтимоиёт

“ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ”. ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АНҶОМ ГИРИФТ

Муҳаммадҷон Азизов донишҷӯи ихтисоси тарҷумони забони чинии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мебошад. Омӯзгори забони чинии Муҳаммадҷон Азизов бовар дорад, ки ӯ ҳамчун шахси бомаърифату хушахлоқ дар ояндаи наздик мутахассиси хуб шуда, донишҳои ниёгон ва дастовардҳои имрӯзаи илмро муаррифӣ менамояд. Сарнавишти ӯ бо забони чинӣ аз тобистони соли 2008 пайванд аст. Ӯ пас аз тамошои маросими ифтитоҳи Олимпиадаи Пекин тавассути телевизион ба фарҳангу забони чинӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард ва соли 2017 барои омӯхтани забони ин миллат ҷиддан камари ҳиммат баст.
Бо вуҷуди он ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аллакай, шумораи зиёди ҷавонон ба омӯзиши забони чинӣ машғуланд, ӯ дар зодгоҳи хеш - шаҳри Бохтар нахустин касест, ки ба омӯзиши забони чинӣ ҷиддӣ машғул гардид. Хешу пайвандон ба Муҳаммадҷон Азизов  тавсия медиҳанд, то забони англисӣ ё русиро омӯзад, аммо ӯ аз ҳадафи нахустини хеш барнагашт. Зеро аз пешрафту тараққиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва имкониятҳои фароҳамовардаи забони чинӣ бохабар буд.
Бояд зикр намуд, ки тӯли чанд соли охир омӯзиши забони чинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду нумӯ намуда, ҳамчун кишвари минтақаи марзии “Як камарбанд – як роҳ”, дар кишвари мо шумораи ихлосмандони ин забон сол ба сол меафзояд. 
“Оғози ҳама корҳо мушкил аст” ва “Оҳан бо сӯҳан ба сӯзан мубаддал мегардад” - ду мақолест, ки Муҳаммадҷон Азизов  дар оғози омӯзиши забони чинӣ шиори худ намуд. Дар рафти омӯзиши забони чинӣ ӯ низ ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гардид, аз ҷумла дар навиштани иероглифҳо. Дар муқоиса бо омӯзиши забонҳои дигар навиштани калимаҳо дар забони чинӣ ба кулли фарқ менамояд, иероглифҳо аломатҳоеанд, ки маъноҳои хос ва мазмуну муҳтавои зиёдро доро мебошанд. Аз худ намудан, дарк кардан, ба хотир овардан ва тамрин аз усулҳои омӯзиши забони чинии ҳамсуҳбати мост ва муҳим аз ҳама, истодагарӣ кардану шавқу рағбатро афзудан аст. Ҳангоми омӯзиши забони чинӣ омӯзгорони Институти Конфутсий ба ӯ ёрмандиҳои зиёд расонданд. Дарсҳои ҷолибу шавқовар ва таълими возеҳу фарогири омӯзгорон шавқу рағбати ӯро нисбат ба омӯзиши забони чинӣ афзун намуда, сатҳи забондониашро равнақ бахшидаанд.  
Дар муқоиса бо донишҷӯёни дигари забони чинӣ, Муҳаммадҷон Азизов  бештар ба омӯзиши фарҳанги Чин шавқу рағбат дорад. Ӯ омӯзиши шеъру ғазал аз ашъори классикон, қиссаҳои афсонавӣ, таомҳои чинӣ, санъати размоварии ушу ва сурудҳои чиниро бениҳоят меписандад. Институти Конфутсий саҳнаи намоиши ҳунару истеъдодҳоро муҳайё сохта, ӯро бештар ба чорабиниҳои фарҳангӣ ҷалб намуд. 
Вазъи эпидемиологӣ сар зада бошад ҳам, ӯ дар ҳамаи чорабиниҳо тавассути шабакаи интернет ширкат варзида, дар ин миён ҳам илм омӯхту ҳам пеш рафт. Соли гузашта дар асоси натиҷаи хуби омӯзиш ӯ квотаи Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба даст овард. Бо фараҳмандии зиёд омода аст, то ки баъди беҳтар шудани вазъи имрӯза барои таҳсил ба Чини куҳанбунёд сафар анҷом диҳад.
Паёми хуш ин аст, ки Муҳаммадҷон дар озмуни навбатии “Пули забони чинӣ” дар Тоҷикистон пирӯз омад. Созмондиҳандагони озмун Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
- Сипосгузорам аз Институти Конфутсий ҷиҳати ҳамасола баргузор намудани озмуни “Пули забони чинӣ”. Иштирок дар озмуни мазкур на танҳо сатҳи забондонии моро озмуда, илмҳои азхуднамудаамонро дар амал татбиқ мекунад, балки ҳамзамон, қобилиятҳои шахсии моро сайқал мебахшад. Дар давоми омӯзиш дарк кардам, ки талаботи ҷиддӣ ва пайвастаи омӯзгор калиди дари муваффақият аст. Ба дигарон тавсия медиҳам, ки дар баробари омӯзиши забони чинӣ ба фарҳангу таърихи Чин низ диққати бештар диҳанд. Лаҳзаҳое, ки омӯзгорони чинии мо аз таъриху фарҳанги ин кишвари афсонавӣ қисса менамоянд, калимаву ибораҳо, қиссаҳои таърихӣ ва мафҳумҳои фалсафӣ дар худ хирадмандӣ ва таҷрибаҳои ҳаётии зиёдеро доранд ва барои дарки фикрронии намояндагони ин миллат мусоидат мекунанд, - мегӯяд Муҳаммадҷон Азизов.
Тӯли чанд соли охир омӯзиши забони чинӣ дар Тоҷикистон ба авҷи аъло расида, дар рушди муносибату  ҳамкориҳо миёни ин ду кишвар нақши муҳимро иҷро менамояд. Чиниҳо мегӯянд: "Забони чиниро аз худ намуда, дар олам дӯстони нав пайдо намоед". 
Баъди пирӯзӣ дар озмуни “Пули забони чинӣ” нақшаву ниятҳои Муҳаммадҷон афзуданд. Нахуст ӯ мехоҳад бахши аспирантураро дар Чин хатм намояд. Пас аз бозгашт ба Ватан - Тоҷикистони азиз омӯзгори забони чинӣ шудан, аз орзуҳои деринаи ӯст.  
- На танҳо донишгоҳу донишкадаҳои кишвари мо, балки Институти Конфутсий низ дар ҷустуҷӯи омӯзгорони маҳаллии забони чинист. Агар ба раванди кори чиниҳо таваҷҷуҳ зоҳир кунед, мебинед, ки устувориву қатъият асоси фаъолияти онҳост. Умедворам, ки дар ҷодаи интихобкардаи хеш устувор мемонам ва дар пойдории дӯстии халқҳои Тоҷикистону Чин ҳиссаи шоистаи худро мегузорам, - афзуд М. Азизов.
Хотиррасон мешавем, ки имсол 20-солагии Озмуни байналмилалии "Пули забони чинӣ" ҷашн гирифта мешавад. Тӯли 20 сол озмун тавонист барои тамоми ихлосмандони забон ва фарҳанги Чин дар рӯи олам минбари намоиши дониш ва ҳунару хушсалиқагиро муҳайё созад. Ин ҷо онҳо метавонанд донишҳои хешро доир ба таърих, забону адабиёт ва фарҳанги Чин баён намуда, мубодилаи фарҳангҳоро миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар давлатҳо тақвият бахшанд. Озмуни «Пули забони чинӣ» на танҳо як ҷамъомади бошукӯҳи забони чинӣ, балки як ҳамоиши дӯстӣ ва рушди муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо мебошад. Мо минбаъд низ қадамҳои нахустини хешро устувор нигоҳ дошта, барои мардумони Тоҷикистону Чин пули мубодилаи фарҳангҳо, пайвасткунандаи қалбҳо, тақвиятдиҳандаи дӯстиву ҳамкориҳоро бунёд месозем. 
 
Институти Конфутсийи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2021    №: 138    Мутолиа карданд: 534
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед