logo

Хабарҳо

«ҶИЛВАИ РАНГҲО» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

 
Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо», ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, ҷамъбаст гардид. Маросими  ҷамъбасти он дар Муассисаи давлатии фарҳангӣ - фароғатии «Аҳорун» бо намоиши либосҳои миллӣ доир шуд. Дар маросими ҷамъбасти озмун Зафар Гулмаҳмадзода, муовини сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе, ширкат ва суханронӣ намуданд.
 
Ҳилолбӣ Қурбонзода дар маросими ифтитоҳ мақсад аз роҳандозии фестивалро гиромидошти арзишҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи фарҳанги либоспӯшӣ ва боло бурдани ҳисси зебоипарастӣ арзёбӣ кард. Мавсуф аз ҷумла гуфт: «Либоси миллӣ яке аз рукнҳои ҷудонашавандаи фарҳанги миллат буда, ёдгори нодире аз гузаштагонамон ба шумор меравад. Боиси хушнудист, ки Ҳукумати кишвар ба либоси миллӣ чун унсури муҳими худшиносӣ пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар замони истиқлолият арзишҳои миллии бонувони мо амиқ омӯхта шуда, ба он навгониҳои зиёде ворид гардиданд, ки ин шавқу завқи мардум, хусусан бонувонро ба либоси миллӣ хеле ва хеле афзуд».
Таъкид шуд, ки фестивал дар 3 давр доир гардид. Даври аввали он дар шаҳраку ҷамоатҳо ва даври дуюм дар сатҳи ноҳия, шаҳру вилоятҳо баргузор шуд. Даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе доир гашт. 
Дар он рассомону тарроҳони аз 3 то 40 - сола аз рӯи 6 номинатсия - намоиши либосҳои кӯдакон ва наврасон, барои  қаҳрамонони афсонавӣ ва хоси корвони шодӣ (карнавалӣ), либосҳои рӯзмарраи духтарон, бонувон, ҷавонписарону мардон, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ (протоколӣ) ширкат намуда, ҳунари худро нишон доданд. Иштирокчиёни беҳтарин бо диплом ва сипосномаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр  шуданд.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 771
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед