logo

Хабарҳо

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

 
ТАСС. Муносиботи Чин ва Россия давоми 20 соли гузашта ба таҳдид ва ситезаҷӯиҳои гуногун истодагарӣ намуда, сарфи назар аз тағйирёбии вазъияти байналмилалӣ бо боварӣ ба пеш ҳаракат карданд. Дар ин бора  вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар маҷлиси ботантана дар резеденсия давлатии "Дяоюйтай", ки бахшида ба 20 – солагии созишнома оид ба ҳамҷавории некӣ, дӯстӣ ва ҳамкориҳои ФР ва Чин бахшида шуда буд, баён намуд.
Бино ба гуфтаи Ван И, ҷонибҳо ҳамчун давлатҳои абарқудрат якдигарро эҳтиром ва дастгирӣ менамуданд. Ӯ, инчунин, зикр кард, ки ҳар ду кишвар ҳамеша роҳи пешгирифтаи рушди ҳамдигарро нек истиқбол мегирифтанд, дар ҳимояи манфиатҳои хеш ба якдигар ёрӣ мерасонданд ва дар шарикии стратегӣ ба ҳамдигар эътимоди беандоза доштанд. 
 
Намояндаи махсуси ИМА оид ба Афғонистон аз Ӯзбекистон боздид мекунад
CentralAsia (UZ). Хадамоти матбуоти Департаменти давлатии ИМА хабар медиҳад, ки намояндаи махсуси ИМА оид ба Афғонистон Залмай Халилзод ба Ӯзбекистон ташриф меорад.
Зикр мегардад, ки Залмай Халилзод дар конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамбастагии минтақавӣ, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ӯзбекистон  баргузор мегардад, иштирок менамояд. Ғайр аз ин, Залмай Халилзод фаъолияти ҳадафмандонаи дипломатӣ ва бадастовардани созишномаи сулҳ миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»- ро идома медиҳад. Мувофиқи маълумот намояндаи махсуси ИМА оид ба Афғонистон аз Қатар ва Покистон низ боздид ба амал меорад.
 
 
Намози Иди Қурбон дар Москва бе иштироки намозгузорон баргузор мегардад
Известия. Намози Иди Қурбон танҳо дар масҷиди ҷомеи Москва бе иштироки намозгузорон баргузор мегардад. Онҳо хутбаро метавонанд тариқи формати видеоӣ шунаванд. Чунин қарорро 11 июл Шӯрои уламои идораи дини мусулмонони Россия баровард. 
«Мувофиқи тавсияи Роспотрепнадзор ва қарори ҳукумати Москва вобаста ба таҳдиди паҳншавии пандемияи коронавирус намози ид дар Москва танҳо дар масҷиди ҷомеъ бо иштироки имомҳо, муаззинон ва ҷонишинҳои муфтӣ баргузор мегардад», - гуфта мешавад дар хабар. Шӯро тавсия дод, ки дар дигар масҷидҳо ва созмонҳои динии мусулмонони маҳаллӣ намоз нагузоранд. Ба ҷои ин, намозро дар хонаҳо адо намуда, муҳити идонаро дар доираи оила ташкил намоянд. Хутбаи идонаро тавассути формати видеоӣ дар шабакаи телевизионии «Россия 1» метавон тамошо кард.
 
 
ИМА фишанги таъсир расондан ба толибонро ҳифз менамояд
Лента. ру. Намояндаи Пентагон Ҷон Кирби дар мусоҳиба ба  Fox News иттилоъ дод, ки ИМА пас аз хориҷ шудани низомиёнаш аз хоки Афғонистон  фишанги таъсир расондан ба вазъияти ин кишварро аз даст намедиҳад. 
Кирби зикр намуд, ки мавқеи ИМА оид ба масъалаи Афғонистон  чун пештара боқӣ  мемонад ва Амрико бо мақсади банизомдарории вазъи ин кишвар дар музокирот бо террористони ҳаракати «Толибон» иштирок  меварзад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 806
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед