logo

иҷтимоиёт

30 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. МАСЪАЛАҲОИ АСОСИИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН

Тавре ҳамагон шоҳидем, дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта иқтисодиёти кишвар ба мушкилоти амиқу буҳрони шадид гирифтор шуда буд, ки он бо сабаби пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал омад. Вобаста ба қатъ шудани маблағгузориҳо аз буҷети давлатии собиқ ИҶШС, тезутунд гардидани вазъи сиёсии мамлакат ва оғоз шудани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ беш аз 7 миллиард доллари амрикоӣ зарар овард. Ин ҳама боиси пастравии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, номувозинии макроиқтисодӣ, кам шудани ҳаҷми истеҳсолот ва камбизоатии аҳолӣ гардид.
Дар давраи аввали рушди иқтисодии баъд аз Шӯравӣ, ки солҳои 1992-1997-ро дар бар мегирифт, тамоми неруву қудрати давлат барои ноил гардидан ба суботи иқтисодиву сиёсӣ ва таъсиси механизмҳои зарурии иқтисоди бозорӣ нигаронда шуд. Тайи ин солҳо ҳаҷми маҷмӯи  маҳсулоти дохилии мамлакат (ММД) беш аз се маротиба ва нишондиҳандаҳои асосии соҳаҳои воқеии иқтисодиёт аз 2 то 10 маротиба паст гардиданд. Таваррум бо суръати баланд афзоиш ёфта, камбизоатӣ хусусияти таҳдидкунандаро соҳиб гардида буд.
Дар натиҷаи бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби Роҳбари давлат - фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раванди босуръати буҳрони иқтисодӣ боздошта шуда, барои рушди иқтисоди миллӣ  заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Маҳз соли 1997 эҳёи воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон шурӯъ гардид. Дар ин давра рушди воқеии иқтисодӣ ба даст оварда шуд. Бо таъмин гардидани суботи сиёсиву иқтисодӣ, минбаъд соҳаҳои нави иқтисодиёт ба вуҷуд омада, мақсаду вазифаҳои дар барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ нишондодашуда, пурра ба иҷро расонда шуданд. Баъдан, аз соли 2000 рушди иқтисодӣ бо суръати баланд ба назар мерасад. Дар давоми солҳои 2000-2005 афзоиши ҳарсолаи ММД 9,4 фоизро ташкил дода, таваррум то 7,1 фоиз паст гардид. Ҳаҷми қарзи беруна, ки дар соли 2000 нисбат ба ММД 108 фоизро ташкил медод, соли 2005 то 38,9 фоиз кам гардид.
Соли 2009 - ум 60%- и аҳолии мамлакат дар вартаи камбизоатӣ қарор дошт. Бо қабули қарорҳои дахлдор ва чораҳои судманд, ин нишондиҳанда хеле паст гардида, ҳоло 26,5 % -ро  ташкил  мекунад. Дар ин давра барои рушди соҳаи кишоварзӣ 435 миллион доллар қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) аз ҷониби давлат бахшида шуд. Ин дастгирӣ бо мақсади ҷоннок намудани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ба шумор мерафт.
Барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, майдонҳои кишти зироатҳои асосии кишоварзӣ зиёд карда шуд.
Дар давоми 30 - соли Истиқлолияти давлатӣ зери таъсири омилҳои дохилӣ ва берунӣ иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарарҳои ҷиддӣ дид. Ин ҳолатҳо дар давоми солҳои 2008-2009 зери таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва соли 2020 бар асари пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омаданд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд: “Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид”.
Бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилот иқтисодиёти Тоҷикистон соли 2020 ба андозаи 4,5 фоиз рушд карда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 82,5 миллиард сомониро ташкил дод. Ин аз сиёсати дурусти иқтисодиву иҷтимоии Ҳукумати мамлакат дарак медиҳад, ки ин мушкилотро дуруст баҳогузорӣ намуда, рушди бемайлони иқтисодро таъмин намояд. Илова бар ин, соли 2021 интизор меравад, ки рушди воқеии иқтисод дар сатҳи 7,6% ва ММД дар ҳаҷми 92,7 миллиард  сомонӣ таъмин шавад.
Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамонро бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу суботи комил ҷашн мегиранд ва дур нест он рӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори давлатҳои тараққикардаи олам шомил мегардад.
    
Зуҳалҷон ТӮЙЧИҚУЛОВ 
номзади илми иқтисод, омӯзгори 
Донишгоҳи давлатии  тиҷорати Тоҷикистон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2021    №: 139    Мутолиа карданд: 693
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед