logo

маориф

МТМУ № 62. НОГУФТАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ

 
Дару тирезаҳои куҳна, мизу курсиҳои шикаста, сақфи бо матоъ маҳкамшуда, фарши гилини синфхонаҳо… Чӣ манзараи ногуворе дорад ин таълимгоҳ. Боварнакарданист, аммо воқеият дорад, ин манзараи МТМУ № 62 - и ноҳияи Фархор аст. Манзараи муассисае, ки  бо вуҷуди дар ҳолати садамавӣ қарор доштани синфхонаҳо, боз ҳам 230 хонандаро ба таълим фаро гирифтааст. 
 
ОН ЧИ АЁН АСТ...
Чанде пеш ба ин таълимгоҳ рафтам. Дар кабинети тангу торик ва вайронае як гурӯҳ омӯзгорон нишаста буданд.  Баъди салому алейк аз онҳо суроғи директори таълимгоҳро гирифтам. Ҳабибулло Раҳмонов, директори муассисаи мазкур, ки ӯ ҳам он ҷо нишаста буд, худро шинос намуд. Баъдан маълум шуд, ки ин кабинет ҳам вазифаи дафтари кории директор ва хонаи муаллимонро иҷро мекардааст. Хостам бо омӯзгорон доир ба мушкилоти муассиса суҳбате дошта бошам. Ҳама бо як овоз «Он чи, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест» гуфтанд.
Тавре дар акс мебинед, бинои муассиса рехтаву валангор, дохили бино, хусусан 3 синфхонаи бинои якум (садамавӣ) торику танганд. Фарши дар замистон наму дар тобистон чанг, деворҳои рехта солҳост, ки ба сифати таълим халал мерасонад. Ашёи хониш - мизу курсӣ ва тахтаҳои синфӣ дар ин замони  пешрафти илму техника «мактаби куҳна» - ро ба хотир меорад.Таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 62 - и деҳаи 5 - солагии Тоҷикистони ноҳияи Фархор аз раванди навсозиву мувофиқ кунондан ба шароити замони муосир дар канор мондаанд.
Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки муассисаи мазкур ҳанӯз соли 1996 ҳамчун мактаби  ҳаштсола сохта шудааст. Баъдтар бо сабаби зиёд шудани хонандагон ва норасоии ҷойи нишаст бинои иловагии таълимӣ сохта, онро ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил доданд. Вале, бо мурури замон, бинои дуюм низ мушкили норасоии ҷойи нишастро бартараф карда натавонист. Аҷиб ин аст, ки ин таълимгоҳ як солу ду сол не, балки солҳост, ки  дар чунин ҳолат қарор дорад, вале масъулони соҳа дар ҳалли мушкилоти он чорае  намеандешанд. Маҳз ҳамин паҳлуи масъала моро водор сохт, ки роҳ сӯи ин муассисаи таълимӣ бигирем.
 
ТАЛОШҲОИ БЕНАТИҶА
Дар нақша буд, ки қатори иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ муассисаи нав бунёд шавад, аммо бо сабаби норасоии маблағ ин кор иҷро нашуд.
- Аз ҳолати муассиса мақомоти дахлдор огаҳанд, аммо пешравие дар самти беҳтарсозии он ба чашм намерасад. Даҳҳо маротиба ба шуъбаи маорифи ноҳия муроҷиат кардем. Ҳоло яке аз проблемаҳои умдаи муассиса норасоии ҷойи нишаст аст. Чанд сол пеш бо дархости шуъбаи маорифи ноҳия аз якчанд таълимгоҳ курсиҳои истифодашуда овардем. Аммо чи хеле ки дидед, мизу курсиҳо шикастаанду бисёре аз  онҳоро харак  иваз намудааст, - гуфт Ҳабибулло Раҳмонов.
Аз чанд мақомот омада, акс гирифта рафтанду барнагаштанд. Мушкилот ҳанӯз боқист. «Девори яке аз синфхонаҳо кафидааст. Чи хеле мебинед, гирду атрофи онро шӯра хӯрда. Мабодо дар вақти дарс чаппа шавад, ҷавоби инро кӣ медиҳад?», - гуфт Асомиддин Ҳакимов, муовини директор. 
Фарши синфхонаҳо валангор, бӯйи намӣ ва ҳавои вазнини онҳо, албатта, ба саломатии омӯзгорон ва шогирдон таъсири манфӣ дорад. Ҳолати синфхонаҳои садамавӣ  ба талаботи санитарию гигиенӣ  ҷавобгӯ нест. Зеро дар пайи боридани барфу борон намии замин зиёд шуда, ба солимии шогирдон зарар дорад. 
Баъзе волидони хонандагон аз тарси садамавӣ будани бинои муассиса ва шароити бад доштани он фарзандонашонро бо вуҷуди дар масофаи дур ҷойгир шудан ба дигар муассисаҳои таълимӣ мебаранд. Баъзеҳо ба хонаи наздикон барои идомаи таҳсил равон мекунанд, ки ин ҷиҳати масъала низ нигаронкунанда аст. 
 
ВАҚТЕ КИТОБИ ДАРСӢ НАМЕРАСАД…
Камбудиҳои муассиса бешуморанд.  Дар мавриди мушкилоти шароити таълимӣ ҳоҷати гап нест, чун ҳама чиз рӯшан гашт. Аммо, бовар кунед, вақте дар мактаб китоби дарсӣ намерасад, ин ҷиҳати масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ мехоҳад. «Аз соли 2000 китоби дарсии алгебраи синфи 8 нодир шудааст. Дар муассиса ҳамагӣ 1 китоби алгебраи синфи 8 мавҷуда аст. Он ҳам барои хонанда ва ҳам барои истифодаи омӯзгор мебошад», - мегӯяд, Холмурод Қараев, омӯзгори фанни алгебра.  
«Баъд аз дархости пай дар пай дар мавриди китоби алгебраи синфи 8, барои соли хониши дарпешистода як миқдор китоб оварданд, ки ин ҳам басанда нест. Дар баробари ин, китоби дарсии физикаи синфи 8, забони русии синфи 6 намерасад. Муассиса то ҳол китобхона надорад, ки далели рӯшани норасоии китоб аст. Умедворем, ки баъди нашри ин матлаб норасоии китоб ҳарчи зудтар ҳалли худро меёбад», - гуфт Асомиддин Ҳакимов. 
 
МАСЪУЛОН ОГАҲАНД, АММО…
Хайрулло Шоҳимардонзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор, бо вуҷуди далелҳои овардашуда, норасоии китобҳои дарсиро инкор кард. Аммо аз ҳолати садамавии 2 синфхона изҳори нигаронӣ намуд. Инчунин, таъкид дошт, ки сохтмони таълимгоҳ ба зиммаи мо нест, аммо ҷиҳати таъмири синфхонаҳои садамавӣ дар ҷустуҷӯи сармояем. Барои бунёди муассисаи замонавӣ дар заминаи ин муассиса то ҳол чизе гуфта наметавонам. 
Дилшод Сафарзода, сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, вобаста ба мушкили мазкур чунин гуфт: «Сохтмони муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, таъмиру тармими мактабҳо бар зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳост. Масъулон бояд дурнамои зиёдшавии аҳолиро дошта бошанд ва дар робита ба ин, бунёди муассисаҳои таълимиро ба нақша гиранд».
Тахтаҳои синфӣ ва мизу курсиҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 62, ки муддати тӯлонӣ хизмат намудаанд, кайҳо бояд иваз мешуданд, вале афсӯс чунин нашудааст.
Дар хусуси синфхонаи компютерӣ, кимиё, биология ва омодагии дифои ҳарбӣ ҳоҷати сухан ҳам нест. 
Маориф, яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки ин ҳақиқати бебаҳс аст. Бунёду навсозии садҳо муассисаҳои таълимӣ аз марказ то дурдасттарин деҳаҳои кӯҳистони Тоҷикистони азиз, бахусус дар чанд соли охир далели ҳамин гуфтаҳоянд.
Вале, аҷабо! Ҳисси масъулиятшиносии мутасаддиён куҷост? Чаро дастандаркорони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия масъулиятро бар дӯш намегиранд?
 
Лола РИЗОӢ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2021    №: 139    Мутолиа карданд: 8221
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед