logo

иҷтимоиёт

КАРИМ ҲАЙДАРОВ АЗ ДУНЁ ДАРГУЗАШТ

 
Санаи 06.07.2021 қалби пур аз меҳру муҳаббати доктори илми тиб, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдаров  Карим Ҳайдарович  дар синни 87 - солагӣ аз тапидан бозмонд.
Мавсуф солҳои 1951-1953 дар мактаби тиббии Душанбе таҳсилро идома додааст. Аз соли 1953 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсилро оғоз намуда, онро соли 1959 бо ихтисоси духтури табобатӣ хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ дар беморхонаи шаҳри Норак ҳамчун сардухтур фаъолият дошт. Соли 1960 ба аспирантура дохил шуд. Соли 1964 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Омӯзиши қиёсии фармакологии «Триакантин» ва “Папаверин” дифоъ кард. 
Аз соли 1963 то 1964 аввал ба ҳайси ходими хурди илмӣ, баъдан то соли 1965 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи ходими калони илмӣ, аз соли 1965 то 1968 ходими калони илмӣ ва солҳои 1968-2005 ҳамчун мудири шуъбаи биофармакология, мудири озмоишгоҳи фармакологияи Институти химияи ба номи В.И.Никитини АМИТ фаъолият намудааст. Соли 1972 рисолаи докторӣ дифоъ кард. Солҳои 1991-1995 раиси Кумитаи фармакологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, солҳои зиёд дар кафедраи фармакологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба сифати ассистент ва профессор сабақ додааст. Самтҳои асосии таҳқиқоташ ба ҷустуҷӯ ва таҳияи доруҳои нав дар асоси синтези химиявӣ ва рустаниҳои доруии Тоҷикистон бахшида шудаанд. Ҳамроҳи кормандонаш ба саноати тиббӣ доруҳои «Триакантин», «Карбатин», «Равғани ангат»-ро, ки бо тарзи нав ҳосил карда шудаанд, тавсия додааст. Доруҳои бадастовардааш «Тимогар» ва «Тимотсин» барои муолиҷаи бемориҳои ҷигар, роҳи меъдаю рӯдаҳо, узвҳои такягоҳ, ҳангоми беҳолати ҷисмонӣ истифода мегарданд. Асосгузори мактаби фармакологҳо дар соҳаи синтези химиявӣ ва пайвастҳои табиӣ мебошад. Соҳиби беш аз 370 таълифоти илмӣ, 80 навоварӣ ва кашфиёт аст. 
Хизматҳои шоёни шодравонро ба назар гирифта, ӯро соли 1989 ба унвони Ихтироъкори шоистаи Тоҷикистон сазовор донистанд.  Аз   соли 1997 инҷониб Академики АМИТ, дорандаи Ҷоизаи Шӯрои вазирони Тоҷикистон (1988), Ҷоизаи ба номи С.У.Умарови АМИТ  (2009) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (2020)  гардидааст.
Ӯ узви Шӯрои диссертатсионӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи кимиёи ба номи В.И. Никитини  АМИТ ва дигар шӯроҳои диссертатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Таҳти роҳбарии шодравон Ҳайдаров К.Ҳ.  шогирдони зиёд рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд.  Дар баробари устоди сахтгир будан, инчунин, насиҳатгар ва маслиҳатгари шогирдон ва аҳли ходимони ҷавони институт буд. Устод ҳамчун пири кор дар ҳама ҷамъомадҳо сухан намуда, ҷавононро барои меҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ ва дастгирӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят менамуданд. 
Мавсуф аз соли 2013 то дами охир ба ҳайси сарходими илмии озмоишгоҳи фармакологияи Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ фаъолият намуд. 
Дар симои Карим Ҳайдаров кишвар ва илми тоҷик яке аз олимони барҷаста, табиби боистеъдоди соҳаи фармакологияро аз даст дод. Чеҳраи гарми нуронӣ ва суханҳои пандомези падаронаи ӯ то дер дар дили аҳли кормандони институт хотирмон хоҳад монд.
 Аҳли кормандони Институти кимиё аз марги Ҳайдаров Карим Ҳайдарович, сахт андуҳгин буда, ба пайвандон ва наздикони шодравон аз даргоҳи Илоҳӣ сабри ҷамил хоҳонанд. 
 
Аҳли кормандони Институти кимиёи АМИТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2021    №: 139    Мутолиа карданд: 570
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед