logo

иҷтимоиёт

АЗ ҶАВОНМАРДӢ ТО ҲИММАТБАЛАНДӢ

 
Пас аз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ кишвари мо ва мардумамон чи рӯзҳои пурдаҳшатеро аз сар гузаронданд, ба ҳамаи шоҳидони воқеаҳои рухдода маълум аст. Имкони пошхӯрии миллат ва маҳви давлати тоҷиконро ба вуҷуд оварда буданд. Шинохти дӯст аз душман ба осонӣ даст намедод. Шумори зархаридону фиребхӯрдагон меафзуд. Ин, албатта, дар замоне рух дод, ки инсон кайҳонро фатҳ кардаву ба асрори он бештару беҳтар таваҷҷуҳ зоҳир мекард. 
Ҳарчанд қиёси ахири садаи гузашта бо аввали он мантиқан чандон дуруст намеафтад ва тафовут қариб аз замин то осмон мебошад, аммо барои ибратомӯзӣ, такрор нагардидани хатоҳои пешин он мусоидат менамояд. Дар ҳар ду давра ва сохт мақсад як буд: чи навъ миллати қадимаву мутаммадини тоҷикро маҳв намуду давлаташро инкор кард. Дар ҳақиқат, агар ин масъала дуруст дарк нагардад ва чашмро бо шинохти ҳақиқат беҳтар накушоем, метавонем ҳар лаҳза ҷабри таърихро бикашем ва оқибат нестиро худ барои худ даъват бинамоем.
Дар он рӯзгори пешин ақлу хирад ва ҷонфидоии бисёр шахсиятҳои асил сабабгори пойдории миллат, бунёди давлати навини тоҷикон шуда тавонистанд. Номи ҳеҷ кадомеро таърих ба дасти фаромӯшӣ нахоҳад дод. Аммо зикри ин нукта басо муҳим аст, ки дар ҷанги даҳсолаи охири садаи гузашта хидмату ҷоннисории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барои пойдории миллат ва давлати тоҷикон беназир буд. Муборизаҳо шиддатноктар мегардиданд ва умедҳои мардум қариб ки ба бод мерафтанд.
Ин ҳақиқат ниёз ба собит сохтан надорад, ки Пешвои миллат ба фарзандони фидокор ва содиқи Ватан дар он рӯзгор, яъне аввали садаи XX, унвонҳои Қаҳрамони Тоҷикистонро дод. Дар ин қатор номи Шириншоҳ Шоҳтемур низ буд. Чунин қадрдонӣ сабаб гардид, ки миллат ба қаҳрамониҳои ин марди ҷасуру ҷонфидо ошноии бештар пайдо бикунад. Бешак, то ин вақт, яъне 27-уми июни соли 2006, аз рӯзгору пайкори ӯ камтар бохабар буданд. Ҳамзамон, бо таъкид иброз доштанд: «Дар даҳсолаи охири асри XX ба сари халқу Ватани мо ҳодисаҳои мудҳишу фоҷиабор таҳмил гардида, барои саркӯбсозии миллати тоҷик ва мисли ҳангомаҳои даврони Шириншоҳ Шоҳтемур кӯшишҳои баршикастани давлату давлатдории миллии тоҷикон дар либоси дигар ба ҷилва омад. Аммо таҷрибаи талхи таърихӣ ва ақлу заковати фитрии халқи мо имкон доданд, ки дар муддати кӯтоҳ сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пирӯз гардида, кулли сокинони мамлакат ба эъмори давлати соҳибистиқлоли навин ва ба тақозои замони муосир ҷавобгӯ шурӯъ намоянд.»
Сарвари давлат ба ин масъала қариб зимни ҳамаи баромадҳояш махсус таваҷҷуҳ зоҳир ва таъкид менамояд, ки бо шинохти вазъи муосир ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳем. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳам ба пайравии Пешвои миллат, ҷонибдории сиёсати хирадмандона ва давлатсозияш озмуни навбатиро эълон кард. Дар ҳақиқат, озмуни мазкур бисёр пардаҳои асрорро аз рӯи кору рӯзгори шахсияти нотакрори миллат Шириншоҳ Шоҳтемур бардошт. Ба ин васила ба қаҳрамониҳои бемислаш бештару беҳтар маълумот ба даст оварданд. Ин ҳама таъсири неки худро дар боло бурдани рӯҳияи худшиносӣ, дӯстдории давлату миллат, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи он гузошт ва минбаъд низ мегузорад.
Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки охири моҳи ноябри соли 1935 ба хотири баргузории 30 – солагии эҷодиёти нависандаи маҳбуби халқи Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ комиссияи ҷашнӣ таъсис ёфта будааст. Аз рӯи матлаби 17 ноябри соли 1935 нашргардидаи «Тоҷикистони сурх» (ин замон «Ҷумҳурият») барои таҷлили ин ҷашну санаи фархунда як комиссия таҳти роҳбарии Шириншоҳ Шоҳтемур қарор доштааст. Рӯзнома, инчунин, иттилоъ медиҳад, ки «Ба рафиқ Лоҳутӣ даъватнома фиристода шудааст, ки то ба Сталинобод омада, ба гузарондани юбилей иштирок намояд».
Алӣ  Хуш, хабарнигори «Ҷумҳурият», 26 ноябри соли 1935 аз ин маҷлис барои хонандагони рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» гузориш додааст.
Устод Лоҳутӣ барои ширкат наварзиданаш дар ин маҷлиси тантанавӣ чунин маъзарат хостааст: «Аммо масъулияти кори Правленияи Иттифоқи нависандагони Советӣ ба ман имконият намедиҳад, ки аз Маскав бароям».
Ин маҷлис тибқи маълумоти рӯзнома 26 ноябри соли 1935, соати 7-и бегоҳ дар Театри давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад. Шириншоҳ Шоҳтемур, раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Тоҷикистон, дар бораи зиндагонӣ ва кори устод Садриддин Айнӣ нутқи муфассал эрод мекунад ва маҷлиси тантанавиро расман мекушояд.
Ба ин муносибат пештар, яъне 13 ноябри ҳамон сол қарори Президиуми КИМ ҶСС Тоҷикистон бо имзои Шириншоҳ Шоҳтемур ба тасвиб мерасад. Тибқи он кӯчаи Обком, мактаби № 25, техникуми занонаи шаҳри Сталинобод, ҷамоати Уялии райони Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) ва мактаби Беҳбудии шаҳри Хуҷанд ба номи Садриддин Айнӣ гузошта мешавад.
Пас аз ду сол, яъне соли 1937, устод Садриддин Айнӣ низ дар баробари як қатор шоирону нависандагони тоҷик ба миллатчигии буржуазӣ ва тротскигӣ – зиновевчигӣ айбдор карда мешаванд. Баъзе аз адибони «гунаҳгор» зиндонӣ мешаванд ва дар солҳои гуногун дар маҳбас вафот мекунанд.
Шириншоҳ Шоҳтемурро низ дар ҳамин сол чун душмани халқ маҳв месозанд. Дар он рӯзгор ҳар кӣ бедортар буду ба нафъи миллат, истиқлоли он, шинохту ҳифзи сарзамини аҷдодӣ овоз равшан менамуд, бешак, маҳв мешуд. Ин ҳақиқат барои онҳо, хоса Шириншоҳ Шоҳтемур, бисёр ошкор буд. Дар иҷрои ин гуна корҳои бошараф сина сипар кардану ҳастии худро барои пойдории миллат бахшидан аз дасти ҳар кас намеомад.
Тибқи маълумоти расида ин шахсияти асилу маъруфу маҳбуб дар он солҳои бас душвор барои гиромидошти забони тоҷикӣ, кушодани мактабҳои тоҷикӣ, ҳифзи манфиатҳои миллат бо ҷасорати том фаъолият намуда, тамоми тадбирҳои заруриро бо истифода аз вазифаи масъулиятнокаш, донишу таҷрибааш андешидааст. Албатта, медонист, ки анҷоми ин ҳама марг, қатл мебошад. Ин гуна фаҳмиши дурусту интихоби ҷасуронаву ҷавонмардона ба ӯ зиндагии доимӣ бахшид, як зиндагии пурифтихор, бо амалҳои ибратомӯзу мондагор.
Ҷойи тааҷҷуб ва шигифти беандоза аст, ки чунин родмарде мисли Шириншоҳ Шоҳтемур чун «душмани халқ» эълон гардида, парронда мешавад. Оре, дар асл ӯ на душман, балки ҷонфидои халқ, дӯстдори миллату давлат ва сарзамини аҷдодияш буд.
Дар ҳақиқат, соли 1956 «душмани халқ», яъне Шириншоҳ Шоҳтемур, расман сафед шуд ва эътироф гардид, ки ба ноҳақ кушта гардидааст. Аммо ба поси заҳматҳо, ҷонфидоиҳояш, он гуна ки имрӯз аст, гиромияш надоштанд. Масъулон, мутахассисон дар иҷрои ин амал аз худ тарсиданд. Бо ин гуна қиёс аз пуштибонӣ, муаррифӣ, қадрдонии ӯ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, албатта, тамоми миллат миннатпазир мебошад. Воқеан, ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ки таъкид медорад: «Имрӯз дар Ватани азизамон орзуву ниятҳои неки Шириншоҳ Шоҳтемур ва даҳҳо родмардони миллатдӯсту меҳанпараст, аз қабили ормону ҳадафҳои наҷиби давлатдории миллӣ - соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ, арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва рамзҳои давлатӣ, бузургдошти фарҳанги миллӣ ва арзишҳои волои тамаддуни ҷаҳонӣ амалӣ шуданд ва шуда истодаанд».
Ҳамчунон, вазифаи ҳар зиёи равшандил аст, ки дар муаррифии хидматҳои мондагори ин ҷонфидои миллат ва дар рӯзгори вазнини миллат саҳми назаррас бигирад. Аз ҷумла, ба ин хотир нашри баромадҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ба муносибати 30-солагии эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ ва дигар баромадҳояш дар шакли китоби алоҳида дар он рӯзгор бисёр муҳим мебошад.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2021    №: 139    Мутолиа карданд: 568
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед