Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
АИР «Новости». Қувваҳои амнияти Афғонистон зимни амалиёти махсус раҳбари разведкаи ҳаракати «Толибон» Қорӣ Шагасро ба қатл расонданд, - хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии кишвар.
Известия. Дипломатҳои консули генералии Россия дар Мазори - Шариф, ки муваққатан дар шаҳри Ҳайратон кор мекарданд, ба Ӯзбекистон кӯчонда шуданд, - хабар додааст намояндаи расмӣ ва котиби матбуоти ВКХ-и Ӯзбекистон Юсуф Кобулҷонов.
ТАСС. Дар Олмон аввалин бор шумораи пурра ваксинагузарондагон бар зидди коронавирус аз теъдоди онҳое, ки ягон вояи ваксина нагузарондаанд гузашт. Дар ин бора шабакаи телевизионии N-tv хабар додааст.
Газета. ру. Дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея ҷиҳати муайян намудани мубталоёни бемории коронавирус тахминан 35 ҳазор нафар аз тест гузашт, вале ягон ҳолати сироятёбӣ ошкор нагардид,- хабар медиҳад Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1008