logo

Хабарҳо

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

 
Лента. ру. Ҳаракати иртиҷоии «Толибон» танҳо баъд аз комёб шудан ба созишномаи сиёсӣ ба оташбас розӣ мешаванд. Чунин талаботро намояндаи идораи сиёсии ҳаракати болозикр дар Дубай Суҳайл Шоҳин ба АИР «Новости» баён кард.
Шоҳин тавзеҳ дод, ки музокироти байниафғонӣ дар асоси созишномаи Доҳа баргузор мешавад. Мувофиқи он ҷонибҳо нахуст нақшаи сиёсии банизомдарории муноқишаҳоро баррасӣ намуда, баъдан ба мубоҳиса    ҷиҳати оташбас мепардозанд. «Мо ҳоло ҳам дар раванди музокирот дар бораи нақшаи банизомдарории муноқишаҳо қарор дорем», - зикр кард намояндаи «Толибон».
 
 
Изҳороти СҶТ оид ба вазъи коронавирус дар ҷаҳон 
Известия. «Ҳафтаи гузашта чорумин ҳафтае буд, ки афзуншавии шумораи ҳолати гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон ба қайд гирифта шуд. Чунин афзоишро дар шаш минтақаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ғайр аз як минтақа мушоҳида карданд. Баъд аз 10 ҳафтаи кам гардидани ҳолати марг он низ афзуд», - гуфт раҳбари СҶТ Тедрос Гебрейесус .
Ӯ, инчунин, зикр кард, ки алҳол ҷаҳон вазъияти пуршиддати инфексияи коронавирусро аз сар мегузаронад.
Қаблан корманди калони илмии СҶТ Сумя Сваминатан иттилоъ дод, ки айни замон дар ҷаҳон зиёда аз 100 ваксина бар зидди коронавирус дар ҳоли коркард қарор дорад, ки онҳо метавонанд бар зидди пандемия фоидаовартар бошанд.
 
 
Боздошти гурӯҳҳои террористӣ дар Беларус
Лента. ру. Дар Беларус якчанд гурӯҳи террористиеро, ки аз хориҷи кишвар идора мешуданд, боздошт намуданд. Айни ҳол онҳо ба гуноҳони худ иқрор шудаанд. Дар ин хусус шабакаи телевизионии ОНТ бо истинод ба изҳороти Кумитаи амнияти давлатӣ хабар додааст. 
Тафтишоти фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ҷиҳати содир намудани як чанд ҷиноят, аз ҷумла барои кӯшиши оташ задани таҷҳизоти ҷангал, кандани хати алоқаи Флоти ҳарбӣ – баҳрии Россия дар Вилейки назди Минск ва сӯиқасд ба ҷони журналисти шабакаи телевизиони давлатии Беларус Григорий Азаренко идома дорад.
 
 
Путин аз муносиботи номуътадили солҳои охир бо Украина сухан гуфт
RT. Президенти Россия  Владимир Путин дар мақолааш «Дар бораи таърихи муштараки русҳо ва украинҳо», ки дар сомонаи Кремл интишор гардид, дар бораи зарар дидани Украина аз гусаста шудани иртиботи иқтисодӣ бо Россия сухан гуфт.
«Айни замон Киев дар муносибот бо Россия ақидаҳои сиёсии худро дорад, вале дар солҳои 1991 – 2013 танҳо аз ҳисоби арзиши пасти газ Украина барои буҷети давлатӣ беш аз 82 миллирад доллар сарфа карда буд. Дар ҳолати ҳифзи робитаҳои иқтисодӣ миёни ҳар ду кишвар,  Украина даҳҳо миллиард доллар фоида ба даст меовард», - зикр кард Путин.
Дар мақолаи хеш ӯ муносиботи номуътадили солҳои охирро мусибати ҳар ду кишвар арзёбӣ кардааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 784
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед