logo

Хабарҳо

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

 
Дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (синфҳои 11) баргузор шуд.
Дар он Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини якуми вазири маориф ва илм, Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои маорифи шаҳр иштирок намуданд.
Барои шумораи зиёди ҷойҳои ифтихории бадастоварда дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон ва ишғоли ҷойи якум байни вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо Ҷом ва Сипосномаи Вазорати маориф ва илм мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он қадр гардиданд.
Дастаи олимпии шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 663 ҷойи ифтихорӣ (144 ҷойи якум, 230 ҷойи дуюм, 289 ҷойи сеюм) сазовори мақоми аввал шуд. 
 
 
ҶОИЗАИ АББОС АЛИЕВ ТАЪСИС ЁФТ
Нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» бо мақсади рушди пажӯҳишҳои таълимию методӣ, интишори бештари асарҳои илмиву публитсистӣ ва адабие, ки баҳри баланд бардоштани савияи хештаншиносии насли наврас таъсиргузоранд, ба хотири гиромидошти аввалин нозири маорифи Тоҷикистон ва профессори тоҷик, яке аз таъсисдиҳандагони матбуоти миллӣ Аббос Алиев ба номи ӯ ҷоиза таъсис дод.
Озмун барои дарёфти Ҷоизаи Аббос Алиев дар ду сол як маротиба баргузор гардида, дар он олимон, адибон, рӯзноманигорон, омӯзгорон ва шахсони машғул ба дигар касбу соҳаҳо новобаста ба синну сол, маълумот ва дараҷаи илмӣ иштирок карда метавонанд. 
Ҷоиза дорои шаҳодатнома, нишон ва маблағ (3 ҳазор сомонӣ) буда, дар арафаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.
 
 
МЕДАЛҲОИ ТИЛЛО ВА НУҚРАИ  ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК
Бо сабаби пандемияи коронавирус олимпиадаи JBMO - 2021 (Олимпиадаи математикаи Балкан барои наврасон), ки дар Ҷумҳурии Молдова баргузор гардид, дар шакли онлайн гузашт. Дар олимпиада Азамат Душанов, хонандаи синфи 8-и литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар байни 144 иштирокчӣ аз 24 давлат сазовори ҷои аввал ва медали тилло гардид.
Ҳамчунин, олимпиадаи байналмилалии фанни информатика (IOI) дар давлати Сингапур, ки он ҳам дар шакли онлайн баргузор шуд, аз дастаи мунтахаби кишвари мо хонандаи синфи 11-и литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Муҳаммад Ҳокимиён дар байни 351 иштирокчӣ аз 84 давлат медали нуқра ба даст овард.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1035
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед