logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ.  СОМОНА АЗ НАВ ФАЪОЛ МЕГАРДАД
Вазорати адлия ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсия ва қонунҳо, инчунин бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 4 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (як қонуни том), 7 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намудааст. Дар ин бора Музаффар Ашуриён, вазири адлия, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба саволи хабарнигори «Ҷумҳурият» дар иртибот ба фаъол набудани сомонаи вазорат (охирин хабар таҳти унвони «Чорабинӣ баҳри ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта» 26 феврали соли 2021 нашр шудааст) Музаффар Ашуриён чунин посух дод: «Дар ҳақиқат, фаъолияти баъзе паҳлуҳои вазорат нашр намегардад. Дар иртибот ба ин, мо шахси масъули сомонаро вазифадор кардем ва ин мушкилӣ ҳалли худро хоҳад ёфт». 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ДАЛЕР ҶУМЪА:  «12 ЛОИҲАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ТАТБИҚ ХОҲАД ШУД”
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки вазорат бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар баробари бунёди неругоҳҳои барқи обии нав, ба масъалаи барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ҳоло корҳои таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» идома дошта, баъди таҷдиди пурра тавоноии умумии ин се неругоҳ нисбат ба тавоноии воқеии имрӯзаи онҳо 374 МВт афзоиш меёбад. 
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар марҳилаи татбиқ қарор доранд, ки дар доираи онҳо 1,3 миллиард доллари амрикоӣ ҷалб шудааст. Илова бар ин, татбиқи ҳафт лоиҳаи дигар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла «Сохтмони неругоҳи барқи обии Себзор», «Электрофикатсияи деҳот», «Бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ-Шуғнон» – марҳилаи 1, «Бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ-Шуғнон» – марҳилаи 2, «Марҳилаи ҳафтуми лоиҳаи Шуғнон ё худ ҷорӣ намудани низоми электронии пардохти ҳаққи неруи барқ», «Бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ барои пайвасткунии Дарвоз - Ванҷ ба шабакаҳои асосии ширкати «Помир Энерҷӣ» ва лоиҳаи  хусусии  энергетикии  Помир - марҳилаи 3  бо маблағи 96,9  миллион доллар идома дорад.
 
Кароматулло АТО,  
“Ҷумҳурият”
 
 
 
БОЛОРАВИИ НАРХИ САБЗӢ.  ВАЗИРИ КИШОВАРЗӢ САБАБҲОИ ОНРО ШАРҲ ДОД 
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, дар нимсолаи якуми соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 12 миллиарду 375 миллион сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1 дарсад зиёд мебошад. Афзоиш дар соҳаи рустанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 8,5 ва 7 дарсадро ташкил дод.  Ин рақам зимни нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ манзури рӯзноманигорон гашт. 
Вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода сабабҳои ҷаҳиши нархи сабзиро дар мавсими имсола шарҳ дод: 
«Соли гузашта дар майдони беш аз 80 ҳазор гектар сабзӣ коштем. Нархи як килои он дар полиз 40 – 50 дирам буду то расидан ба дасти истеъмолгарон як сомониро ташкил дод. Дар анбору сардхонаҳо низ захира намудем. Ин мавсим сардиҳои моҳи ноябр – декабр ва март таъсири худро ба кишти сабзӣ расонд. Майдони он дар муқоиса бо соли гузашта 185 гектар кам шуд. Аз ин рӯ, нарх боло рафт. Аз 15 июл сар карда нархи сабзӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ коҳиш ёфт. Деҳқонони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич ва вилояти Хатлон дар таъмини фаровонии бозор бо ин маҳсулот саҳми бештар доранд. Як килограмм сабзӣ дар саҳро ҳоло 3 – 4 сомонист. Дар бозорҳои шаҳри Душанбе 6 – 8, Суғд 4 – 5, Хатлон 5 – 6 ва ВМКБ 6 – 8 сомонӣ. 
Бояд нақшабандӣ кунем, ки ба кадом навъи маҳсулот чӣ қадар ниёз ҳаст ва бо корҳои тарғиботӣ инро ба кишоварзон фаҳмонем. Бо ин роҳ ҳам деҳқон маҳсулоти бозоргир истеҳсол менамояду ҳам камчинии маҳсулот аз байн меравад». 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
 
 
АЛОҚАИ МОБИЛӢ.  БЕШ АЗ 2 МИЛЛИОН МУШТАРӢ ТО ҲОЛ АЗ БАҚАЙДГИРӢ НАГУЗАШТААНД
Айни замон дар мамлакат шумораи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ, ки азнавбақайдгирии симкортҳоро нагузаштаанд, беш аз 2 миллион нафар мебошанд. Дар ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 4 миллиону 960 ҳазору 152 симкорт ба қайд гирифта шуда, аз ин 200 ҳазор муштарӣ кори азнавбақайдгириро дар давоми шаш моҳи сипаригашта иҷро намуд. Дар ин бора муовини директори Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, истифодабарандагони боқимондаи алоқаи мобилӣ бояд то моҳи феврали соли 2022, охирин муҳлат, азнавбақайдгирии симкортҳоро дар асоси шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 2014, яъне IT анҷом диҳанд. 
Азнавбақайдгирӣ дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» дар ҳамкорӣ бо опператорони ширкатҳои мобилӣ амалӣ мегардад. Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 500 марказҳои хизматрасонӣ шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ДМТ
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар миқёси ҷумҳурӣ ва кишварҳои Осиёи Миёна аввалин шуда аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гузашт. Моҳи январи соли равон Шӯрои экспертони Агентии эстонии ЭККА сатҳу сифати таълим, фаъолияти илмию байналмилалӣ, тарбия ва хоҷагидории донишгоҳро ба муқаррароти аврупоӣ ҷавобгӯ эътироф намуд.
Ҳамчунин, дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки моҳи апрели соли ҷорӣ аз ҷониби Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 36 нишондиҳандаи таълимию методӣ роҳандозӣ гардид, донишгоҳ миёни 31 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, бо касби 182 хол сазовори ҷойи 1 - ум шуд. 
Дар ин бора, ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода зимни ҷамъбасти натиҷаҳои шашмоҳа ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ба саволи хабарнигори рӯзнома дар мавриди он ки аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани донишгоҳ то куҷо барои эътирофи бештари он дар кишварҳои хориҷӣ мусоидат менамояд, ректор чунин посух дод: 
- Айни замон дипломи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 40 давлати Аврупо эътироф менамояд. Ба наздикӣ намояндагони ин сохтор ба донишгоҳ ташриф оварданд. Суҳбати мо перомуни минбаъд гузарондани аккредитатсия сурат гирифт. Онҳо ҳамасола дар бораи фаъолияти яксолаи донишгоҳ ва пешравиҳои он ҳисобот мепурсанд. Сертификатеро, ки ба даст овардем, то соли 2024 амал мекунад. Онро ба 7 сол дароз карданием. 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ДДОТ
Нуъмонҷон Ғаффорӣ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» гуфт: «Дарвоқеъ ҳолатҳои ба ҷойи кор ҳозир нашудани нафароне, ки донишгоҳро аз ҳисоби буҷети давлат хатм намудаанд, ба чашм мерасад. Аммо мувофиқи талабот онҳое, ки тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир намешаванд, маблағеро, ки Ҳукумати кишвар давоми таҳсил барои онҳо харҷ намудааст, ба буҷет бармегардонанд». 
Гуфта шуд, ки дар ҳамин асос нисбат ба 68 мутахассиси ҷавон, ки соли 2020 тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир нашуданд, аризаи даъвогӣ таҳия ва ба мақомоти дахлдор ирсол гардид. Аз ин ҳисоб, яксаду ду ҳазору бисту панҷ сомонӣ ба буҷети давлат баргардонда шуд. Баъзе аризаҳои дигар дар баррасӣ қарор доранд. Онҳое, ки ба ҷойи кор ҳозир намешаванд бештарашон писаронанд, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,  «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 996
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед