logo

сиёсат

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ДАБИРИ КУЛЛИ СММ

Шоми 13 июли соли равон суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш доир гардид.
Дар оғози суҳбат Роҳбари давлати мо Антонио Гутерришро ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мақоми Дабири кулли СММ бори дигар табрик гуфта, таъкид карданд, ки  Тоҷикистон ба рушду  тавсеаи муносибатҳои худ бо ин сохтори фарогири ҳамкориҳои бисёрҷониба аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Дар ин қарина, Пешвои миллат изҳори бовар намуданд, ки Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ ҷиҳати татбиқи пайгиронаи Рӯзномаи 2030, Ҳадафҳои Рушди Устувори он  ва дигар қарорҳои Маҷмаи умумии СММ, ҳамчунин, вокуниши муносиб ва муқовимати самаранок ба таҳдиду хатарҳои муосир талошҳои муассир ба харҷ хоҳад дод.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми арзандаи кишвари мо дар татбиқи масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз ҷумла дар соҳаи об, ёдовар шуда, ба иқдомҳои охири Тоҷикистон ҷиҳати  эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, инчунин, таъсиси  Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ишора намуданд.
Дабири кулли СММ зимни суханронии худ нақши пешвоӣ ва калидии Тоҷикистон ва Сарвари онро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус мушкилоти вобаста ба об ва масъалаҳои умдаи амниятӣ, таъкид сохта, дастгирии амиқи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду сохторҳои тахассусии онро аз иқдомҳои мо дар ин ҷода иброз дошт.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ба вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда,  нигаронии худро аз шиддат гирифтани даргириҳо дар ин кишвари ба мо ҳамсоя баён карданд. Зимнан, муҳимияти мусоидати ҳамаҷониба ба оғози амалии раванди музокироти байниафғонӣ ишора шуд. Дар ин робита, аҳамияти идомаи ҳамоҳангиҳои зичи ҷонибҳои манфиатдор дар ин самт  таъкид гардид.
Ҳангоми суҳбат ҷонибҳо, инчунин, атрофи дигар масъалаҳои умдаи рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.
Дар охир президенти мо аз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои СҲШ, ки моҳи сентябри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал оварданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2021    №: 140    Мутолиа карданд: 808
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед