logo

сиёсат

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР НОРОВ

13 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Дабири кулли СҲШ Владимир Норовро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот рӯзномаи кори ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои созмон ва масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун раиси амалкунанда дар созмон вазифаҳои худро мутобиқи афзалиятҳои зикршуда пайваста иҷро мекунад. Зикр гардид, ки ҳадаф аз иҷрои вазифаҳо ва амалисозии тадбирҳои қаблӣ – рушди минбаъдаи Созмони ҳамкории Шанхай ва истифодаи пурраи имконоти он мебошад.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳои аъзои созмон оид ба таъмини амнияти минтақавӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон, пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир – терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромилӣ матраҳ шуданд.
Тавре ишора гашт, Созмони ҳамкории Шанхайро лозим аст, ки дар самти амният бо Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва сохторҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҳамкории амалиро барқарор намояд.
Ҳангоми мулоқот вобаста ба вазъи феълӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, энергетика, саноат, ҳамкории байнибонкӣ ва гуманитарӣ зарур шумурда шуд.
Дар вохӯрӣ, инчунин, оид ба ҳалли дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2021    №: 140    Мутолиа карданд: 926
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед