logo

иҷтимоиёт

НИГОҲИ ДИГАР БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзондаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад.                                                                                   
Эмомалӣ РАҲМОН 
Баъд аз он ки  9 сентябри соли 1991  Тоҷикистон ҷумҳурии соҳибистиқлол эълон шуд, хурсандии мардум ҳадду канор надошт, зеро рӯзи деринтизор фаро расид. Тоҷикистон як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ  гардид ва дар роҳи баровардани ормонҳои чандинасраи тоҷикон ва эъмори давлатдории худ қадамҳои нахустин гузошт. Мутаассифона, ин хурсандӣ дер давом накард. Бадхоҳони миллат ҷиҳати амалӣ кардани хостаҳои хоҷагони хориҷиашон нангу номус, шарафу виҷдонашонро фурӯхта, Тоҷикистонро қисмат кардан хостанд. Майдони шаҳидон ташкил карда, ба ҳар гуна фиребу найранг мардуми  ноогоҳ аз нияти шумашонро дар он ҷо ҷамъ намуданд. Ба зудӣ майдони дигар низ ташкил шуд. Майдони аввалӣ аз Ҳукумати амалкунанда норозӣ ва дуюмин ба ҷонибдории он кӯшиш менамуд. Ҳар кадоме талаби хоси худро дошт. Билохира, садои тиру туфанг баланд гашт. Бародар ба сӯи бародар тир кушод. Оҳиста – оҳиста садои тиру камон дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ баланд гардид.  Аз ҷумла, дар водии Рашт, ки ман зодаи он ҷо ҳастам...
Тобистони соли 1993 водии Раштро ҷанги шаҳрвандӣ ба харобазоре мубаддал гардонд. Бештари хонаҳои мардум ба коми оташ фурӯ рафта, бе бому дар, нимсӯхтаву валангор   гашта буданд. Рӯзе набуд, ки хабари марги ду - се нафарро нашунавӣ. Ҳарчанд хурд будам, вале таъсири он рӯзҳои шум то ба ҳол дар хотиротам нақш бастаанд. Он замон умеди зиндагии осоиштаро дар чашми касе намедидӣ. Ҳар субҳ оилае пинҳонӣ хонаашро тарк мекард, зеро   ҷавононро маҷбуран яроқ медоданду бар зидди бародараш ҷанг меандохтанд. Дар ин маврид, гоҳ ҳар ду бародар ба ҳалокат мерасиду гоҳе яке дигареро   мекушт...
Тақрибан, соати 12-и шаб буд. Дари хонаро ба шаст кӯфтанд. Модарам вақте дарро кушод, рӯбарӯяш се ҷавони сиёҳпӯш, ки тамоми бадани худро бо тирҳои автомату гранатаҳо,  яроқҳои гуногун пӯшонда буданд, рост меистоданд. Яке аз онҳо модарамро як тараф тела дода, ба хонаамон даромада, «писаронат канӣ?»  гуфт. Модарам бо афсӯс ҷавоб дод: «Ман писар надорам бачам». Марди бадҳайбате бо мӯю риши давида,  бо ғазаб ба сӯи ману модарам назар карду «ҳамин як духтар дорӣ?» гуфт. Модарам бе дудилагӣ ва аз тарс «бале!» - гуфт. Мард чашм аз ман наканда, «Шавҳарат куҷост?» гуфта буд, ки садои тирпарронӣ баланд шуд. Онҳо ба якдигар нигоҳ карда, «омаданд, рафтем» гӯён шитобон аз дарвозаамон берун шуданд. Саҳари барвақт теппаи рӯбарӯи хонаамон мисли лолазор аз хуни шаҳидон сурх гашта буд. Чархбол дар фазои шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод мегашту аз ҳар кунҷи кӯҳу теппа овози таркиш ба гӯш мерасид. Гурӯҳи нохалафон мардумро шиканҷа медоданду ғорат менамуданд. Ҳама аз якдигар мегурехтанд, касе аз кадом манотиқи кишвар буданашро гуфта наметавонист. 
Хушбахтона, барои наҷоти миллати тоҷик Парвардигор фарзонафарзанди  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фиристод. Ӯ аз ақлу хирад кор гирифта, мухолифинро ба музокирот даъват кард. Музокирот дар шаҳрҳои гуногун, аз ҷумла Маскаву Исломобод, Кобулу Теҳрон, Ашқободу Бишкек баргузор гардиданд. Бо ҷидду ҷаҳд ва талошҳои Эмомалӣ Раҳмон, билохира, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Сулҳ тантана кард. 
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии мамлакатҳои хориҷӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодиру арзишманд дар таърихи сулҳофаринии байналмилалӣ эътироф намудаанд.
Алҳол мардум шукр аз ваҳдат менамоянд, ки он барои миллати тоҷик арзиши гарон дорад. Шукр аз ваҳдат мекунанд, ки бар ивази ҷони ҳазорҳо ҷавонони ҷавонмарги баору номуси халқи тоҷик ба даст омадааст. Барои дар чунин шароит ба сар бурдан фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дар хатар гузоштаву ҷавониашро сарф кардааст. Ватандӯстиву мардонагии ин марди хирад қалби сиёсатмадорони ҷаҳонро низ тасхир намудааст, ки Аҳмадшоҳи Масъуд Қаҳрамони миллии Афғонистон ба тавсифашон чунин гуфтааст: «Ман имрӯз Роҳбари давлати шуморо дидам, ки ҷон бар кафи даст зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо дар он аст, ки то  ҳанӯз чунин сарвари ғамхор насиби мо нагаштааст».
Воқеан, дар силсилаи ватанпарварони дунё Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соҳиби мақоми аввал мебошад, ки сухан ва амалаш таҷассуми олии ибтикори ватанпарастист. 
Вале, мутаассифона, имрӯз баъзе аз ҷавонон ба доми  хоинони миллат афтода, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ сафсатаҳое мехонанд, ки нафратовар аст. Шукрона аз оромиву осудагии диёрро накарда, нангу номус ва Ватани худро мефурӯшанд.  Имрӯз, ки Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст, моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – ваҳдати миллиро пос дорем. Дониста бошем, ки мо ин неъмати бебаҳоро муфт ба даст наовардаем. Ба қадри он расида, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарварӣ тарбия намоем, то ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифз карда, як давлати соҳибтамаддуну тавоноро ба насли оянда мерос гузорем.    
 
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2021    №: 140    Мутолиа карданд: 581
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед