logo

иҷтимоиёт

ДИРӮЗИ ПАРЕШОН ИМРӮЗИ ДУРАХШОН Ё АЗ НАВБАТИ НОН ТО ДАСТАРХОНИ ФАРОВОН

«Дар соли 918-и ҳиҷрии қамарӣ (1512-и милодӣ) қаҳтӣ ва гаронӣ ба дараҷае расид, ки халоиқ ба ҷуз қурси Моҳу Офтоб, ки дар дастархони фалак буд, дар дигар ҷой сурати нонро намедиданд ва гуруснагони фақир шабҳо ба ҷои хӯшаи гандум, дар хаёли худ аз хирмани парвин хӯша мечиданд». Ин нақл аз забони Зайниддин Маҳмуди Восифӣ аст, ки устод Садриддин Айнӣ дар пешгуфтори асари «Восифӣ ва хулосаи Бадоеъ – ул – вақоеъ» овардаанд.
 
Чунин вазъият дар шаҳри Душанбе тирамоҳи соли 1992 ба амал омад. Дар мағозаҳо нон ёфт намешуд. Мардум соатҳо остонаи дуконҳои нонфурӯширо охурча карда, интизори омадани мошинҳои нонкашон мешуданд. Ҳамин ки нақлиёти махсуси дар бараш «хлеб» навиштаро медиданд, филфавр атрофашро мепечонданд. Аммо аз куҷое ҷавонони ҳузарби яроқбадаст пайдо гашта, ба зинаи мошин пой монда, ба ронанда бо мили автомат амр мекарданд, ки ба тарафи хостаи онҳо мошинро гардонад. Ман чунин ҳодисаҳоро борҳо ҳангоми дар навбати нон истоданам, ҳам шабу ҳам рӯзона, дар маҳаллаҳои 82 ва 93 – юми пойтахт ба мушоҳида гирифта будам. Рӯзе чашм ба роҳи мошини нонкашон будем, ки шахсе гуфт:
- Дар заводи нон, аз сабаби нарасидани нақлиёти боркаш, нон фаровон будааст ва ҳар кас метавонад ба қадри бардошташ бигирад. 
Ҳанӯз суханони он мард тамом нашуда, мавҷи одам ба ҳаракат омад ва ҳар касу дави аспаш гуфтагӣ барин ба чор тараф пароканда шуд. Ҳар нафар мехост аз дигарӣ пештару зудтар ба корхона бирасад ва зиёдтар нон ба даст орад. Зеро он вақт падару модарон танҳо дар ҷустуҷӯи нон буданд ва ягон масъалаи дигар ба назарашон муҳим наметофт. Мӯйсафедон мегуфтанд, ки камчинии ордро дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ва солҳои охири ҳукмронии Никита Хрушов дар солҳои 1961 – 1964 дида буданд, мардум барои нон навбат мепоид ва тавассути талон соҳиби нон мешуд. 
Вақте ки коре карда пиёдаву савора ба заводи нон расидем, саҳни корхона ба майдони футбол шабоҳат дошт. Одамони бешумор халта дар даст аз дарвозаи дутабақаи боҳашамат чашм намеканданд. Гоҳе сели одамӣ сӯи дарвоза мавҷ мезад, вале садои тири автомат онҳоро боз медошт. Аз ваҳм мардум ба шаст қафо мегашт. Бисёриҳо ғел хӯрда зери по мемонданд. 
Дар гӯшае қарор гирифтам. Зери дарахти боазамати чанор. Каме дам гирифта, ба атроф чашм дӯхтам. Ин вақт шахсеро дидам, ки симояш ба назарам гарм метофт. Ӯро шинохтам. Асадулло Одинаев, котиби якуми кумитаи комсомоли вилояти Қӯрғонтеппа (ҳоло Хатлон) ва котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Вахш буд дар солҳои охири Иттиҳоди Шӯравӣ. Вай ҳам дар даст тӯрхалтае дошт. Маълум, ки барои дарёфти нон омадааст. Аз ҳар тараф суҳбат кардем, аммо аз дарвозаи корхонаи нон чашм намекандем, тамоми ҳушу ёдамон ба нон бастагӣ дошт. Аз ин рӯ, чӣ гуфтем, ба ёдам нест. Ногоҳ аз дарвоза мошине баромад, бо суръат меомад, вале садди одамӣ пеши роҳашро баст, ба назар чунин мерасид, ки аз зери чарх мондан ҳам касе парвое надорад. Нон гирад шуд. Мошин истод. Одамон дари қафои нақлиётро боз намуда, ба нон часпиданд. Тӯпаланг шуд. Ронанда дид, ки пеши мошин аз одам холӣ гашт, онро ҳаракат дода, бо суръат пеш рафт ва дар хамгаште ғайб зад. Ҳамин минвол боз се мошини дигар баромад, вале касе ба онҳо ҷуръати наздик шудан надошт, зеро дар иҳотаи посбонҳои мусаллаҳ буданд. Бо дасти холӣ ба хона баргаштам, ба мисли садҳо нафар, ки ҳама чеҳраи ғамзада доштем. 
Шаб овоза шуд, ки дар назди дарвозаи корхонаи нони маҳаллаи 65 – ум ба тӯдаи мардуми деринтизор гӯё барои ба низом даровардани навбати нонгирӣ аз камонҳо тир холӣ кардаанд ва дар натиҷа духтараке аз тири дайду ба ҳалокат расидааст. 
Ҳамин гуна буд вазъи пойтахт, ки дар натиҷаи майдондориҳо ҳукумат заиф гашта, наметавонист тартибу низомро ба эътидол биёрад. Милитсия тамоман бетараф буд. «Ку он милитсияи ман – ҳимоятгари ман»,- мегуфтанд бо афсӯсу надомат пиру ҷавон. Мо ҳамон вақт ба маънои пурҳикмати байти устод Мирзо Турсунзода расидем, ки гуфта буд: 
Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм. 
Боз воқеае аз ҳамон сол ба ёдам мерасад. Ҳамсояамон аз деҳае арӯс овард. Ба тӯйхона мардуми зиёде омада буд, кас шиносу ношиносро ҷудо карда наметавонист. Аксар бачаҳо ва донишҷӯён буданд. Яке мегуфт аз тарафи арӯс аст, дигаре мегуфт, ки рафиқи домод аст. Ҳамин ки дастархон партофта нон мегузоштанд, баъзе чолокҳо нон ба дастархон наафтода аз ҳаво дошта мегирифтанд. Чи қадар нон оварда бошанд ҳам, дар рӯи хон лаҳзае намеистод.  Ҳоло дастархонҳои моломоли нону дигар анвои нониро дида, гумон мекунам, ки он ҳама азобҳоро дар хоб дида бошам. Шукр мекунам ба имрӯзи пурсаодат ва таманно дорам, ки он рӯзҳои вазнинро дигар дар хоб ҳам набинем. 
Дастархони пурнозу неъмат ба шарофати сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароямон муяссар гашт, ки баробари Сарвари давлат интихоб гардидан, фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли нонро ба низом дароварданд. Дигар имкон надоданд, ки яроқбадастон «нони гарми меҳнатиро» аз даҳони заҳматкашон кашида гиранду ба нархи гарон фурӯшанд. Вақте ки нархи орд озод гардид, дар шаҳри Душанбе ва марказҳои ҳамаи шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои хурди истеҳсоли нон фаъол шуданд ва дигар мардум барои дарёфти нону маҳсулоти нонӣ ҷон ба гарав намегузошт. 
Ҳамчунин, Сарвари давлат 75 ҳазор гектар заминро дар ду навбат (50 + 25) барои кишти ғалла ва дигар зироатҳои ғизоӣ ба мардум тақсим карда доданд, ин тадбир дастархони аҳолии кишварро ғанӣ гардонд. Ин заминҳо имрӯз бо номи Замини президентӣ машҳуранд, ки дар вақташ барои бартараф сохтани гуруснагӣ дар кишвар аз худ нақши носутурдание дар таърихи халқ гузошт. 
Албатта, онҳое, ки солҳои 1992 – 1994 дар пойтахт зиста буданд, нағз дар хотир доранд, ки гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст дар кӯчаҳо, бозорҳо ва маҳаллаҳои атрофи шаҳр, доманакӯҳҳо ба бедодгарӣ машғул шуда, намемонданд, ки мардум осуда ба кори рӯзгору зиндагии осоишта бо дасту дили гарм баргарданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми вуҷуд ин дарди халқро эҳсос мекарданд. Аз ин рӯ, вақте ки 6 ноябри соли 1994 дар раъйдиҳии умумихалқӣ бо овози аксарияти интихобкунандагон Президенти Тоҷикистон интихоб гардиданд ва 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди садоқат ёд намуда, ба иҷрои вазифа шурӯъ карданд, пеш аз ҳама, бори дигар ба таъмини сулҳ, ҳалли масъалаҳои нон ва халъи силоҳ пардохтанд. Ҳамин тариқ, ба иқболи халқи заҳматпеша ва сулҳхоҳ имзои санади дигари сарнавиштсоз - фармони № 2 расид. 
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ихтиёран супурдан ва мусодира кардани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2 декабри соли 1994, таҳти № 2, ба тасвиб расид. Ин фармонро одамон гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. Ҳар рӯз аз Вазорати корҳои дохилӣ ва ситодҳои дигар мақомоти қудратӣ маълумоти фаврӣ дар матбуоти даврӣ ба нашр мерасид, ки имрӯз чи қадар муҳимоти ҷангӣ ихтиёрӣ ба Ҳукумат супурда шуданд. 
Ин тадбири башардӯстона имкон фароҳам овард, ки минбаъд дар кӯчаҳо одамони яроқдор, ба ғайр аз кормандони милитсия ва неруҳои мудофиавӣ, ба чашм бар нахӯранду одамонро ба тарс наоранд. Тирпаррониҳо низ дигар ба гӯш намерасиданд. Бошгоҳҳои ҷанговарон аз пойтахт ба канораҳо бароварда шуданд. Сулҳ дар Тоҷикистон мавқеашро устувор менамуд. Фармони рақами 2 хеле саривақтӣ буд ва ҳамчун яке аз санадҳои таърихӣ ба шумор меравад. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ 15 сентябри соли 2018 бори дигар натиҷаҳои тавассути ин фармони таърихӣ бадастомадаро чунин арзёбӣ намуданд: «Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз 285 мил силоҳи оташфишон мусодира гардид. Шумораи аслиҳаи мусодирашуда дар бист соли охир аз панҷ ҳазор мил гузаштааст». Яъне, зиёда аз панҷ ҳазор камон дигар тир накушод ва ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор накард. Ва мардуми сипосгузори Тоҷикистон бо меҳру муҳаббат ба Пешвои муаззами худ мегӯянд: 
Ҷаҳонат ба кому фалак ёр бод!
Ҷаҳонофаринат нигаҳдор бод! 
 
Қурбон МАДАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2021    №: 140    Мутолиа карданд: 585
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед