logo

иҷтимоиёт

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. ТАНТАНАИ ТОҶИКИЯТ ДАР ҲАВЗАИ ШӮРАВИИ СОБИҚ

Шириншоҳ Шоҳтемур, ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ, дар солҳои 20 – 30-юми қарни ХХ аз зумраи тоҷикони номдори на танҳо Тоҷикистон, балки ИҶШС буд. Ӯ солҳои дароз яке аз ҳамраисони Кумитаи Иҷроияи Марказии ИҶШС ва узви Президиуми он буда, корманди сатҳи сартосарии шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. 
Тавлид ёфтани Шириншоҳ дар шароити вазнини соли 1899 дар оилаи деҳқон ва баъдан дар айёми кӯдакӣ бе саробон монданаш, боис бар он гардид, ки ӯ аз хурди ҳушманду зирак бошад. Яъне, Шириншоҳ ҳанӯз аз дувоздаҳсолагӣ ба ҳаёти меҳнатии худ оғоз мекунад. Вай дар хоҷагии сардори дастаи (отряди) сарҳадчиёни Помир деҳқон шуда, кор мекард ва машаққати ҳаёти ятимиро аз сар мегузаронд. Мушкилиҳои ҳаёти даврони бачагӣ таҳсил ва кор дар дастаи сарҳадчиён ба ӯ имконият доданд, ки забони русиро нағз аз худ кунад. Соли 1914 дар вақти иваз шудани дастаи Помир штабс-капитан ӯро ба шаҳри Тошканд бурд. Он вақтҳо Тошканд шаҳри саноаташ хеле тараққӣ ёфта буд ва маркази генерал – губернатории Туркистон ҳисоб мешуд.
Шириншоҳ Шоҳтемур шоҳиди шикасти инқилоби сохти куҳна ва барқарор шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон шуд. Ғалабаи инқилоби Октябр роҳи ҳаёти навро дар пеши назари ин ҷавонписари зирак кушод. Ӯро ба мактаби меҳнатии педагогӣ ва баъдан ба курси педагогӣ фиристодаанд. 
Соли 1920 Шоҳтемур дар Тошканд ба номзадӣ ва моҳи августи соли 1921 ба аъзогии ҳизби Коммунистӣ қабул шуд. Дар он солҳо аз сабаби беҳосилӣ дар Россия қаҳтӣ сар зад. Он вақт 500 донишҷӯи пролетарии халқӣ, аз ҷумла Шоҳтемурро барои ғаллакорӣ ба уезди Хуҷанд фиристоданд. Ин кор барои ӯ аввалин супориши ҷиддии ҳизбӣ ба ҳисоб мерафт. Ғаллакорӣ дар он замон хеле кори душвор буд. Зеро дар як қатор минтақҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар уезди Хуҷанд, гурӯҳҳои босмачиён ҳанӯз ҳаракат мекарданд. Аммо новобаста аз ин мушкилоти ҷойдошта, дастаи Ш. Шоҳтемур муқобилияти душмани синфӣ ва ҳуҷумҳои босмачиёнро зада баргардонда, ғалларо бомуваффақият ба даст дароварда, супориши ҳизбиро бо сарбаландӣ иҷро карданд.
Маҳз, кори бовиҷдононаи Шаҳтемурро ба назар гирифта, Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ӯро дар қатори сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ (Т. М. Дьянков, Ш. Шоҳтемур ва Ҳусейнбоев) ба Помир фиристод. Ӯ дар он ҷо то соли 1923 раиси Кумитаи инқилобии (ревком) Помири Ғарбӣ буд ва баъд аз баромада рафтани Дьянков (соли 1922) раиси сегонаи ҳарбӣ – сиёсӣ ҳам шуд.
Пас аз таъйин гардиданаш ҳамчун раиси сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ доир ба мустаҳкам намудани органҳои шӯравӣ, баланд бардоштани сатҳи роҳбарӣ ба кори ташкилоти комсомолии Помир, гузарондани ислоҳоти обу замин, ташкили маорифи халқ ва ҳифзи сиҳатии мардум корҳои зиёдеро анҷом додааст.
Инчунин, Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1925 бо комиссияи ҳукуматӣ оид ба барҳам задани ҳаракати босмачиён дар вилояти Кӯлоб сардорӣ карда, дар ин бобат маъракаи зарбдор гузаронд. Ӯ митингҳо ва маҷлисҳои деҳқонони беҳизбиро гузаронда, сиёсати ҳизб ва Ҳокимияти Шӯравӣ, инчунин, зарар ва хатари босмачиёнро ба оммаи халқ фаҳмонда, аз байни сокинони маҳаллӣ дастаҳои ихтиёрӣ ташкил кард ва меҳнаткашонро ба муборизаи фаъол ҷалб намуда, шахсан худаш бо онҳо якҷоя дар таъқиб ва торумори босмачиён иштирок кардааст.
24 октябри соли 1925 бошад, котиби Бюрои ташкилии тоҷикии КП (б) Ӯзбекистон аз рӯи маърӯзаи Ш. Шоҳтемур дар бораи вазъияти сиёсии вилояти Кӯлоб қарори бисёр муҳим қабул кард, ки ба комилан сарнагун кардани ҳаракати босмачиён дар ин вилоят, бартараф кардани оқибатҳои беҳосилии хоҷагии қишлоқ ва ба ҳаракат овардани ҳаёти иқтисодӣ ёрдами калон расонд.
Ғайр аз ин, Ш. Шоҳтемур дар ташкил кардани якумин газетаи тоҷикӣ дар Туркистон – “Овози тоҷик”, ки аз моҳи сентябри соли 1924 дар шаҳри Самарқанд нашр мешуд, инчунин, дар нашри аввалин китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ хизматҳои бузург намудааст.
Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ, ташкилотчию роҳбари боистеъдод, ватандӯсту интернатсионалист, одами одию хоксор, оқилу боодоб, ғамхору зирак дар қалби ҳар як тоҷик абадӣ боқӣ хоҳад монд. Гарчанде ӯро бо туҳмат ба қатл расонданд, аммо номи некаш ҳамчун рамзи далерӣ, номусу шуҷоат, қаҳрамонӣ ва покӣ дар таърих боқӣ монд. Ва зиндагии кӯтоҳу пур аз қарҳрамононаи фарзанди баномуси тоҷик – Шириншоҳ Шоҳтемур ҷовидона барои ҳар фарди миллат намуна мемонад.
 
Фирӯз САЙМУМИНЗОДА, муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2021    №: 140    Мутолиа карданд: 573
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед