logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. ОСОИШГОҲИ КӮДАКОНА ЧАРО ВАЛАНГОР ШУД?

Тайи чанд сол аст, ки  Осоишгоҳи кӯдакона дар деҳаи Нунҷемаси деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ рӯ ба харобӣ оварда, валангор гардидааст. Осоишгоҳе, ки шуҳраи хизматрасониаш дар тамоми минтақаи Кӯлоб паҳн гардида буд. Имрӯз бовари кас намеояд, ки он дар гузашта макони ободу зебо буд. Даромадгоҳ дар надорад. Иншоот бо деворҳои фарсуда, бинои бе дару тиреза ва сақфу фарши рехта мебошад. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки осоишгоҳ аз соли 1999 рӯ ба таназзул овард. Аз ободии осоишгоҳ, ба ҷуз деворҳои кафидаю рангпарида чизе намондааст. Ҳатто бом надорад. Феълан, чанд ҳуҷраи онро сокинони деҳа ба партовгоҳ табдил додаанд. 
- Зарари бемории сил бештар ба сокинони деҳаи мо таъсир карда буд. Бо ҳамин сабаб, осоишгоҳро дар ин ҷо таъсис доданд, то кӯдакони мо аз хатари беморӣ дар амон бошанд. Агар осоишгоҳ намебуд, солим мондани фарзандони ман зери суол буд. Тақрибан дар ҳама хонаводаҳо маризи сил дида мешуд, - мегӯяд А. Дӯстмурод, сокини деҳа. 
Се оила аз бесоҳибии иморат истифода карда, ҳуҷраҳояшро мубаддал ба иқоматгоҳ намудаанд. Як сокини деҳаи фавқуззикр дар суҳбат гуфт, ки тайи 7 сол аст, ки дар он ҷо умр ба сар мебарад. Се узви оилаи ин хонавода ба бемории сил гирифтор гардидаанд. Вай тазаккур дод, ки масъулони ҷамоат онҳоро дар ин ҷо роҳ додаанд. Иншоотро посбонанд. Маълум шуд, ки ин оилаҳо аз беилоҷӣ дар ин харобазор маскан доранд.
Тибқи маълумоти дастрасгардида, замоне осоишгоҳ барои қабули беш аз 100 кӯдак шароит дошт. Дар як тараф баҳри омӯзиши наврасон мактаб сохта шуда, дар он ба муҳассилин таълиму тадрис медоданд. Ҷойи хоб, се вақт хӯрок ва дорои толори варзишӣ низ буд. Айни замон дар муассисаи мазкур маркази саломатии деҳот фаъолият дорад. Осоишгоҳ дар мувозинаи Маркази ҳифзи аҳолӣ аз бемории сили ноҳия қарор дошта, аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мегардид. Вале аз бетаваҷҷуҳии масъулон валангор гардида, ҳоли ҳузнангез дорад. Як сокини деҳа дар суҳбат гуфт, ки боми осоишгоҳро се сол пеш масъулон ба хотири навсозӣ канда бурданд. Мутаассифона, касе бомро барқарор накард.  
Сафаралӣ Мирзоев, директори Маркази ҳифзи аҳолӣ аз бемории сили ноҳия, дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки соли 2008 раиси вақти вилояти Хатлон аз вазъи осоишгоҳ дидан намуда, ба масъулин супориш додааст, ки барои барқарорсозии он лоиҳа таҳия  намоянд. Ӯ афзуд, ки баҳри татбиқи супориш мутахассисон лоиҳа тартиб доданд ва маблағи он наздикӣ 450 ҳазор сомониро дар бар мегирифт. Ба собиқ раиси вилоят пешниҳод намуданд. То кунун бе ҷавоб мондааст. 
- Аз соли 2000 осоишгоҳ аз фаъолият бозмонд ва дигар маблағгузорӣ нагардид. Соли 2007 каме маблағ барои тахтачӯб ва шифер ҷудо шуда буд. Он замон ман ба ҳайси муовини марказ фаъолият мекардам. Дар он ҷо кӯдаконе, ки бо беморони сил алоқаманд буданд, қабул карда, пизишкон зери назорат мегирифтанд. Осоишгоҳ мисли боду ҳаво ба мо лозим аст. Агар осоишгоҳ барқарор шавад, кори мо осон мегардад. Кӯдакони маризро дигар на дар хонаҳо, балки дар он ҷо то 6 моҳ нигоҳубин намуда, ба табобат фаро мегирем, - гуфт С. Мирзоев. 
Аз гуфтаҳои масъулон метавон хулоса кард, ки ҳеҷ азму нақшае дар масъалаи роҳандозии осоишгоҳ нест. Умедворем, ки масъулони ноҳия дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба ин мушкилӣ расидагӣ мекунанд.  
 
Суннати СОДИҚ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2021    №: 140    Мутолиа карданд: 1029
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед