фарҳанг
СОЛИ 1932. ЗИСТАН ҲАМ ҚАҲРАМОНӢ БУД
Барҳақ фармудаанд, ки вақт шамшери буранда аст ва, ҳамзамон, довари якрӯй мебошад. Нашри китоби Ато Мирхоҷа бо номи «Иттифоқи нависандагон ва рушди адабиёти тоҷик», ки соле пештар нашр ва дар оғози соли навин, дар Анҷумани ХV нависандагони Тоҷикистон дастраси адибон гардид, бори дигар ин ҳақиқатро собит месозад.
Аз баргузории анҷуманҳои нависандагон, қабули қарорҳои дахлдор, матлабҳои нашршуда, муҳокимарониҳо, пуштибониҳо ва андохтани санги маломатҳо имрӯз бештару беҳтар маълум мегардад, ки вазъи даврон ва аҳволу равиши эҷоди нависандагони пешини мо чӣ гуна буд. Албатта, наметавон онҳоро хуб гуфт ва чунин арзёбӣ кард. Ба бисёр саволҳо то ба ҳанӯз ҳам посухи дурусту қаноатбахш гуфта нашудааст. Ин нуктаро ҳам муаллифи китоб барҳақ иброз медорад: «Таҳқиқи мунсифонаи мавзӯъро ба донишпажӯҳони соҳаи таъриху адабиёт вогузошта, танҳо ҳамин нуктаро таъкид мекунем, ки тадқиқи илмии таърихи мазкур аз назари даврони истиқлолият амрест воҷиб, зарурӣ ва омӯзанда».
Бояд махсус зикр намуд, ки муаллиф бештари маводҳоро аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» (он замон «Тоҷикистони сурх») ҷамъ овардааст. Адибон Мунзим, Бектош, Комилӣ, Зеҳнӣ, Суҳайлӣ, Фитрат, Сарвар, Ҳусейнзода, Икромӣ, Пӯлодӣ, Ҳаким Карим, Улуғзода қисме ба пантуркизм, қисме ба панисломизму оппортунизм муттаҳам гашта, зери фишори сахт қарор гирифтанд.
Тибқи қарори Кумитаи Марказии Коммунистии Пролетарии (болшевикии) Тоҷикистон дар ин иттифоқ бояд як фраксия - фраксияи коммунистӣ бошад. Ҷойи масаррат аст, ки бо вуҷуди зери фишори сахт қарор гирифтани қисме аз адибон ва ба ҷараёнҳои номатлуб гунаҳкор намуданашон яке аз онҳо, яъне Улуғзода, узви ҳайати таҳририяи журнали «Адабиёти сотсиалистӣ» мешавад.
Аз навиштаҳои Алӣ Хуш дар матлабе бо номи «Мулоҳизаҳои мо дар ҷабҳаи адабиёти пролетарии тоҷик», ки дар «Ҷумҳурият» («Тоҷикистони сурх», №21 (1026), 26 январи ин сол ба табъ расидааст: «Ҳар касе, ки монанди Пӯлодӣ фикрҳои либерализми пӯшидаро таъқиб карда, қурбон шудани фидокорони моро (фирқаи коммунистиро – А. Р.) дар роҳи колхозӣ дида наметавонад... беихтиёр дар лагери душманони синфӣ дохил мешавад...
Ғайр аз ин, монанди Зеҳнӣ як қатор шоирони дигар будаву ҳастанд, ки онҳо аз ибтидои ба вуҷуд омадани ҳокимияти пролетарӣ шиорҳои фирқаро дастовез намуда, онро шаклан сусиёлистӣ ва мазмунан ба мафкураи буржуазии миллӣ дар майдони мубориза барои пешрафти мафкураи аксулинқилобӣ ба кор мебаранд.
Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, ки чанд сол пеш гӯё ба муқобили дин шуда «зоҳидони ридобардӯш» -ро «пеши ман ридо мафрӯш» гуфта, ба дастрас кардани сиёсати фирқа ҳақорат медода, имрӯз .... бибинед, ки як қадам дар ҷабҳаи адабиёти мо пеш рафта наметавонад...
Сарвар, Мунзим, Муҳиддинзода – монанди инҳо низ аз ин гуна хосиятҳо холӣ намбуда, мо дар бораи ҳар кадоми онҳо дар оянда ба таври алоҳида суҳбат сар мекунем...».
Муаллиф дар ин матлаб Ғуломалӣ Ализода – шоири ҷавонро дар роҳ додани камбудиҳои сиёсӣ айбдор мекунад.
Матлаби Ғуломризо Ализода, котиби масъули Бюрои ташкилотии нависандагони пролетарии Тоҷикистон, низ дар ин сол дар «Ҷумҳурият» «Тоҷикистони сурх», (шумораҳои №118 – 126, 26 май – 4 июн) нашр гардидааст. Ӯ таъкид медорад: «Мо Бектошро бо ин мафкураҳояш (пантуркизм – панисломизм ва милллатчигиии маҳаллӣ - А. Р.) мезанем ва ҳам аз вай қатъӣ талаб менамоем, ки, агар вай дар платформи шӯроӣ истодааст ... бояд, ки муқобили ҳамин мафкураҳои худаш мубориза бурда, амалиёт ва мафкураҳои зиддипролетарӣ доштани худашро дар гардан гирифта ва дар оянда ба дурустӣ ва бо садоқат кор карданашро амалӣ нишон бидиҳад...
На танҳо аз Бектош, балки аз дигари онҳо – Зеҳнӣ, Суҳайлӣ, Мунзим ҳам ин талабот карда мешавад... Чунонки ба ҳама маълум аст, Обид Исматӣ дар таъсири Фитрат, Бектош ва Зеҳнӣ буд...».
Муаллиф баъдан шеърҳои Фитрат, Вадуд Маҳмуди Суҳайлӣ, Пайравро бо овардани мисолҳо зери тозиёнаи танқид мегирад ва таъкид мекунад, ки онҳо бо истифодаи усули символизм сохти навро эътироф наменамоянд, Ба ин васила онҳоро душманони синфие эълон медорад, ки фикру мақсади худро рӯирост гуфта наметавонанд, аз ин рӯ, пардапӯшона изҳор медоранд.
Як далели овардаи муаллиф ин чор мисраъ аз «Сабзаҳои навхез» - и Вадуд Маҳмудӣ мебошад:
Шумо биёед – гулзорро бинед,
Барги гул ҳама – кабуду сафед.
Ҳама пажмурда – гӯё, ки мурда,
Шамоли хунук – хазон густурда.
Аз Фитрат ҳам ин мисолро меорад:
Ин фасли хазон аст, дарахтон ҳама зарданд.
Ку сабза? Куҷо лола? Ба гулзор чӣ карданд?
Аз чангу ғуборе, ки бувад шохи хазонро,
Бечора дарахтон ҳама олудаву зарданд.
Ба андешаи инҷониб, Фитрат аз ин мисраъҳои Манучеҳрӣ илҳом гирифтааст ва ба сохти мавҷудаи даврони худ ин шеъри ӯ ҳеҷ иртибот надорад:
Хезеду хаз оред, ки ҳангоми хазон аст,
Боди хунук аз ҷониби Хоразм вазон аст.
Он боди хазон аст, ки бар шохи разон аст,
Гӯӣ, ба масал пераҳани рангразон аст.
Деҳқон ба тааҷҷуб лаби ангушт газон аст,
К- андар чаману боғ на гул монду на гулзор.
Муаллиф дар мавриди шеъри Фитрат изҳор медорад: «Ҳоҷат ба шарҳ додани ин шеър нест. Фитрат «ҳама олудаи дарданд» гуфта, худаш, боён, муштзӯрон ва муллоён – душманони синфи пролетариён – аксулинқилобчиёнро мегӯянд...».
Боиси тааҷҷубу таасссуфи бештар эрод ба як байти шеъри Суҳайлӣ мебошад. Ӯ менависад: «Шумо бинед, ки Суҳайлӣ бо усули символизм чӣ мегӯяд:
Гӯям, ки шунав таронаи ман.
Нойи қаламам ду шох дорад.
Яъне, мегӯяд, ки ман дурӯя ҳастам, ҳар чизҳое, ки ҳоло дар зоҳир гуфтам, дигар аст, вале ботинам шиква... Ғайр аз ин, Суҳайлӣ дар зинда намудани забони давраи феодалӣ, давраи буржуазияи майда роли якумро мебозад». Магар кас метавонад, ки худро дурӯя бигӯяд? Ба забони шеъраш низ эрод гирифта шудааст. Пас, «забони давраи феодалӣ» ва «давраи буржуазияи майда» аз забони «давраи нав» бояд тафовут медошт. Воқеан, магар ғарибу аҷибу боиси таассуф нест, ки забонро ин гуна даврабандӣ мекунанд?
Муаллиф ба Пайрав ва ҳам дақиқтараш ба баъзе шеърҳое эрод мегирад, ки имрӯз аз шоҳкориҳои ин адиб шинохтаву эътироф гардидаанд.
Ин адиби забардаст мавриди танқиди шадид қарор мегирад, на як бор, балки чандин бор, аммо ӯ адабиёти асилро мешинохт ва пойбанди замон ва мафкураи даврон нагардиду аз роҳи интихобнамудааш дар арсаи эҷод барнагашт.
Муаллиф менигорад: «Инчунин, дар «Шукуфаи адабиёт» - и Пайрав Сулаймонӣ, дар шеърҳое, ки «Оҳанги тор», «Қалам». «Шаби ҳиҷрон», «Ба хаёли ҷонон», «Парвоз мекунад», «Насими баҳорӣ», «Оташ» бо усули символизм навишта шудааст:
Дил боз дар ҳавои ту парвоз мекунад.
Пирест, ёди кӯдакӣ оғоз мекунад.
Пайрав бо шеъри худаш ҳукумати буржуазиро орзу мекунад.
Ман бояд инро қайд карда гузарам, ки мо мафкураҳои Пайрав Сулаймониро чандин борҳо танқид намудем, лекин Пайрав ба ҷои ин ки дар платформи шӯроӣ буданашро дар амал нишон диҳад, баръакс худашро ба хомӯшӣ зада, шеър нанавишт ва на ҳам эътироф кард. Албаттта, ин нодуруст аст. Хомӯш нишастан норозигиро нишон медиҳад, хомӯш нишастан онро нишон медиҳад, ки вай дар платформи шӯроӣ нест. Агар Пайрав садоқати худро нишон медиҳад, бояд гӯяд, ки ба ман ҳамин гуна мафкураҳои зиддипролетарӣ – мафкураҳои буржуазӣ буд, ки ман аз имрӯз бо садоқат кор мекунам ва худамро дар амал нишон медиҳам, чаро намегӯяд?... То он вақте ки вай худашро ислоҳ накунад ва хатоҳояшро эътироф нанамояд, мо вайро танқид мекунем.»
Ба Ҷалол Икромӣ дар он хусус эрод мегирад, ки дар бисёре аз ҳикояҳои ӯ муборизаи синфӣ инкор мешавад.
Зеҳнӣ ва Турсунов гӯё ба Алӣ Хуш гуфтааст, ки «ба ҳар як ҷавон рӯҳи милллатчигӣ мешавад ва ҳаст». Ва гӯё ин ақидаро ба онҳо таҳмилу ташвиқ намудааст. Бо танқиди Мунзим ва Сарвар низ чунин таъкид мекунад: «Ба таври қатъӣ талаб мекунем, ки бо мо ё бе мо будани худашонро ошкоро бигӯянд». Имрӯз, агар ин ҷумлаи матлаби Ш. Ҳусейнзодаро бихонем, ки зикраш баъдтар меравад, ҳеҷ андешаи нодуруст ва ғаразнокро дар мо бедор намекунад, баръакс эътироф менамоем, ки ҳақ ба ҷониби ӯст. Аммо муаллиф дар ин сол ба он ва шахсияти Ш. Ҳусейнзода чунин эрод мегирад: «Ш. Ҳусейнзода бо он суханони худаш, ки «бунёд намудани адабиёти нави тоҷик ба ҷавонони меҳнаткаше махсус мебошад, ки ҳоло онҳо дар мактабҳои шӯроӣ машғули тарбиягирӣ мебошанд» гуфта, дар мо набудани адабиёти пролетариро таъкид менамояд.... инчунин, рафиқ Ш. Ҳусейнзода сухани Тротскийро қувват дода, гул – гул шукуфтани адабиёти пролетарии моро танҳо ба воситаи дар мактаб хонда истодагон медонад.
Ба ин сабаб, барои мункири адабиёти пролетарӣ шуданаш ва ҳам аз тамоюли зиёиёни буржуазии майда чашм пӯшиданаш .... рӯирост зуҳури оппортунизми рост аст. Дар баробари ин, ба воситаи зиёиён донистани тараққии адабиёти пролетарӣ гуфтанаш ба лагери тротскийчигӣ мебарад».
Албаттта, бо ин вазъи душвору ноҳамвори давру нуктагирони бадғараз ва худнамо эҷоди асарҳои бадеӣ, таҳлили дурусти онҳо на танҳо мушкил, балки боиси эълон гардидани душманони синфӣ мегардад. Танҳо донистани ин ҳақиқати таърихӣ имкон фароҳам меорад, ки адабиёти ин давр ва вазъи адибон дуруст омӯхта шавад. Фикр мекунам, ки дар он рӯзгор на танҳо эҷод, балки зистан ҳам қаҳрамонӣ буд.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.07.2021 №: 140 Мутолиа карданд: 1898