Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
ТАСС. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон изҳор дошт, ки Фаронса ҳамеша дар НАТО масъалаи рушди музокирот бо Россия ва Чинро мебардорад.
Известия. Ҳаракати иртиҷоии «Толибон» Туркияро аз ҳуҷуми эҳтимолӣ ба низомиёнаш, ки дар Афғонистон қарор доранд, огоҳ кард.
Лента. ру. Президенти Беларус Александр Лукашенко иқрор шуд, ки Минск бар зидди таҳримоти Ғарб бо туфайли он ки кишвар ҳамаи анъанаҳои иқтисодӣ ва ҳамкориҳоро бо Россия ҳифз кардааст, истодагарӣ менамояд.
Известия. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико раванди хориҷ намудани низомиёнашро аз хоки Афғонистон 95 дарсад анҷом дод. Дар ин бора дар изҳороти маркази фармондеҳии Қувваҳои мусаллаҳи ИМА гуфта мешавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1969