logo

Хабарҳо

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

CentralAsia (CA). Соли 2020 вазъияти гуруснагӣ дар ҷаҳон якбора бад шуд – аз даҳ як ҳиссаи аҳолии замин, наздики 811 миллион нафар  нимгурусна ба сар бурданд. Чунин афзоиши назарраси гуруснагӣ ба пандемияи коронавирус алоқаманд аст, вале ин сабаби ягона намебошад. Дар ин хусус дар ҳисоботи мутахассисони якчанд муассисаҳои СММ гуфта мешавад. 
Норасоии озуқаворӣ дар минтақаҳои гуногуни олам қаблан ҳам мушоҳида мешуд: СММ якчанд маротиба огоҳ намуд, ки одамон гуруснаанд ё ба серӣ намехӯранд ва кӯдакон дар Яман, Судони Ҷанубӣ  ва дигар кишварҳо аз лоғарию бемадорӣ ранҷ мебаранд.  
«Ҳанӯз то пандемияи коронавирус  мо  ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳои дар назди худ гузошта - ҷаҳонро то соли 2030 аз гуруснагӣ ва нимгуруснагӣ раҳо мебахшем, мушкилӣ доштем. Ба мо муноқишаҳо, тағйирёбии иқлим, буҳрони иқтисодӣ халал расонданд, аммо нишондиҳандаҳои имрӯза моро бештар ба таҳлука овардаанд», - мегӯяд иқтисодчии калони ФАО Максимо Тореро. 
 
 
Путин бо Лукашенко вохӯрданд
Лента. ру. Дирӯз вохӯрии Президенти Россия Владимир Путин бо Президенти Беларус Александр Лукашенко баргузор гардид. Мавзӯи асосии вохӯрӣ ҳамкориҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ буд. 
Соли гузашта гардиши мол миёни ҳар ду кишвар бо вуҷуди пандемия то 17 дарсад коҳиш ёфт, ки ин тақрибан 29 миллиард доллари ИМА  мебошад. Аммо соли равон сарфи назар аз пандемияи коронавирус  гардиши мол 37 дарсад афзудааст. Владимир Путин дастовардҳои иқтисодии  Беларусро  қатъи назар аз таъсири омилҳои беруна ва дохилӣ таъкид  намуд.
«Сарфи назар аз коронавирус ва ситезаҷӯиҳои алоқаманд ба таҳримот қарзи хориҷии Минск 2,5 дарсад кам гардид. Беларус шарики устувори Россия ба ҳисоб меравад», - зикр   кард Путин. 
 
 
Истеҳсоли «Спутник V» дар Ҳиндустон
Лента. ру. Истеҳсоли ваксинаи русии зидди коронавирус  «Спутник V» дар калонтарин ширкати истеҳсолкунандаи ваксина дар ҷаҳон Serum Institute of India ба роҳ монда мешавад. Дар ин хусус Фонди  сармоягузориҳои мустақими Россия иттилоъ медиҳад.
Айн замон ширкат ваксинаи англисӣ – шведии AstraZeneca ва ваксинаи ҳиндии Соvovax – ро мебарорад. Интизор меравад, ки корхона ҳамасола зиёда аз 300 миллион воя доруи русиро истеҳсол хоҳад кард. Навбати аввали ваксина моҳи сентябр  омода мешавад. 
Ҳоло ваксинаи «Спутник V» дар 67 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст.
 
 
Соли равон 1,1 ҳазор муҳоҷир ғарқ шудааст 
Росийская газета. 1146 муҳоҷир ва гурезаҳои кишварҳои гуногуни дунё ҳангоми кӯшиши убури баҳр барои ҳиҷрат ба давлатҳои Аврупо фавтиданд. Чунин маълумотро дар шашмоҳаи соли равон Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират интишор намуд.
Зикр мегардад, ки ҳолати  фавт дар ин масирҳо нисбат ба соли гузашта ду баробар афзудааст. 
Созмони мазкур муайян кардааст, ки 896 муҳоҷир ҷиҳати ҳиҷрат ба Аврупо дар баҳри Миёназамин ва 250 нафар барои  ҳиҷрат ба ҷазираҳои Қанар дар уқёнуси Атлантика ғарқ гардидааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 719
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед