logo

Хабарҳо

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

 
Вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ дар шаҳри Душанбе мулоқот карданд. Дар рафти вохӯрӣ амалисозии тавофуқоти роҳбарони ду кишвар, вазъи амнияти минтақавӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкории муштарак баррасӣ гардиданд. 
Ҷонибҳо зарурати тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмӣ - техникӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва энергетика, аз ҷумла амалисозии лоиҳаи CASA-1000- ро таъкид карданд. Инчунин, ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуд.
 
 
 
Ёрӣ ба зарардидагони  ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт
Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Тоҷикобод ва Ситоди ҷумҳуриявии рафъи оқибатҳои офати табиӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода аз 123 хонаи сокинони деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод, ки бар асари заминларза хисорот диданд, боздид ба амал овард. Дар ин бора маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ медиҳад.
Дар пайи заминларзаи рухдода дар деҳаҳои Саричашма ва Бӯстони ин ноҳия 21 хона пурра ва 56 хона қисман хароб гардиданд. Ба зарардидагон ёрии тиббӣ расид, корҳои зиддиуфунӣ роҳандозӣ шуданд, сокинон бо маводи ғизоӣ, ниқоб, маводи зиддиуфунӣ ва обу неруи барқ таъмин гаштанд. 
Ҳамчунин, комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Рашт ва гурӯҳи корӣ аз 146 хонаи зарардида боздид намуданд. Дар ин ноҳия 25 хона пурра ва 25 манзил қисман хароб шудаанд. 
Ба касоне, ки манзили истиқоматиашон пурраву қисман хароб гардидааст, хаймаҳои муваққатӣ барои зист ҷудо ва онҳо бо маводи ғизоӣ таъмин шуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 786
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед