logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ

14 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳо –  вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои созмонро ба ҳузур пазируфтанд.
 
Дар мулоқот вазъи феълии ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҷаласаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори онҳо баҳри ноил гардидан ба ҳадафҳои дарпешгузоштаи созмон, барору комёбӣ орзу карданд.
Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай мебошад ва дар солгарди 20-уми таъсиси созмон Тоҷикистон раисиро дар ин ташкилоти бонуфуз бар уҳда дорад.
- Тоҷикистон раисиро дар Созмони ҳамкории Шанхай мутобиқи принсипҳои пештар изҳоршудаи муттасилӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мавқеи ҳар як давлати узв иҷро мекунад. Вазифаи асосии раисии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар якҷоягӣ бо дигар давлатҳои аъзо ва мақомоти доимӣ рушди минбаъдаи пешрафти созмон таъмин шавад,- таъкид сохтанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зикр гардид, ки тайи 20 соли фаъолияти худ СҲШ ҳамчун як ташкилоти минтақавӣ роҳи ташаккулёбии худро бомуваффақият сипарӣ намуда, байни сохторҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи сазоворро ишғол кард. Дар ин муддат созмон тамоми масъалаҳои рӯзномаи байналмилаливу минтақавиро – аз сиёсат то амният, иқтисодиёт ва ҳамкории гуманитарӣ фаро гирифт.
Самти муҳимтарини фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай таъмини амният мебошад ва зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳо оид ба муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои амният дар минтақа ва Афғонистон, таъкид гардид, ки Тоҷикистон, бо дарназардошти шиддат гирифтани вазъи Афғонистон, бо истифода аз тамоми имконот ҷиҳати баррасии мушкилоти ин кишвари ҳамсоя чораҳои таъхирнопазир меандешад.
Барои расидан ба ҳадафҳо ва таъмини рушди созмон пешниҳод  шуд, ки кишварҳои аъзо ва мақомоти доимии Созмони ҳамкории Шанхай бояд баҳри татбиқи барномаҳои қабулшуда, аз қабили Стратегияи рушд то соли 2025, ҳамкориҳоро пайваста идома диҳанд.
Дар мулоқот вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ва вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраманям Ҷайшанкар сухан ронда, ба сатҳи баланди ташкили корҳои ҷониби Тоҷикистон дар давраи раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои арзанда доданд ва ба ҷаласаи ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе комёбиҳо орзу карданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2021    №: 141    Мутолиа карданд: 4934
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед