logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. АЗ ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ ТО ҚАҲРАМОНИ МИЛЛӢ

Истиқлолияти давлатӣ рамзи озодию ягонагӣ, мустақилият ва ба даст гирифтани сарнавишт худ мебошад. Он барои мо бузургтарин неъмати давлатсозӣ, кору пайкорҳои созанда, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба ваҳдату осоиштагӣ мебошад. Ин неъмати бебаҳо имкон фароҳам овард, ки кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф кунанд ва бо мо дар соҳаҳои гуногун ҳамкорӣ намоянд. Тоҷикистон имрӯз ташаббускори ҳалли чанд проблемаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, экстремизму терроризм буда, инчунин барои дастрасии мардуми сайёра ба оби ошомиданӣ талош дорад. Ҳамаи ин дастовардҳоро бе заҳматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
 
Имсол аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон сӣ сол сипарӣ мешавад. Сӣ соли пур аз ҳодисоти гуногун, талошу муборизаҳо, бунёдкориву созандагиҳо, пешрафтҳо, сӣ соли мондагор. Муҳимтар аз ҳама, тоҷикон дар ин давра ба харитаи сиёсии ҷаҳон чун давлати мустақил ворид гардида, собит сохтанд, ки воқеан ҳам, миллати тоҷик дар давлатдорию кишваророӣ метавонанд ба ҳайси як мамлакати алоҳида дар рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва такомули ҳаёти башар ҳиссаи сазовор гузоранд. Дар дарозои сӣ сол тоҷикон барои кулли мардуми дунё чун халқи ваҳдатгаро, ҳаводори тамаддуни байналмилалӣ ва муқобили ҳама гуна ифратгароӣ муаррифӣ гардиданд. Халқи намакшиносу маърифатпарвари тоҷик, пеш аз ҳама аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор аст. 
Пирӯзиҳои кишвар, хушбахтона, соҳаи маорифро бештар фаро гирифтаанд, зеро дар сиёсати Пешвои миллат ин соҳа аз афзалият бархӯрдор аст. Ҳанӯз дар нахустсолҳои ба сари қудрат омаданашон Сарвари давлат эълон дошта буданд: «Ман ҳамеша дастгири аҳли маориф хоҳам буд ва барои рушди соҳаи маориф тамоми шароитро фароҳам хоҳам овард». Имрӯз ҳамагон шоҳидем, ки Президенти муҳтарам сӣ сол боз ба ин изҳороти ватандӯстонаи худ содиқ мондаанд ва нуктаҳои марбут ба соҳаи маориф дар ҳар як паёмашон ишорат бар онанд, ки минбаъд низ таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ин соҳаи тақдирсози миллат ҳаргиз коста нахоҳад гашт. Ин суханони саршор аз эҳтироми Сарвари кишвар моро боз ҳам мутмаин месозанд, ки солҳо қабл гуфта буданд:
«Ман пештар ҳам борҳо гуфтаам ва боз такрор мекунам: то замоне ки мо барои аҳли илму маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистаеро муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро, чунонки мебояд, баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст».
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳарчанд мушкилоту монеаҳо кам набуданд, бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии давлати соҳибихтиёр бунёд ва ба корҳои азими созандагӣ асос гузошта шуд. 
Хушбахтона, амри хайри дигаре, ки Роҳбари давлат дар ин муддат рӯи кор оварданд, ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад, ки то ҳол ҳеҷ роҳбаре барои мусулмонон накардааст. Зеро то қабули қонуни мазкур мардум ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ дода, баргузории маъракаҳо ҳатто ба сабқат табдил ёфта буд. Ин ба буҷети оилаҳо зарари калон ворид месохт. Роҳбари давлат ба ин зиёдаравиҳо нукта гузоштанд. Дар натиҷа, сатҳи зиндагии мардум беҳтар ва пасандози оилаҳо афзуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ назди худ се ҳадафи муҳими стратегӣ гузошт, ки зина ба зина барои расидан ба онҳо пеш рафт. Инҳо баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошанд. Хушбахтона, дар ин солҳо Ҳукумати мамлакат барои таъмини рафтуомади мардум ба ҳама минтақаҳои кишвар корҳои зиёд ба сомон расонд. Хусусан, роҳсозӣ, ки аз амалҳои хайру савоб маҳсуб мегардад, яке аз иқдомҳои наҷиби роҳбарияти олии кишвар буд, ки тавонист мамлакатро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшанд. На танҳо роҳҳои дохилӣ, балки байналмилаливу минтақавӣ низ сохта шуданд. Як нукта қобили зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат бо Сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо муносибати сулҳҷӯёна, дӯстона ва хайрхоҳонаро бо кишварҳои ҳамсоя ва мамолики дур ҳадаф қарор дод. Гузашта аз ин, барои пайваст кардани минтақаҳои кишвар ба маркази ҷумҳурӣ бунёди роҳҳо аҳамияти калон дошт. Аз ин хотир, дар авҷи даргириҳои мусаллаҳона солҳои 1994-1995 Пешвои миллат лоиҳаи сохтани шоҳроҳи Мурғоб-Чинро тавассути ағбаи Қулма ва роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлобро тарҳрезӣ намуданд. Ин иншоот, ки то соли 1998 ба истифода дода шуданд, дар таъмини аҳолии кишвар бо озуқа ва барқарорсозии сулҳ нақши ҳалкунанда бозиданд.
Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани пулу гузаргоҳҳо аз самти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҷумлаи дастовардҳои соҳаи роҳсозии даврони истиқлолият мебошад.
Илова бар ин, тайи ин солҳо дар кишвар беш аз 2000 километр роҳи автомобилӣ, 5 нақби нақлиётӣ, 3 нақби қаторагузар, 173 километр роҳи оҳан бунёд шуданд. Инчунин, ду соли охир дар пойтахти мамлакат роҳҳои сесатҳа бунёд ёфт. 
Дарвоқеъ, барқарор шудани сулҳу оромӣ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар кишвар пас аз рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ба Ҳукумати мамлакат имкон дод, ки ҳамкориҳои бештару густурдаро бо кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ намуда, ба ҳалли масъалаҳои мубрам рӯй орад.
Роҳҳо ва пулҳои сохташуда барои барқарор ва мустаҳкам намудани ваҳдату якпорчагии минтақаҳои мамлакат нақши калидӣ гузоштанд. Ин ҳама пешравиҳоро дар соҳаи роҳсозӣ дида, бегуфтугӯ хулоса ҳосил мегардад, ки Пешвои миллат муҳимияти ин масъаларо аз ҳар фарди ҷомеа беҳтар дарк мекунанд. Бале, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳкушои барҳақанд. Раҳкушо ба сӯи ояндаи дурахшон, ба сӯи бунёдкориҳо, сарсабзиҳои Ватан, ба сӯи Тоҷикистони боз ҳам пешрафта. Аз ҳама муҳим раҳнамоии Пешвои миллат барои ба ҳам омадани миллат, ваҳдат, якдилии мардум ва Тоҷикистони якпорча хизмат намуд. 
Таъмини амнияти озуқаворӣ низ ҳадафе буд, ки Ҳукумати мамлакат дар назди худ гузошта, тадриҷан ба он ноил гардид. Дигар барои мардум азоби гуруснагиву тангдастӣ афсонаро мемонад. Шукр, ки баробари амнияту осоиштагӣ, фаровонии молу маҳсулот низ муҳайё гардид.
Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳадафи дигари стратегӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ буд, ки мардуми Тоҷикистон ба он ноил гардид. Бунёди неругоҳҳои хурду бузург, бо шумули ду агрегати аввали НБО «Роғун» далели расидан ба истиқлолияти энергетикист. Истиқлолияти энергетикӣ дар баробари ҳадафи стратегии мамлакат будан, инчунин рушди иқтисодиёт, зиндагии осоишта, ташаккулу мавҷудияти инфрасохтори зарурӣ дар ҳама самту соҳа ба шумор меравад. 
Ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишвар мебошад, ки умед дорем то чанд соли дигар ба ин мақсади олӣ низ ноил мегардем. Барои расидан ба саноати пешрафта, албатта, кадрҳои соҳибтахассус, бомаърифат ва ватандӯсту донишманд лозиманд. Чунончи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд: “Танҳо мутахассисони лаёқатманду бомаърифат қодиранд, ки вазъи иқтисодии давлатро беҳтар гардонда, рушди саноатро боло баранд”. 
Бовар дорем, ки дар фазои Истиқлолияти давлатӣ, осоиштагиву ҳамдилӣ давоми солҳои оянда зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҳадафи олӣ низ мушарраф мегардем ва Тоҷикистони азиз ба як кишвари пешрафта табдил меёбад.
 
Нигина РАҲМОН,  
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2021    №: 141    Мутолиа карданд: 1937
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед