logo

сиёсат

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ БА РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН БАҲОИ БАЛАНД ДОДАНД

Дар ҳоле ки Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхайро ба уҳда дорад, нуфуз, доираи шарикон ва фаъолияти ин созмон тавсеа меёбад. Аз ҷумла, қарор аст дар ин давра Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Арабии Миср мақоми шарики муколамавӣ дар ин созмони бонуфузро дарёфт кунанд, ки айни замон 6 давлат: ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Туркия, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка чунин мақомро касб кардаанд. 
 
Дар ин бора зимни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки 14 июл таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Душанбе доир гардид, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз анҷоми ҷаласа дар ҳузури хабарнигорон изҳор дошт, ки қарорҳои қабулшуда дар ин маврид барои тасдиқ ба Шӯрои сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳод хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки ҷаласаи (саммит) Шӯрои сарварони давлатҳои узви СҲШ моҳи сентябри соли ҷорӣ таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ки ба таъкиди Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ аз чорабиниҳои муҳиму калидӣ дар самти омодагӣ ба ин саммити таърихӣ мебошад. Саммити навбатӣ аз он ҷиҳат таърихӣ хоҳад буд, ки моҳи сентябр таҳти раёсати Тоҷикистон 20 – умин солгарди таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ҷашн гирифта мешавад ва ҳамчун як давраи хоси роҳбарии кишвари мо дар ин созмони муътабар дар таърих боқӣ мемонад.
Раёсати муваффақона, ташаббусҳои натиҷабахш, дар сатҳи баланди ташкилӣ ба роҳ мондани чорабиниҳо ва таҳким бахшидани фаъолияти созмон дар сиғаҳои гуногун, ки зери назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарварони давлатҳои узви СҲШ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён доранд, ҳарфи аввали роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷӣ зимни суханрониҳояшон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ буд.
Вазирон зимни нишасти хеш ба ташаббус ва иқдомҳои нав ба нави кишвари мо оид ба тавсеаи ҳамгироӣ байни давлатҳои аъзо, таҳкими сулҳу субот дар минтақа баҳои баланд дода, ҳамзамон оид ба натиҷаҳои фаъолияти СҲШ дар зарфи 20 соли гузашта, табодули афкор намуданд. Иштирокчиён вазифаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи созмонро баррасӣ карда, таъкид сохтанд, ки СҲШ бо такя ба «рӯҳияи Шанхай» дар тӯли ду даҳсола ҷойгоҳи худро ҳамчун созмони бонуфузи байнидавлатии низоми нав ва иштирокчии боэътибори муносибатҳои байналмилалӣ мустаҳкам намуд.
Таҳкими нуфуз ва мавқеъгирии Созмони ҳамкории Шанхай дар арсаи байналмилалӣ яке аз дигар масъалаҳое буд, ки дар меҳвари гуфтгӯи роҳбарони ҳайатҳо қарор гирифт. Дар ин робита, густариши ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои вижаи он мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, вазирони корҳои хориҷӣ аз қабули Қатънома дар бораи «Ҳамкории СММ ва СҲШ» дар ҷараёни 75-умин Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид истиқбол карданд.
Ҳайатҳои иштирокчӣ дар рафти ҷаласа бар ин нукта таъкид намуданд, ки рушди устувор дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай бидуни таъмини сатҳи муносиби амниятӣ ғайриимкон аст. Бо назардошти ин масъалаи муҳим, қарори дахлдори Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи ба саммити Душанбе (ҷаласаи Шӯрои сарварони Шӯрои давлатҳои аъзои СҲШ) пешниҳод намудани Барномаи таҳдидшудаи ҳамкории давлатҳои узви СҲШ дар мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм барои солҳои 2022-2024 ба имзо расид. Зимнан, дар ҷаласа вобаста ба ҳолати сиёсию низомии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гуфтугӯ сурат гирифта, аз дурнамои вазъи душвори ин кишвар дар пайи хуруҷи неруҳои эътилоф  амиқан изҳори нигаронӣ карда шуд.
Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, дар фарҷоми ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ изҳори бовар карданд, ки натиҷаҳои ин ҷаласа дар таҳкими минбаъдаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ, ҳамгироӣ, эътимоди тарафайн ва ҳамкории мутақобилан судманд байни давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай нақши муассир хоҳад гузошт. 
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН,
суратгир Комрон САФАРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2021    №: 141    Мутолиа карданд: 908
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед