logo

иҷтимоиёт

НА ҲАР КАС ЗЕБОӢ МЕОФАРАД

Дар Ҷамоати шаҳраки Навгарзани шаҳри Гулистон чун сухан аз боби ҳунару ҳунармандӣ равад, хурду бузург бо самимият номи Робиямоҳ Мелибоеваро ба забон меоранд. Мавсуф миёни мардуми ҷамоат ва шаҳр бо ҳунари дӯзандагӣ, сӯзанзанию қуроқдӯзӣ, дӯхтани кӯрпачаю либосҳои занона ва бачагона, ҷӯроб ва шарфу алочабофии миллӣ машҳур аст.
 
Зебоиро ҳама дӯст медоранд, вале на ҳар кас зебоӣ офарида метавонад. Робиямоҳ Мелибоева худ дар муҳити зебо - табиати Навгарзан зиста, кӯшиш мекунад, ки ин зебоиро дар офаридаҳояш низ инъикос намояд. Дар ин бора ӯ чунин мегӯяд: “Аз овони наврасиям бо шавқи беандоза ба ҳунари чеварии бибиям таваҷҷуҳ зоҳир мекардам. Мушоҳида мекардам, ки он кас чи ресмон интихоб мекунанду чи рақам ҷомаи мардона ва куртаҳои занонаю ҷиҳози рӯзгор медӯзанд. Ҳарчанд баъди хатми мактаби миёна курсҳои кӯтоҳмуддати ҳамшираи шафқатро хатм карда бошам ҳам, вале ишқи ин ҳунар маро ба худ мекашид. Солиёни дароз чун омӯзгори таълими меҳнат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11- и шаҳри Навгарзан фаъолият дошта, духтаронро ҳунари дӯзандагию чеварӣ ёд медодам”. 
- Инак, дар даврони соҳибистиқлолӣ низ баъди бо пешниҳоди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳоло хурду калон боз рӯ меоранд ба ҳунари чеварӣ, сӯзанидӯзию қолинбофӣ, ки айни муддаост. Он ҷо, ки ҳунару ҳунармандӣ ривоҷ меёбад, албатта, файзу баракат ҳам зиёд аст,- мегӯяд ин бонуи ҳунарманд.
Робиямоҳ Мелибоева дар доираи вусъати ҳунарҳои халқӣ то имрӯз, аллакай, аз ҳисоби бонувону духтарони хонашин зиёда аз 100 шогирд тайёр кардааст, ки қисман мустақилона ҳунарҳои фаромӯшшудаи ниёгонамонро эҳё карда, ҳамзамон, дар таъмини рӯзгори оила саҳм мегузоранд. Маҳсули дастони ин зани чирадаст дар ҳама чорабиниҳои ноҳиявию вилоятӣ низ ба тамошо гузошта шуда, сазовори баҳои баланд мегардад. 
Рӯзҳои наздик бахшида ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Гулистон намоиши ҳунарҳои халқии ҳунармандон доир мегардад, ки албатта, як гӯшаи онро маҳсули дастони ин бонуи саропо ҳунар оро хоҳанд дод.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2021    №: 141    Мутолиа карданд: 557
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед