logo

иҷтимоиёт

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. ТОҶИКЕ БО ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Зиндагиномаи Шириншоҳ Шоҳтемурро мутолиа мекунаму рӯҳи пурфутуҳи ӯ маро истиқбол мегирад: дар Помир, Бухоро, давлати бузурги Шӯравӣ… Ӯро дар саҳнаи корзор мебинам: машғули ғаллағундорӣ, миёни саҳро. Бо аспҳои бовиқору ҳамраҳони гурдадор ба Помир, барои барқарорсозии ҳокимияти шӯроӣ меояд. Аз нусраташ ҳамватанон меболанду дар паноҳаш пуштибон меёбанд. Ӯ тадриҷан чун шахсият ба камол расидаву дар тарбияи кадрҳо – сарватҳои  зеҳнии миллат иқдом мегирад. Ба поси арзишҳои миллат садо баланд кардаву барои тақдири тоҷик, тоҷики ранҷдидаи таърих, ба мубориза бармехезад... 
Воқеан, ҳаёти Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҳар ҷиҳат омӯхтанист. Зиндагии ӯ – ҷонфидоии як фарзанд дар роҳи пойдории Ватан аст. Ватане, ки дар умқи чашми ҳасудон ҷой гирифтаву бо вуҷуди таърихи бою ғанӣ, дидаву дониста инкораш мекарданд. Ба саҳифаҳои таърих хати батлон кашидаву болои он номи худ дарҷ кардан мехостанд, бехабар аз он ки ҳақиқати таърихӣ рӯзе рӯи об мебарояд. Ӯ дар ин роҳи басо мушкил рисолат дошт: рисолати ҳифзи Ватан, ҳифзи забон, ҳифзи мероси ниёгон... 
Шириншоҳ Шоҳтемур барои инсон, барои тақдири инсон мубориза мебурд. Зеро хеле хурд, ҳанӯз дар овони кӯдакӣ аз волидон ҷудо гаштаву заҳри ятимӣ чашид. Хубу бади зиндагиро дид, бо азоби алим пайи омӯзиши илм шуд, то роҳи фардояшро бо чароғи маърифат мунаввар созад. Ба навиштаи муҳаққиқ М. Назаршоев дар китобаш “Муборизи роҳи ҳақиқат”, Шириншоҳ Шоҳтемур дар шарҳи ҳолаш 14 январи соли 1926 ёдовар мешавад: “Зимистон мехондам, тобистон ба маблағи 1 сум ва хӯроки соҳибкор мардикорӣ мекардам. Ҳамин ҳол чор сол давом кард”. 
Рӯзгори душвор ӯро обутоб ва ҳисси ҷавонмардиро дар замираш парвариш дод. Ба ин далел шуда метавонад муроҷиати як аскари сурх аз  комендатураи сарҳадии Қизилработ дар хусуси расондани ёрӣ ба хонаводааш. Шириншоҳ суроғаро гум кардаву 29 декабри соли 1936 ба камендатураҳои сарҳадӣ мактуб навишта, пайдо кардани нишонии ӯро ба миён мегузорад. Яъне, барои як арбоби давлатӣ хоҳиши аскарбача бисёр муҳиму арзишманд буд...
Шириншоҳ Шоҳтемурро чун фарзанди содиқе мебинем, ки вуҷудаш лабрез аз ишқи Ватан асту ба ояндаи миллат бетарафӣ зоҳир карда наметавонад. Аз набудани мактабҳои тоҷикӣ дар Бухорою округи Хуҷанд нигарон аст. Таъсиси мактабҳои тоҷикиро ба миён гузоштаву ба омодасозии муаллимон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Зеро медонад, ки маҳз омӯзгор мардумро аз зулмот ба сӯи нур роҳнамоӣ месозад. Ба шаҳодати муҳаққиқ Қурбон Аламшоев, ҳатто, фаъолияти ҷамъиятиашро аз таҷрибаомӯзӣ дар шуъбаи маорифи халқи ноҳияи Каттақӯрғон оғоз намуда, аз худ чун ҷавони кордон дарак дод. Ва дар тавсифномаи нахустини кориаш навиштанд: “Таҷрибаомӯз рафиқ Шоҳтемур худ ташаккулёфта буда, аз нигоҳи сиёсӣ хеле босавод, дар кору амалиёт собитқадам, хушахлоқ ва бомаданият мебошад. Баъди ду – се моҳ супориши кори мустақилона ба ӯ имконпазир аст”. 
Дар ин баробар, дар қатори устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Саидризо Ализода, Аббос Алиев ва равшанфикроне чун Нусратулло Махсум,  Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Нисор Муҳаммад барои эҳёи он ҷаҳду талош менамояд. 
Ӯ дар ин роҳ – ҳифзи манфиатҳои миллӣ чун кӯҳҳои Помир пойбарҷову устувор аст. Ҳеҷ қуввае наметавонад рӯҳи ӯро осеб расонад. Барои ҳифзи Меҳану шаъну шарафи халқ ҷасурона садо баланд мекунад. Ҳастиашро фидои ин сарзамин сохтаву бо ифтихор мегӯяд: “Ҳар ҷое бошам, бо тоҷикон бошам”... 
Зеро Шириншоҳ Шоҳтемур аз насли бедори миллат буду ҳисси баланди миллӣ – ифтихори тоҷикӣ дошт. Ин Ватан – Тоҷикистони маҳбубро ба қимати ҷони азизаш дӯст медошт. Гарчанде дар роҳи ростӣ гирифтори бало шуд, билохир ҳақ ба ҳақдор расидаву номи некаш  дар лавҳаи хотири миллат ҷовидонӣ гашт...
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2021    №: 141    Мутолиа карданд: 779
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед