logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОБОД. ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ЗЕРИ ҒАМХОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТАНД

Бар асари заминларзае, ки 10 июли соли ҷорӣ, соати 7:14 дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваста буд, ба биноҳои истиқоматӣ ва иншооти  ёрирасони сокинони деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод  ва деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт хисорот ворид гардид. Тибқи  маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зилзила дар 165 километри қисми  шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 21 километр то ноҳияи Рашт дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод дар чуқурии 10 километр ба амал омад ва  қувваи он 5,9 балро ташкил дод.
Мутаассифона, бар асари заминларза хисороти  ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шуд. 5 нафар сокини деҳаи Бӯстони (собиқ деҳаи Кӯли Боло) деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод зери хок монда, ба ҳалокат расид. Ҳамчунин, дар деҳаҳои Бӯстон, Сари Чашма ва Кӯли Калони  ноҳияи Тоҷикобод манзили истиқоматии сокинон ва хати барқу алоқа хисорот дидаанд. Дар деҳаҳои Ҳазорчашма, Ярхоб 7 манзили истиқоматӣ ва деҳаҳои Шархо ва Сари Шухони Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт 12 манзили истиқоматӣ зарар диданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ситоди фаврӣ ташкил гардид, аъзои ситод аз маҳали ҳодиса дидан намуданд.
 Маҳмадтоир Зокирзода дар деҳаҳои Бӯстон, Сари Чашма ва Кӯли Калони  ноҳияи Тоҷикобод, инчунин, дар Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт  бо сокинони зарардида вохӯрӣ намуда, зикр кард, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мушкилоти ҷойдошта бартараф гашта, дар кӯтоҳтарин муддат манзилҳои зарардида барқарор мегарданд. 
Ба иттилои сардори бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Тоҷикобод Қобилҷон Исмоилов, бо супориши Пешвои миллат як гурӯҳи босалоҳият дар ҳайати кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар идораҳои дахлдор зарари расидаро муайян намуда истодаанд.
Зарардидагон ба ҷои бехавф кӯчонда шуда, аз тарафи Агентии  захираҳои  моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо хайма ва хӯроки гарм таъмин гардиданд. Дар навбати аввал ба ҳар оилаи зарардида маводи зарурӣ, аз қабили орду равған, шакар, биринҷ, макарон, ниқоб ва доруҳои зиддиуфунӣ  дастрас шуданд.
Кормандони ҶСК «Шабакаҳои барқии Рашт» садамаҳои хатҳои барқро бартараф ва  сокинони дар хаймаҳо ҷойгиршударо бо неру таъмин намуданд. 
Бунгоҳҳои сайёри ёрии таъҷилии тиббӣ низ дар деҳаҳо фаъол шуда, аз ҷониби табибон ба мардум сари вақт хизмат расонда мешавад. 
Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳама кӯшишро баҳри дастгирии мардум равона намуда, дар паҳлуи зарардидагон ҳузур доранд. Мардум аз ёриву дастгирӣ ва ғамхориҳои Ҳукумати кишвар, ки аз сиёсати инсонгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, сидқан изҳори миннатдорӣ менамоянд.
 
Дилшод АМИРОВ,  
«Ҷумҳурият» 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2021    №: 141    Мутолиа карданд: 565
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед