logo

иҷтимоиёт

САЙИДУМАРИ СУЛТОН. ПАЖӮҲИШГАРИ ҲОҶӢ ҲУСАЙН

Адабиёти классикии тоҷику форс тӯли ҳазор соли ахир ба оламиён суханварони зиёдеро ошно гардонд. Дар ин миён ҳаёту эҷоди ағлаби бузургони адаб мавриди пажӯҳиши густарда қарор гирифтанд. Намунаи ашъори шоирону нависандагони фарҳехта дасти чопро диданд. Аммо дар ин раҳ буданд нафароне, ки бо ин ё он сабаб аз саф дур монданд. Яке аз чунин шоирон Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртист. Шоир, хаттот, донишманд ва сайёҳи нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX.
То замони истиқлол танҳо як тан аз пажӯҳишгарон- Сайидумари Султон ибтидои солҳои 60 - уми асри гузашта ба таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайн камар барбаст. 
Маҳсули пажӯҳиши олими нуктасанҷ «Асарҳои мунтахаб» - и Муҳаммад Ҳусайни Хатлонӣ соли 1962 тавассути Нашриёти давлатии Тоҷикистон ба дасти дӯстдорони адаб расид. Чопи ин осорро гурӯҳе аз муғризон нодида гирифта, иғво барангехтанд. Ба он баҳона, ки шоир ҳоҷӣ асту асар аз лиҳози идеявӣ суст.
Сарфи назар аз пархошу иғвошӯриҳо дар зарфи чанд моҳи аввал ҳазор нусхаи китоб ба гуфте «сари бод» ба фурӯш рафта, дар байни дӯстдорони аҳли адаб мақоми устуворро касб кард. Сарояндагони зиёд дар гӯшаҳои кишвар ба ғазалҳои дилнишини Ҳоҷӣ Ҳусайн оҳангҳои марғуб эҷод намудаву тағаннӣ карданд.
Сайидумари Султон зери тозиёнаи танқид монда, дар роҳи фаъолияташ монеаҳо  эҷод карданд, аммо донишманди варзида аз танқид рӯҳафтода нагашта, таҳқиқ ва ҷустуҷӯи хешро идома бахшид. Муттасил аз хусуси эҷоди Ҳоҷи Ҳусайн маълумоти нав ба нав ва асарҳои дигари шоирро дарёфта, мақолаи бузурге иншо ва онро таҳти унвони «Маълумоти тоза оид ба Ҳоҷӣ Ҳусайн» дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» рӯи чоп овард. Муҳаққиқ, ҳамзамон, дар ин давра дастнависҳои куллиёти шоирро гирд оварда омодаи чоп гардонд.
Донишманди мумтоз бо ин ҳама ором нагирифт ва яке аз орзуҳои деринаи хешро дар навиштани рисолае аз боби ин ё он асари Ҳоҷӣ Ҳусайн ҷомаи амал пӯшонд. Ниҳоят рисолаи Сайидумар  Султони Кавкабӣ таҳти унвони «Муқоисаи «Комде ва Мадан» - и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ бо дастони ҳамноми Бедил» соли 2019 тавассути нашриёти «Маориф» чоп шуд.
Рисолаи таҳти назар аз пешгуфтор, панҷ бобу хулоса иборат буда, он бо матлаби «Назаре ба таърих ва тамаддуни Хатлон» оғоз шудааст. Китоби мазкур устокорона эҷод гаштаву басо равшану возеҳ ба қалам омадааст, ки ин асар дар шинохти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ мақоми шоистаро молик гардидааст.
Муаллиф барҳақ мефармояд, ки Ҳоҷӣ Ҳусайн ба ҷуз омӯхтани илмҳои расмии замона ва расидан ба фасоҳату балоғати шоирӣ ба санъатҳои гуногуни нафиса ба таври ҷиддӣ машғул буда, ба лаввоҳӣ, тарроҳӣ, саҳҳофӣ, муҳрканӣ ва санъати наққошӣ маҳорати зиёде пайдо кардааст. Ҳоҷӣ ҳанӯз дар ҷавониаш ҳамчун шоири баркамол, мумтоз ва хаттоти сеҳрқалам ва устоди санъатҳои бадоеъ гардида буд.
Боиси тазаккур аст, ки Сайидумари Султон тӯли ин солҳо корҳои савоберо ба сомон расонда. Пажӯҳишгар зикр менамояд, ки соли 1962 дар Бухоро аз мадрасаи Турсунҷон ҳуҷраи Ҳоҷӣ Ҳусайнро, ки дар вақти таҳсил сукунатдоштаашро дарёфтааст. Ҳуҷрае на он қадар калон, мувофиқ барои зиндагии як ва ё ду нафар. Деворҳои ҳуҷра гачкорӣ шудаву Ҳоҷӣ дар тамоми чор девори ҳуҷра 62 навъи хати исломиро бо қалами худ басо зебо китобат карда будааст. Мазмуни матнҳои интихобкардашудаи китобат низ дилчаспу назаррабо, матнҳо аз шоҳбайтҳои ҷудогонаи бузургони адабиёти гузаштаи тоҷик ва аз гулчини абёти худи Ҳоҷӣ Ҳусайн будаанд.
С. Султон бо таассуф ёд меорад, ки бо омадани Ҳукумати Советӣ мадрасаи Турсунҷон ба хобгоҳ табдил ёфта, ҳуҷраи Ҳоҷиро ба як марди тотор қисмат  мекунанд. Ӯ амале ношоиста – чор девори пурнақшунигори ҳуҷраро сафед ва ҳамаи он хатҳои зеборо зери оҳак мемонад.
Донишманди асил назди котиби комитети партиявии шаҳри Бухоро рафта аз ин боб сухан мекушояд. Аммо котиб дар холӣ кардани ҳуҷра кундӣ мекунад. Мавсуф назди котиби ҳизбии вилояти Бухоро даромада, дар ин мавзӯъ суҳбат меорояд, ки ҳуҷраи мазкур дорои олами зебои санъати хаттотист. Котиб амр медиҳад, то аҳли хонадони он марди тоторро ба ҳуҷраи дигар кӯчонанд.
Сайидумари Султон амали некро бо ин анҷомёфта наҳисобида бо маслиҳати пирони некдили Бухоро шустагареро меёбанд. Шустагар чор девор ва сақфи ҳуҷраро бо дорувориҳои сеҳрноки худ моҳирона мешӯяд. Ҳуҷра мисли асли қадим ба  гулзори олами зебои санъат мубаддал мегардад.
Пажӯҳишгари ғамхор ором нагирифта, ба дари ҳуҷраи ин олами зебоӣ қулф зада калидашро бо худ мегирад ва калиди дигарро ба шуъбаи муҳофизати ёдгориҳои таърихии комиҷроияи вилояти Бухоро медиҳад. Дар пештоқи дари ҳуҷраи Ҳоҷӣ матни «Ин ҳуҷра ёдгории таърихӣ аст, аз тарафи давлат муҳофизат мешавад» - ро нигошта, меосояд.
Инак аз кӯшиши нахустин – чопи ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайн бо ҳуруфи кириллӣ 59 сол сипарӣ шуд. Хушоянд аст, ки соли 2019 «Куллиёт» - и орифи бузурги тоҷик бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маслиҳату ёрии кошифи Ҳоҷӣ Ҳусайн дар асри XX, пажӯҳишгари забардаст Сайидумари Султон ва гурӯҳи шоирону ноширон бо теъдоди 5 000 нусха тавассути нашрияи «Адиб» чоп шуд ва он дастраси умум гардид.
 
Умари ШЕРХОН,
адиб
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2021    №: 141    Мутолиа карданд: 564
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед