logo

иҷтимоиёт

ВАҚТЕ МАРД ДАСТИ САХО ДОРАД...

 

Дар водии Вахш соҳибкори муваффақ, ҷавонмарди сахопеша ва ғамхору меҳрубон, марди дарёдил Нусратулло Файзуллоевро аксар мешиносанду барои хизматҳояш арҷ мегузоранд. Аз саховатмандиҳояш ҳарф мезананд. 
Мегӯянд, ки Нусратулло як пагоҳӣ, вақте ки аз деҳаи Тутбулоқи ноҳияи Данғара мегузашт, дар роҳ бо се - чор нафар сокини деҳа ҳамсуҳбат мешавад. Аз мушкилоти беобии деҳотиён огоҳ мегардаду рӯзи дигар сад дона зоғнӯл оварда, мардумро ба ҳашар мехонад. Лӯлаҳои обгузар ва сементу қум меорад. Мардум аз ин иқдоми хайрхоҳонаи Нусратулло хело шод гаштанд ва дар муддати се ҳафта аз масофаи 7 километр хати оби нӯшокӣ кашида, деҳаро шодоб намуданд.
Ӯ аз соли 2000-ум сар карда ҳамасола дар ҷашнҳои наврӯзӣ дар баробари ёрии хайрхоҳона ба оилаҳои ниёзманд, хатнасури кӯдакони ятиму бепарасторро созмон дода, барояшон аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои зиёд фароҳам меорад. Инчунин, дар варзишгоҳи «Пахтакор» - и шаҳри Бохтар ва деҳаҳои доманаи талҳои ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён мусобиқаи гӯштини миллӣ ташкил мекард, ки дар онҳо паҳлавонҳои номдор аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия ширкат меварзиданд.
Пас аз ҳодисаҳои солҳои 90 – уми асри ХХ дар шаҳри Бохтар корхонаву коргоҳҳои саноатӣ валангор шуда, аз фаъолият боз монда буданд. Нусратулло Файзуллоев иқдом пеша намуд, ки яке аз онҳоро аз нав эҳё намояд. Бо ин мақсад ӯ Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Ресанда» - ро созмон дод ва якҷоя бо Ҷамъияти масъулияти маҳдуди кореягӣ «Кота-глобал» шартномаи ҳамкорӣ баста, корхонаро ба кор даровард. Инак, қариб се сол аст, ки корхонаи мазкур фаъолияти густурда дошта, зиёда аз 30 намуди маҳсулот истеҳсол мекунад. 
Боиси ифтихор буд, ки дар ифтитоҳи корхонаи «Ресанда» Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд. Дар корхона зиёда аз 200 нафар духтарони шаҳру деҳоти наздик бо кор таъмин  буда, бо таҷҳизоти замонавӣ, мошинаҳои дӯзандагӣ барои хонандагон, хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамшираҳои тиббӣ аз маҳсулоти ватанӣ либос омода месозанд. Инчунин, дар назди корхона коргоҳи чопи маводи калонҳаҷм фаъол аст, ки маҳсулоти он шоҳроҳ, бино ва кӯчаҳои Бохтар ва ноҳияҳои наздикро бо маводҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» оро медиҳанд. Риштаи пахтагини корхона дар хориҷи кишвар низ талабгори зиёд дорад.  
Нусратулло Файзуллоев дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо бародаронаш дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара меҳмонхона, ҳаммом, кошонаи ҳусн, коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази савдо сохта, ба истифода додаанд. Чунин иқдомҳои созандаи онҳо дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар низ амалӣ гардида, даҳҳо ҷойҳои нави корӣ фароҳам овардаанд.  
 
Музаффар  МУРОДОВ,        
бойгоншиноси дастгоҳи
раиси   вилояти   Хатлон   

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2021    №: 141    Мутолиа карданд: 834
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед