logo

маориф

Бовари кас намеояд, ки... Вазъи таълим дар мактабҳои мусиқӣ ба ин андоза ташвишовар аст

Сабки нотанависӣ ё сабти оҳанг дар нота агарчи асри XIV дар Ғарб ба вуҷуд омад, дар ҷумҳурии мо охири солҳои 20-уми садаи XX роиҷ гашт. Агар ниёкони мо  ин услуби нотанависиро медоштанд, имрӯз аз мусиқии воломақоми Борбаду устод Рӯдакӣ ва мутрибону ҳофизони мумтози гузаштаамон бенасиб намемондем.
 Соли 1929 дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурӣ  таълими мусиқӣ тавассути нота ҷорӣ шуд. Ҳамон сол дар шаҳри Хуҷанд нахустин  техникуми мусиқӣ - театрии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ ба кор шурӯъ  кард ва баъди 4 сол мактаби бачагонаи мусиқии рақами 1 дар назди ҳамин техникум ташкил шуд. Соли 1935 дар ин муассисаҳо ҳудуди 500 нафар аз ҳамаи  намудҳои созҳо сабақ мегирифтанд.
Дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира) соли 1937 мактаби бачагонаи мусиқии рақами 1 ба номи П.Чайковский ва соли 1945 омӯзишгоҳи мусиқӣ таъсис ёфт. Чунин мактабҳои бачагонаи мусиқӣ дар  шаҳрҳои Хоруғ ва Чкалов (1958), Қӯрғонтеппа (1960), Кӯлоб (1961) низ кушода шуданд. Миқдори онҳо дар ҷумҳурӣ алъон ба 86 мерасад. Яъне қариб,  дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар мактабҳои бачагонаи мусиқӣ  амал мекунанд, ки онҳо  зинаи якуми таълими мусиқиро фаро мегиранд. Агар зинаи аввал - поя устувору рост набошад, ба қавли Шайх Саъдӣ: «То Сурайё меравад девор каҷ».
Мактабҳои мусиқӣ дар тарбияи мутахассисон нақши муҳим мебозанд. Вале ҳоло гуфта наметавонем, ки аксари ҳунарпешагони соҳибихтиcоси ҳирфаии ҷумҳуриамон дастпарварони ҳамин мактабҳоянд.
Ҳадафи дигари таъсиси мактабҳои бачагонаи мусиқӣ  ҷалби ҳар чи бештари хонандагон ба андӯзиши саводи мусиқист, чаро ки  мусиқӣ ҳам як воситаи тарбия аст. Мегӯянд, ки «Мусиқӣ табиати инсонро нармтар месозад». Агар чунин аст, бояд мо дар мавриди фаъолияти мактабҳои бачагонаи  мусиқӣ  саҳлангор набошем.
 Бо таъсиси ин гуна мактабҳо дар ҷумҳурӣ масъалаи бо созҳои мусиқӣ, китобу дастурҳо ва репертуари таълимӣ таъмин намудани онҳо ба миён омад. Ин масъулиятро дар ибтидо омӯзгорон ба ӯҳда доштанд, агарчанде дар созҳои  нафасию торӣ маводи таълимии асарҳои оҳангсозони Ғарб истифода мешуд. Барои созҳои миллӣ мебоист китобҳои дарсӣ ва оҳангҳои халқиро ба нота сабт намуда, асарҳои тоза эҷод менамуданд. Нахустин китоби дарсӣ бо унвони «Дарси рубоб» (муаллифаш Ҷ. Обидпур) соли 1969 рӯйи чопро дид. То солҳои 80-уми асри XX дар ҷумҳурӣ ҳамаи созҳои мусиқӣ бо репертуару дастурҳои таълимӣ таъмин гаштанд. Барои истеҳсоли созҳои миллӣ фабрикаи «Армуғон» сафарбар шуд. Он давра барои хонандагони мактабҳои бачагонаи мусиқӣ рубобу ғижжакҳои нисбатан хурд, барояшон мувофиқ месохтанд. Алъон мактабҳои мусиқӣ чӣ вазъ доранд?
Чанде пеш мо, муаллифони ин сатрҳо бо  вазъи мактабҳои мусиқӣ дар ҷумҳурӣ шинос шудем. Хуб аст, ки мактабҳои мусиқии рақамҳои 1-и шаҳрҳои Чкалов, Хуҷанд, Панҷакент, Ваҳдат, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва чанде дигар  ба талаботи имрӯза ҷавобгӯянд. Ва дар онҳо  созҳои мусиқӣ, аз ҷумла фортепиано, созҳои миллӣ, созҳои торию нафасӣ дар ҳолати хуб нигоҳ дошта мешаванд. Таълим низ  хуб ба роҳ монда шудааст. Вале дар аксарияти мактабҳо вазъ дигар аст.
Дар бештари мактабҳои бачагонаи мусиқӣ мутахассисон ва омӯзгорон маълумоти касбӣ надоранд. Ҳол он ки дар ин мактабҳо бояд хатмкардагони коллеҷҳои санъат ё консерватория дарс гӯянд.  Онҳо на барномаи таълимӣ доранду на китобу дастурҳои методӣ (ғайр аз барномаи синфи ғижжак). Он китобу дастурҳои таълимие, ки то соли 1990 таълиф шуда буданд, фарсудаву корношоям гардидаанд. Ба сабаби набудани барномаҳои таълимӣ муаллимон мувофиқи фаҳмиши  худ  барномаи фардӣ тартиб додаанд, ки ба талабот ҷавобгӯ нест.
Мушкили дигар нарасидани созҳои мусиқӣ ва дар фурӯш набудани тор барои созҳост. Омӯзгорон бо созҳои шахсиашон дарс мегузаранд, вале шогирдон сози шахсӣ надоранд, ки дар хона вазифаи додаи устодро то дарси дигар машқ  кунанд. Шогирдон ҳамагӣ ҳафтае ду маротиба ба  дарс меоянд. Илова бар ин  сози фортепиано, ки дарси фанҳои солфеҷо ва назарияи мусиқӣ бо он гузаронида мешавад, ноҷӯру кубакҳои забонакҳояшон корношоям шудаанд. Дарс бо чунин созҳои ноҷӯр  ба  сомеаи бачаҳо зиён меорад. Аз набудани мутахассиси сози фортепиано дарсҳои консертмейстерӣ ва фортепианои умумӣ, ки  мусиқишунавоии бисёровозаро дар хонандагон тарбия мекунад, баргузор намешаванд. Бар замми ин омӯзгорон  саводи баланди касбӣ  надоранд. Бинобар ин таълими созомӯзӣ ба таври  худфаъолиятӣ гузаронида мешавад.
Дар мактаби бачагонаи санъати  ноҳияи Ховалинг, директори мактаб Саймуҳаммад Ҳафизов, ки Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси рубоби прима хатм намудааст, аз фортепианои махсус ва аккордеон дарс мегузарад. Чунин мисолҳо кам нестанд.  
Қариб дар ҳамаи мактабҳои бачагонаи мусиқӣ  шӯъбаи анъанавӣ кушодаанд, ки бо шогирдон бе нота (бе саводи мусиқӣ) дарс мегузаранд. Дар ин шӯъба на барнома ҳасту  на ягон дастури таълимӣ. Он наво ё оҳангеро, ки муаллим худ медонад, ба шогирдон ёд медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мутахассисе нест, ки оҳангҳои халқӣ ва оҳангсозони ниёзмандро ба нота сабт намояд.   Ва   кам нестанд шумораи мактабҳое, ки 15-20 сол боз рӯи таъмирро надидаанд. Деворҳо кафидаву  андоваҳо рехта. Синфҳо бо дастурҳои аёнӣ ороиш наёфтаанд. Бовари кас намеояд, ки дар чунин мактабҳо дарси мусиқӣ мегузаранду ба бачаҳо касб меомӯзанд.
Гарчанде ки дар «Консепсияи рушди фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон» боби VII оид ба санъати мусиқӣ аммо дар таълими мусиқӣ беҳбудӣ ба назар намерасад. Танҳо моҳонаи омӯзгорони ин соҳа андак баланд бардошта шуду соатҳои дарсҳои фардиро зиёд карданд, ки  ин  амал ба касбомӯзӣ мувофиқ нест. Шумораи шогирдон зиёд мешаванд, вале сифати дарсомӯзӣ паст мегардад.
Мактабҳои бачагонаи мусиқӣ дар тавозуни буҷети маҳаллӣ қарор доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 «Барномаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015»-ро қабул кард. Яке аз вазифаҳои ин барнома таъмини ҳамкории самарабахши мутақобилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои фарҳангу санъат ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии он мебошад. Дар қисми III барнома, яъне рушди санъати мусиқӣ,  фақат барои таҳия ва нашри нотаҳо, маҷмӯаҳову рисолаҳои илмӣ оид ба мусиқӣ соли 2008 - 92 ҳазор ва 2009 - 23 ҳазор сомонӣ пешниҳод гаштаанду  халос.
Мусиқӣ яке аз  пояҳои устувори кохи санъати миллат маҳсуб меёбад. Агар ба тарбияи мусиқии мактаббачагон имрӯз аҳамият надиҳем, баъд аз 10 сол шоҳиди харобии ин кох мегардем.
Мутаассифона, иддае аз раисони шаҳру ноҳияҳо дар мавриди иҷрои Барномаи мавҷуда оид ба рушди мусиқӣ дар мактабҳо хунукназарӣ зоҳир мекунанд. Хуб мебуд, ки барои иҷрои он комиссияи босалоҳият таъсис меёфт, то вазъи таълими мактабҳои бачагонаи мусиқиро санҷад.  Ҳамчунин барои   сохтани созҳои миллӣ фабрикаи «Армуғон» бояд ба кор дароварда шавад.

Ҷӯрахон ОБИДПУР,
профессор,  мудири шӯъбаи муассисаҳои
таълимии Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот,
 Назокат ҚЛИЧЕВА,
муовини директор
оид ба корҳои илмии ҳамин пажӯҳишгоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5501
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед