logo

Хабарҳо

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Мир24. Созмони ҳамкории Шанхай ҳашт кишварро муттаҳид мекунад. Ҳудуди умумии онҳо беш аз 34 миллион километри мураббаъ, яъне 60 дарсади қаламрави АвруОсиёро ташкил медиҳад. Шумораи умумии аҳолии кишварҳои СҲШ тақрибан се миллиарду 400 миллион нафар  мебошад, ки ин нисфи аҳолии кураи Замин аст.
Созмони ҳамкории Шанхай 20 сол қабл дар заминаи "Панҷгонаи Шанхай" таъсис ёфта, айни ҳол, тақрибан аз се яки ММД ҷаҳон, 60 дарсади ҳудуди АвруОсиёро ташкил медиҳад. Ҳашт давлати узв, чор кишвари нозир ва шаш шарики муколама. СҲШ неруи муҳими созанда дар ҳалли масъалаҳои АвруОсиё ва байналмилалӣ гуфта мешавад.
Афзалиятҳои СҲШ: амният, мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир. Бар хилофи блокҳои низомӣ-сиёсӣ, ин ташкилот ҳеҷ гоҳ ба ягон давлат ва иттиҳодия муқобилият накардааст. Ҳама машқҳои низомӣ дар дохили созмон гузаронда мешаванд.  Кишварҳои узви СҲШ дахолат ба умури дигар давлатҳоро зери ниқоби мубориза бо терроризм ғайри қобили қабул медонанд.  
 
 
Афғонистон аз маҳви қариб 200 ҷангҷӯ хабар дод
CentralAsia (KG). Вазорати мудофиаи Афғонистон хабар медиҳад, ки  давоми рӯзи гузашта неруҳои давлатӣ тақрибан 200 ҷангҷӯи ҳаракати «Толибон» - ро ба қатл расонданд.
«Яксаду наваду як террористи «Толибон» кушта ва 154 нафар маҷрӯҳ шуд", - омадааст дар изҳорот.
Дар Афғонистон байни неруҳои ҳукуматӣ ва ҳаракати «Толибон», ки қаламравҳои назаррасро дар деҳот забт кардаву ба шаҳрҳои калон ҳамла мекунанд, муқовимат ба амал меояд. 
Ноамнӣ дар пасманзари хуруҷи низомиёни ИМА аз Афғонистон афзоиш меёбад.  
 
 
Канслери Олмон ба Амрико сафар мекунад  
ТАСС. Эҳтимол меравад, ки имрӯз Ангела Меркел, Канслери Олмон, бо охирин сафари муҳими сиёсати хориҷии худ ба ҳайси Роҳбари Ҳукумати  Ҷумҳурии Федералии Олмон ба Вашингтон ташриф меорад. Дар ин сафар ӯ бо Президенти ИМА Ҷо Байден гуфтушунид анҷом медиҳад. Ҳадафи сафар такони нав ба рушди муносибатҳои Олмон ва Амрико мебошад, ки дар давраи президентии Доналд Трамп ба таври ҷиддӣ халалдор шуда буданд ва ихтилофи назарро аз рӯи як қатор масъалаҳо, алахусус дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ – 2” бартараф карданӣ аст.  
 
 
СҶТ: “Дар ҷаҳон мавҷи сеюми пандемия оғоз ёфт”
Мир24. Ҷаҳон дар марҳилаҳои аввали мавҷи сеюми пандемияи коронавирус қарор дорад. Дар ин бора директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Геб-рейесус изҳор дошт,- менависад АИР “Новости”.
«Ҳафтаи гузашта чорумин ҳафтаи пайдарпай буд, ки сатҳи сироятёбии COVID-19 дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфт. Пас аз даҳ ҳафтаи коҳиш, сатҳи фавт низ меафзояд ”, - гуфт Гебрейесус. 
Ба гуфтаи ӯ, бад шудани вазъи эпидемиологиро дар ҷаҳон штамми нави “делта” ба амал меорад. Варианти “делта” айни замон дар 111 кишвар сабт шудааст ва ба зудӣ бартарӣ хоҳад ёфт.
Директори генералии СҶТ таъкид кард: “Дар кишварҳое, ки сатҳи баланди эмгузаронӣ доранд, вазъ тадриҷан ба эътидол меояд ва сатҳи фавт коҳиш меёбад. Аммо, дар ҷаҳон ҳанӯз ҳам нобаробарӣ дар робита бо дастрасӣ  ба ваксина вуҷуд дорад”.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 799
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед