logo

Хабарҳо

347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

13 - 14 июли соли равон 347 сокини қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла 91 мард, 77 зан, 177 ноболиғ (64 писар, 113 духтар) барои ҳифзи ҷони худ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳаракати «Толибон», хати сарҳади давлатиро дар минтақаи Ҷамоати деҳоти Қизил - Работи ноҳияи Мурғоб убур намуда, вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. 
Ҳангоми гузаштан аз сарҳади давлатӣ 2 ноболиғи то 2 - сола фавтиданд. Дар ин бора маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сарҳадбонони тоҷик бо риояи принсипи инсондӯстӣ ва робитаи неки ҳамсоягӣ ба гурезагони иҷбории афғон барои воридшавӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд.
Айни замон гурезагони афғон дар мавзеъҳои Чоштеппа ва Дуютуки Ҷамоати деҳоти Қизил-работи ноҳияи Мурғоб қарор доранд.
Зимни ворид гаштани гурезагон ба марзҳои Тоҷикистон аз шаҳрвандони Афғонистон беш аз 3,5 килограмм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид.
Вазъият дар минтақаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.
 
 
Вохӯрии Рамазон Раҳимзода  бо роҳбари Маркази байналмилалии 
зиддитеррористии «Ҳедая»
Дар мулоқоти вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рамазон Раҳимзода бо раиси Кумита оид ба мудофиа, корҳои дохилӣ ва хориҷаи Шӯрои милии Федералии Амороти Муттаҳидаи Араб, ҳамзамон, роҳбари Маркази байналмилалии зиддитеррористии «Ҳедая» Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳар ду кишвар дар мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, терроризм, экстремизм ва дигар паҳлуҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.
Рамазон Раҳимзода изҳор дошт, ки равобити дуҷониба аз муносибатҳои дӯстонаи роҳбарони ҳар ду давлат маншаъ гирифта, ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро фаро мегирад.
Дар навбати худ Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ зикр намуд, ки Амороти Муттаҳидаи Араб кӯшиш менамояд, ки дар тамоми самтҳо ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам ривоҷ бахшад. Зеро дӯстии  мардуми Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб решаи амиқи таърихӣ дошта, ин муносибот дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид.
 
 
Иди Қурбон 20 июл таҷлил мешавад
20 июли соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил мешавад.  Дар ин бора қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Тибқи қарори мазкур, 20 июл, соати 6:30-и субҳ дар масҷидҳои ҷомеи мамлакат намози ид баргузор мешавад.
Дар қарор Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, аъзои шӯро ва имомхатибонро даъват намудааст, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳо - сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон - табақаи ниёзманди ҷомеа ва рушду шукуфоии давлати азизамон саҳм гузоранд.
 
 
COVID - 19
47 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд
Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 47 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин, 19 нафар пас аз муолиҷа солим гардонда шуданд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 14 июл дар кишвар 13958 гирифтори коронавируси нав қайд гардида, аз ин шумора то санаи зикргардида 13600 нафар (97,4%) шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 838
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед