logo

сиёсат

БОЗДИДИ САРВАРИ ДАВЛАТ АЗ ОТРЯДҲОИ САРҲАДИИ НОҲИЯҲОИ ПАНҶ ВА МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

16 июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳали будубоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва тайёрии ҷангии қисму воҳидҳои низомии ин сохтор дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии гарнизони Хатлон шинос гардида, бо ҳайати захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудии вилоят як қатор суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд. 
 
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз пойгоҳи отряди сарҳадии ҳудуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон оғоз гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази баргузории чорабинӣ, ки дар он зиёда аз 2 ҳазор нафар ҳайати шахсии ҷузъу томҳои сарҳадӣ ва захираҳои сафарбарӣ саф кашида буданд, ташриф оварданд.
Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори отряди сарҳадии Панҷ подполковник Дониёр Файзуллозода оид ба омодагии ҷузъу томҳо гузориш дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсӣ оид ба комёбиву дастовардҳои беназири Истиқлоли давлатӣ, инчунин, таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вазъи имрӯзаи сарҳади давлатӣ ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо суханронӣ карданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи афсарону сарбозонро, ки марзу буми давлати соҳибистиқлоламон, амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистонро содиқона ҳимоя менамоянд, ба ифтихори ҷашни дарпешистодаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки волотарин меъёри ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол – ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он мебошад.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар симои ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони фидокори Ватани маҳбуби худро мебинанд.
Вобаста ба авзои кунунии давлати ҳамсояи Афғонистон Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин давлати ҳамҷавор на танҳо барои амнияти кишвари мо, балки дар таъмини бехатарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва гузашта аз ин, Иттиҳоди Аврупо аҳамияти махсус дорад.
Имрӯзҳо авзои ҳарбиву сиёсии кишвари ба мо ҳамсоя - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла вилоятҳои Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, ниҳоят мураккаб мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, аз афсарону сарбозони сарҳадбон ҳушёриву зиракии доимӣ, масъулияти баланд ва омодабошии ҳамешагиро тақозо менамояд.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки ҳар як афсару сарбоз вазифаҳои бисёр мушкилу масъулиятноки ба зиммааш гузоштаи давлат ва халқи Тоҷикистонро минбаъд низ бо ҳисси баланди миллӣ, ҷасорату матонат ва далериву шуҷоат иҷро мекунанд.
Баъд аз анҷоми суханронӣ бо амри сардори отряди сарҳадӣ гузашти низомии ҷузъу томҳо ва қувваҳои эҳтиётӣ оғоз гардид.
Дар гузашти низомӣ хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва қувваҳои эҳтиётӣ ё худ захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, ки шумораи умумии онҳо, дар маҷмӯъ, беш аз ду ҳазор нафарро ташкил медиҳад, иштирок намуданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои нахустини таъсиси Артиши миллӣ, бо вуҷуди вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ, бунёди инфрасохтори зарурӣ, таҷҳизондани қисмҳои ҳарбӣ, пуррагардонии сафҳои артиш бо афсарони касбиву кадрҳои баландихтисоси низомӣ ва баланд бардоштани омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд.
Зеро артиш ё худ қувваҳои мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардуми он ба ҳисоб меравад.
Баъд аз анҷоми гузашти низомии ҷузъу томҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати захираҳои сафарбарӣ суҳбат доир намуданд.
Зимни суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати қувваҳои эҳтиётӣ изҳор доштанд, ки чун захираҳои сафарбарӣ барои ҳимояи ҳар зарра хоки поки Ватан доим тайёранд ва дар ҳама гуна вазъият, бо гирифтани аввалин бонги хатар дар ҳамоҳангӣ бо Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба хотири ҳифзи давлат ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми он дар паҳлуи Сарвари ғамхори худ ва халқи шарафманди диёр қарор мегиранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз вохӯрию суҳбатҳои самимӣ бо афсарону сарбозон ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ бо маҷмӯи мухталифи техникаҳои гуногуни ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангии ҷузъу томҳои отряд шинос гардиданд.
Зимни шиносоӣ бо вазъи маишиву хизматӣ ва таъминоти ҳайати шахсӣ бо маводи хӯрокворӣ, сарулибоси низомӣ ва дигар амволи шайъӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагии ёрирасони отряди сарҳадии Панҷ боздид карданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар тобеияти отряди сарҳадии мазкур чор гектар замини хоҷагии ёрирасон мавҷуд аст, ки ҳайати шахсӣ дар он зироатҳои гуногун кишта, ҳамасола ҳосили хуб ҷамъ меоваранд. Маҳсулоти бадастомада барои таъмини ҳайати шахсӣ бо озуқаворӣ ва серғизо намудани хӯроки онҳо мусоидат менамояд.
Бо ҳамин боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз отряди сарҳадии Панҷи вилояти Хатлон ба анҷом расид.
Боздиди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи тайёрии ҷангии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон идома ёфт.
Тибқи ишораи бонги хатар ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбии ин минтақа, ки шумораи онҳо беш аз ду ҳазор нафар буд, дар майдони фурудгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон бо техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҳозиразамон саф оростанд.
Баъд аз садо додани Суруди миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, доир ба вазъи ноустувори минтақа ва ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои воқеӣ, тайёрии ҳамаҷонибаи ҳайати шахсӣ, сафарбарӣ ва идораи қӯшунҳо, аҳамияти ҷалби захираҳои эҳтиётӣ, дар ҳолати омодабош қарор додани ҳама намуди силоҳу муҳимоти ҳарбӣ ва техникаҳои ҷангӣ, ҳушёриву зиракии сиёсиву низомӣ ва, муҳимтар аз ҳама, барои пойдории сулҳу субот содиқонаву софдилона хизмат намудан ба сарзамини аҷдодӣ андешаронӣ намуданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон ҳамаи афсарону сарбозонро ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик карданд.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба афсарону низомиён муроҷиат карда, изҳор доштанд, ки ҳар яки шумо бояд интизоми ҳарбиро ба таври қатъӣ риоя намоед, доим ҳушёру зирак бошед ва нагузоред, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор фазои орому осудаи Ватан ва зиндагии осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистонро халалдор созанд.
Баъд аз суханронии Сарвари давлат гузашти низомии афсарону сарбозон ва хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ доир гардид.
Дар идомаи сафар ва шиносоӣ бо вазъи омодагии ҷузъу томҳо ва захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудӣ Сарвари давлат аз шароити хизмативу маишӣ, таълимӣ ва пойгоҳҳои моддиву техникии афсарону сарбозон боздид ба амал оварданд.
Қобили зикр аст, ки барои баланд бардоштани қудрати мудофиавии кишвар, тақвият бахшидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ва, дар маҷмӯъ, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло тамоми қисмҳои низомӣ бо техникаву лавозимоти ҳозиразамони ҳарбӣ, заминаи хуби моддиву техникӣ ва дигар шароити муосири хизмативу таълимӣ ва маишӣ таъмин шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз отряди сарҳадӣ ва ҳангоми шиносоӣ аз намоишгоҳи муҳимоти ҳарбӣ ба ҳайати роҳбариву фармондеҳии сохторҳои низомии мамлакат доир ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси низомӣ ва сайқал додани таҷрибаи доимии афсарону сарбозон супоришҳои мушаххас доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2021    №: 142    Мутолиа карданд: 1231
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед