logo

Хабарҳо

Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

Дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Ҳадафи ҳамоиш густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ, ба ин васила рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии имконоти сайёҳӣ буд. 
Дар мулоқот  намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, роҳбарони Кумитаи рушди сайёҳӣ, Палатаи савдо ва саноат, Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти сайёҳии Россия, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Покистон иштирок намуданд.
Роҳбарони мақомоти сайёҳии СҲШ масъалаҳои марбут ба  тақвияти ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ,  лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои муштарак доир ба татбиқи Барномаи рушди ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2022 – 2023,  масъалаҳои барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар шароити фарогири пандемияи COVID – 19 -ро  баррасӣ намуданд.
 
 
Созҳои мусиқӣ - муаррифгари фарҳанги миллӣ
Таҳти  чунин  унвон  аз  15  июл  то 1 август бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Душанбе дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши созҳои мусиқӣ доир мешавад. Дар он беш аз 300 сози гуногуни миллӣ, аз қабили наю сурнай, дутору думбра, карнаю шайпур, рубобҳои гуногун, сетор, шаштор, ҳафтор, дафу доира, таблу нағора, ки дар Осорхонаи миллӣ нигаҳдорӣ мешаванд, манзури бинандагон мегарданд.
Директори Осорхонаи миллӣ Аҳлиддин Ибодуллозода зимни ифтитоҳи намоиш иброз дошт, ки падид омадани найҳои устухонӣ аз ёдгории «Тахти Сангин» (асрҳои III-II то милод), кашфи тасвири рубобҳо дар сангнигораҳои ноҳияи Ишкошим (асри I милодӣ, тасвири навозандагони чанг ва буқ аз ёдгории «Панҷакенти қадим» (асрҳои V-VIII), тасвири ансамбли мусиқачиёни руду чанг аз Уструшан (асрҳои VII-IX), тасвири навозандаи чанг ва рубоби камонӣ аз ёдгории «Ҳулбук» (асрҳои IX-X) ва амсоли инҳо далели қадима будани созҳои мусиқии тоҷикон маҳсуб мешаванд.
Дар қисми дигари намоиш созҳои мусиқии устодони санъати тоҷик, инчунин, созҳои мусиқии дар даврони истиқлолият сохташудаи устодони моҳири кишвар пешниҳод шуданд, ки аз рушди ҳунари созтарошӣ дар ин давра дарак медиҳанд. 
 
 
Бо мусоидати Тоҷикистон зиёда аз 10 миллион рубл қарзи музди меҳнати муҳоҷирон дар Россия пардохт шуд
Соли равон бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират зиёда аз 10 миллион рубл маблағи қарзи музди меҳнати муҳоҷирон аз ҷониби корфармоён пардохт карда  шуд. Дар ин бора масъули бахши матбуоти намояндагии мазкур Каримҷон Салимзода хабар дод.
- Дар нимсолаи аввали соли равон ба намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия оид ба муҳоҷират аз ҷониби муҳоҷирон - шаҳрвандони Тоҷикистон 88 нафар барои баргардондани қарзи музди маошашон - 14544681 рубли русӣ баробар ба 2181702 сомонӣ муроҷиат намуданд. Дар ин давра аз ҷониби намояндагӣ 10950272 рубл, маблағи муҳоҷирон пардохт шуд. Намояндагӣ барои пардохти маблағи бақия, ки 3594409 рублро ташкил медиҳад, бо мақомоти Россия кор бурда истодааст, - афзуд К. Салимзода.
 
 
Муаррифии хӯрокҳои миллии давлатҳои узви СҲШ
Дар доираи баргузории вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай шоми имрӯз дар боғи Ирами шаҳри Душанбе  Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ ташкил мешавад.
Фестивал бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил шуда, аз он роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ  ва сокинону меҳмонони пойтахт боздид менамоянд.
Ҳадаф аз баргузории фестивал муаррифии анъана ва урфу одатҳои давлатҳои аъзои ин созмони бонуфуз, аз ҷумла таому хӯришҳои миллии тоҷикӣ, ба ҷаҳониён ва таҳкими ҳамкории сайёҳӣ мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1030
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед