logo

иҷтимоиёт

ҚАТРАЕ АЗ БАҲР

Ҳама ин ҳақиқатро якдилона хуш пазируфтанд ва ҳам ба такрор иброз медоранд, ки муҳимтарин, беҳтарин дастоварду комёбии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хатари нестӣ наҷот додани давлатдории тоҷикон буд. Сарвари давлат худ низ таъкид доштааст, ки ин масъала «масъалаи меҳварии таърихи дирӯзу имрӯзи мо ба шумор меравад».
Воқеан, агар фаъолияти пурсамар, ҷонфидоиҳо, заҳматҳои шабонарӯзӣ дуруст баррасӣ бигарданд, ба ин хулосаи бебаҳс омадан мумкин аст, ки ин ҳама ба масъалаи мазкур иртибот дорад ва минбаъд ҳам иртибот мегирад.
Ба хотир биорем, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонд. Дар ин маврид тасмими дурусту саривақтӣ гирифтан ва ҷонибҳоро ба ҳам овардан на танҳо мушкил, балки дар аксар маврид номумкин буд. Як бор дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон исрор шуд, ки 26 ноябри соли 1992 «Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон гардад. Дар ин хусус бо ҷонибдории  вакилони Иҷлосияи таърихӣ қарор қабул шуд, аммо тарроҳони ҷанг бо нақшаҳои худ ин умедро барбод доданд ва ба алангаи оташ равған рехтанд.
Дар чунин вазъи мураккаб масъулияти роҳбарӣ  ва хомӯш кардани оташи ҷангро танҳо вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон ба зимма гирифт. Ин маънои аз худ гузаштан, ҷонфидоӣ ба хотири пойдории миллат ва давлатро дошт. Барқарории сулҳу ваҳдат дар шароите ҳам, ки тамоми ниҳодҳои марказӣ ва давлатдорӣ пурра фалаҷ гаштаву низоми идоракунии давлатӣ аз миён рафта буд, мушкил бар мушкилҳо меафзуд.
Дар андак муддат ниҳодҳои давлатдорӣ эҳё ва барқарор гардиданд. Нишон ва Парчами давлатӣ қабул ва ба арзишҳои умумимиллӣ табдил ёфтанд. Нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол низ дар давраҳои нисбатан ноороми кишвар, яъне то 27-уми июни соли 1997, замони имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, қабул шуд. Ҳудуди як миллион гурезаро ба зодгоҳ, ба Ватан баргардонданд. Зарару хисорот даҳҳо миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Беш аз 150 000 нафар ҳамватанон дар ин ҷанг ба ҳалокат расиданд.
Танҳо дар охири соли 1997 имкон ва фурсати муносиб фароҳам гашт, ки барои бунёди муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, роҳҳо ва дигар иншоотҳо барномаҳо қабул гардиданд. Бо вуҷуди ин Сарвари давлат аз оғози фаъолияти роҳбарияш ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекард. Иқдому ташаббусҳои наҷибонааш имрӯз низ ниёз ба таҳлил, баррасӣ ва омӯзиш доранд. Ӯ ба иҷрои амалҳое бо ҷасорати том, дидани ояндаи дурахшон рӯ овард, ки пеш аз ин собиқа надошт.
Ҳанӯз оташи ҷанг хомӯш нагардида буд, ки Наврӯзро бо шукӯҳи хосса таҷлил менамуд. Ҷашни Истиқлоли давлатӣ низ дар сатҳи баланд, бо баргузории барномаҳои пурмуҳтавову ҷолиб доир мегардид.
Ба назди мардуми кишвар ва берун аз он дар шароите, ки амн пурра ҳукмрон набуд, мерафт ва суҳбату мулоқотҳо доир мекард, ба ояндаи неку дурахшони давлату миллат онҳоро бо дилпурӣ, қатъият умед мебахшид.
Дар як нафар ин ҳама неру, ин ҳама амалӣ намудани иқдомҳои неку созанда ҷамъ омада буданд. Ӯ бахшида тавонисту метавонад ва дӯст дошту дӯст дошта метавонад.
Дастовардҳо дигар ангуштшумор нестанд. Кишвар рӯз ба рӯз дар ҳоли пешрафту шукуфоӣ аст. Сулҳи овардаи ӯро бузургтарин мутахассисони ҷаҳонӣ меомӯзанд, дар ин қатор, албатта, иқдому ташаббусҳои наҷибонаашро низ.
Сарвари давлат дар рӯзҳои басо вазнину ҳалокатбор барои гуфтушунид, мулоқотҳо ба нуқтаҳои доғ рафтааст. Душманони миллат ба ҷонаш борҳо суиқасд ташкил карданд, аммо ҳар дафъа тирашон хок мехӯрд. Ноамниро бо ҳар роҳе дар манотиқи гуногуни кишвар эҷод мекарданд, аммо ҳеҷ ба мақсад намерасиданд.
Ҳар иқдому ташаббуси Сарвари давлат як мактаби бузурги омӯзишӣ маҳсуб мешавад. Бунёди роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, роҳу шоҳроҳҳои кишвар бо ҳамаи иншоотҳояш, нақбҳо, кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, сохтани маҷмаи Исмоили Сомонӣ дар пойтахти кишвар аз ин ҷумла мебошанд.
Аз иқдому ташаббусҳои нотакрораш маҳсуб мешавад, ки Иди миллии тоҷикон – Наврӯз дар сатҳи баланду омӯзанда ва ваҳдатсоз ҳамасола таҷлил мешавад.  Наврӯз пештар ин собиқаро надошт, ки бо навбат дар яке аз шаҳру ноҳияҳои кишвар таҷлил гардад.
Ба ин васила таъкид мекунад: «Наврӯз ҷашни озодагӣ ва озодагон аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо фаро расидани баҳор ба кишту кори баҳорӣ, шинондани ниҳолҳои гуногун, тоза кардани ҷӯйбору корезҳо ва ободу зебо гардондани маҳалли зисти худ ва ҳар ваҷаб хоки диёри зебоманзарамон шурӯъ менамоянд».
Як рӯз пеш аз ин ҷашн Сарвари давлат бо намояндагони аҳли зиё мулоқот доир мекунад. Агар ба хотир биёрем, пештар зиёиён саъю талоши зиёд ба харҷ медоданд, то ба қабули роҳбари вақти кишвар ноил бигарданд ва масъалаҳои муҳимро ба миён бигузоранд, аммо ба натиҷаи дилхоҳ намерасиданд. Ҳолиё ин вохӯриву мулоқотҳоро худи Сарвари давлат доир мекунад ва бузургтарин масъалаҳоро ба хотири рушди давлатдориву пешрафти соҳаҳои гуногун, хосса илму фарҳанг, ба миён мегузорад, инчунин, барои иҷрояшон ҳеҷ гуна маблағро дареғ намедорад.
Рӯзи занонро бо пешниҳоди оқилонааш ба Рӯзи Модар табдил дод. Ҳамзамон, мақоми занро дар ҷомеа ба сатҳи баланд баровард.
Ба муносибати ин рӯзи фархунда тамоми модарону занонро бо паёми махсус шодбош мегӯяд, бо онҳо мулоқот доир менамояд.
Ба муносибати идҳои динӣ – Рамазон ва Қурбон ба мардуми кишвар паём ирсол мекунад ва дар ин  зимн онҳоро ба ҳифзи неъмати истиқлол, дӯстиву бародарӣ, дароз намудани дасти ёрӣ ба кӯдакони ятим, камбизоатон, пирони солхӯрда раҳнамоӣ месозад.
Ҳамасола 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тамоми манотиқи кишвар  чун муҳимтарин ва санаи сарнавиштсоз таҷлил мегардад.
Имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ сурат мегирад. Иҷрои ин иқдоми ҷиддиву муҳими Сарвари давлат пеши роҳи фасод ё худ амалҳои коррупсиониро гирифт, ба баланд шудани сатҳи дониши дохилшавандагон мусоидат намуд. Пешвои миллат зимни ҳар мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони шаҳру ноҳияҳои кишвар соҳибистеъдодонро пайдо намуда, барои таҳсилу фаъолияти пурсамарашон, сайқали маҳораташон ба пойтахти кишвар бо фароҳам овардани шароитҳои мусоид ҷалбу даъват менамояд. Ин мулоқоту вохӯриҳо, ҳамзамон, ба ҳалли мушкилоти мавҷуда бо тадбирандешиҳои дурусту саривақтӣ ҳалли худро меёбанд. 
Квотаи президентиро ҷорӣ кард, ки тавассути он аз маҳалҳои дурдаст духтарони деҳот имкони таҳсили ройгонро дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ пайдо карданд. 
Барои омода намудани мутахассисони барои кишвар муҳим як гурӯҳи донишҷӯён ба хориҷи мамлакат сафарбар мешаванд ва бо идрорпулӣ таъмин мегарданд. Сарвари давлат зимни сафарҳои расмиву корӣ фурсат пайдо карда, бо онҳо мулоқот доир мекунад ва барои таҳсилу зиндагияшон ёрӣ мерасонад. Аз ҷумла, дар мулоқот бо намояндагони диаспора ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Масква ҳанӯз 13 сол пеш, дақиқтараш 21 феврали соли 2008, иброз дошт: «Мо ба ҷониби Федератсияи Россия муроҷиат намудем, ки дар Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳҳои маъруфи Россия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Мос-ква, Донишкадаи энергетикии Москва ва Донишгоҳи саноати маъдани Санкт- Петербург кушода шаванд, ки онҳо, бешубҳа, ба тарбияи кадрҳои баладихтисоси миллӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии мутахассисони мо мусоидат хоҳанд кард».
Ҳамасола 1-уми сентябр баргузории Дарси сулҳ аз ҷониби Сарвари давлат ба ҳукми анъана даромад. Дар равиши ин дарс, ки бо навбат дар яке аз муассисаҳои таълимӣ сурат мегиранд, бо баёни мушкилоти мавҷудаи соҳаи маориф, баррасии вазъи сиёсии ҷаҳон дар ҳалли онҳо саҳм мегирад ва ҳам роҳнамоии дуруст мекунад. Таъкид медорад, ки бо таҳсили хубу намунавӣ зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳанд ва ба воқеоти рухдодаи атроф дуруст баҳо дода тавонанду дар доми фиреби ифротиён, ҷангҷӯён наафтанд.
Охирҳои моҳи сентябр Рӯзҳои Рӯдакӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар сатҳи баланду омӯзишӣ баргузор мегарданд. Ба ин восита мардум дар рӯҳияи худшиносӣ, гиромидошти шахсиятҳои барҷаста ва оламшумули миллат тарбия меёбад. 
Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ба 5-уми октябр гузаронда шуд. Донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар имкон пайдо карданд, ки дар бошукӯҳ қайд кардани он саҳм бигиранд. Сарвари давлат бо ирсоли паёми шодбошӣ ва ҳам баромадҳои пурмуҳтаво моҳияти ин забону ҳифзу покиза нигоҳ доштани онро таъкид медорад. Барҳақ иброз дош-таву медорад: «Чунон ки мебинем, забон баёнгари сарнавишти халқи тоҷик буда, бо истиқлоли Ватан сахт пайванд дорад. Яъне, ҳар гоҳ Ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва истиқлол доштааст. Ва гоҳо дар ҳангоми мағлубиятҳои сиёсии халқамон забони мо бар забону фарҳанги ғолибон пирӯз гардида, ин мағлубиятро ҷуброн кардааст... миллат бе забони худ миллат нахоҳад буд». Танҳо бо дастур ва раҳнамоиву таваҷҷуҳи Пешвои миллат забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ, забони расмии идорӣ ва коргузорӣ шуд. Соли 2008-умро Соли забон эълон намуд. Ин нукта низ аз таъкидҳои Пешвои миллат мебошад: «... гиромидошти забони модарӣ, риояи ҳатмӣ ва бечунучарои Қонуни забон бояд ба одати ҳаррӯзаи  ҳар як фарди бонангу номус табдил ёбад».
Эълон ва таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Шашмақом (12 май) ва Рӯзи Фалак (10 октябр) ба рушди Шашмақому Фалак ва гиромидошту ҳифзи онҳо мусоидат кард.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатӣ ба ҳукми қонуну анъана даромад. Кишвари мо соҳиби парчами баланди барафрошта дар пойтахти кишвар гардид. Дар маркази дигар шаҳру ноҳияҳо низ майдонҳои Нишон ва Парчами давлатӣ бунёд ёфтанд.
Президенти мамлакат ба муносибати фарорасии Соли нав мардуми кишвари азизамонро табрик мекунад ва ҳамзамон, бо зикри дастовардҳои соли куҳан нақшаҳои фаъолиятро барои соли меомада баён медорад.
Пешвои миллат, инчунин, ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паём ироа медорад. Зимни он барои рушду пешрафти соҳаҳои гуногун, баргузории силсилаи чораҳои созандагиву бунёдкорӣ пешниҳодҳои муфид месозад.
Тавре зикр гардид, ин гуна иқдомҳову ташаббусҳо танҳо туфайли сарвариву бунёди навини давлатсозии ӯ ба вуҷуд омаданду амалӣ гардиданду ба ҳукми анъана даромаданд. Ин ҳама ёдовариҳо, воқеан, аз баҳр қатраест. Ҳеҷ кас дар алоҳидагӣ дигар наметавонад ҳатто як риштаи фаъолияти Сарвари давлатро ба пуррагӣ бозгӯ бикунад ва ё рӯи коғаз биёрад. Хушбахтона, инро мардум ба хубӣ дарк кардаанд, аз ин рӯ, бо муҳаббат истиқболаш менамоянд ва дар ҳар интихоботи президентӣ ба тарафдорияш раъй медиҳанд.
Албатта, ин иқдому ташаббусҳои бесобиқааш мавзӯи садҳо рисолаҳои илмӣ ва асарҳои бадеиву таърихӣ аст, ки дар оянда ҳатман таълиф мегарданд. Дар ин зимн асарҳои таълифкардаи Пешвои миллат, нутқу баромадҳо, суҳбатҳо мададгор дар кори мутахассисон, олимон ва адибон хоҳанд шуд. Шояд дар мавриди мазкур ин пурсиш пеш ояд, ки ин ҳама неру, рӯй овардан ба беҳтарину муфидтарин иқдому ташаббусҳо дар ӯ аз куҷост. Фикр мекунам, ки ин посух дар зеҳни ҳар нафари пурсанда роҳ меёбад: Аз фазлу карами Худованд ба Сарвари маҳбуби миллат ва мардумдӯстдор мебошад.
Пешвои миллат, дар ҳақиқат, ҳастияшро, донишу таҷрибаашро ба хотири пойдории давлату миллат, истиқлолу ваҳдат, шукуфоии кишвару зиндагии осоиштаву беҳтари мардумаш бахшид ва мебахшад.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2021    №: 143    Мутолиа карданд: 515
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед